Юҳанно боби 3

Мусоҳибаи  Исо  бо  Ниқўдимус.

  1. Дар байни фарисиён шахсе ки Ниқўдимус номдошт, аз сардори яҳудиён буд,
  2. Вай шабона назди Исо омада, гуфт:“Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро мўъҷизотеро, ки Ту нишон медиҳи, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад“.
  3. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад“.
  4. Ниқўдимус ба Ў гуфт:“Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?“.
  5. Исо ҷавоб дод:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: кас агар аз об ва Рўҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад:
  6. Он чи аз ҷасм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз рўҳ таваллуд меёбад, Рўҳ аст.
  7. Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед.
  8. Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рўҳ таваллуд ёфта бошад“.
  9. Ниқўдимус дар ҷавоби Ў гуфт:“Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?“
  10. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инҳоро намедонӣ?“
  11. „Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: Мо аз о чи медонем, сухан мегўем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед;
  12. Вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард?
  13. Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне ки Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст;
  14. Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад,
  15. То ҳар кӣ ба Ў имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.
  16. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дўст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ў имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.
  17. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки ҷаҳон ба воситаи Ў наҷот ёбад.
  18. Ҳар кӣ ба Ў имон варад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон овардааст.
  19. Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро аз рўшноӣ бештар дўст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст.
  20. Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рўшноӣ нафрат дорад ва пеши рўшноӣ намеояд, то ки яъмолаш ошкор нашавад;
  21. Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рўшноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст“.

Шаҳодати  охирини  Яҳьёи  Таъмиддиҳанда.

  1. Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба замини яҳудо омад ва дар он ҷо бо онҳо сокин шуда таъмид медод.
  2. Ва Яҳьё низ дар Энўн, ки дар наздикии Солим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисьёр буд, ва мардум омада, таъмид меёфтанд.
  3. Зеро ки Яҳьё ҳанўз дар зиндон андохта нашуд буд.
  4. Ва дар байни шогирдони Яҳьё ва яҳудиён дар масъалаи татҳир баҳсу мунозира рўй дод;
  5. Ва назди Яҳьё омада, гутанд:“Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Ўрдун бо ту буд, ва ту дар ҳққи Ў шаҳодат дода будӣ, ҳоло таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ў меоянд“.
  6. Яҳьё Дар ҷавоб гуфт:“Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад.
  7. Шумо худ шоҳидони ман ҳастед, ки гуфтам:’’Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ў фиристода шудаам’’.
  8. Касе ки арўс дорад, домод аст; аммо дўсти домод, ки истода, ба овози вай гўш медиҳад, аз шунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст;
  9. Ў бояд нашъунамо ёбад, ва ман завол ёбам.
  10. Он ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст; ва он ки аз замин аст, заминӣ бошад ва чун заминӣ сухан гўяд; Он ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.
  11. Ва он чи дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ўро қабул намекунад.
  12. Ва касе ки шаҳодати Ўро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо рост аст.
  13. Зеро Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегўяд; зеро Худо рўҳро бамизон ато намекунад.
  14. Падар Писарро дўст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ў додааст.
  15. Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s