Юҳанно боби 21

Исо  назди  кўли  Табария.

  1. Баъд аз он боз Исо дар соҳили баҳри Табария ба шогирдон зоҳир шуд. Зоҳир шуданаш ин тавр буд:
  2. Шимъўни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафар шогирдони Ў бо ҳам буданд.
  3. Ва Шимъўни Петрус ба онҳо гуфт:“Мехоҳам ба сайди моҳӣ биравам“. Ба вай гуфтанд:“Мо низ ҳамроҳи ту меравем“. Дарҳол рафта, ба қаиқ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд.
  4. Вақте ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исост.
  5. Исо ба онҳо гуфт:“Эй фарзандон! Оё назди шумо хўроке ҳаст?“ Ба Ў ҷавоб доданд:“Не“.
  6. Ў ба онҳо гуфт:“Тўрро ба тарафи ростӣ қаиқ биандозед, ва хоҳед ёфт“. Онҳо андохтанд, ва аз бисьёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд.
  7. Он шогирде ки Исо дўст медошт, ба Петрус гуфт:“Ин Худованд аст“. Чун Шимъўни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печон, чунки бараҳна буд, ва худро дар баҳр андохт;
  8. Ва шогирдони дигар бо қаиқ омаданд, зеро ки аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад зироъ, ва тўри пур аз моҳиро кашиданд.
  9. Ва чун ба хушкӣ баромаданд, оташи афрўхта ва моҳии бар он гузошташуда ва нонро диданд.
  10. Исо ба онҳо гуфт:“Аз он моҳие ки ҳозир сайд кардед, биёред“.
  11. Шимъўни Петрус рафта, тўрро пур аз моҳиёни бузург, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кашид, ва бо вуҷуди бисьёрии моҳӣ тўр надарида.
  12. Исо ба онҳо гуфт:“Биёед, хўрок бихўред“. Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ў бипурсад:“Ту кистӣ?“.Зеро медонистанд, ки ин Худованд аст.
  13. Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро.
  14. Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳьё шудандаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд.

Имтиҳони  Петрус  ва  ба  вай  баргардонидани  хизматгузории  ҳавворигӣ.

  1. Баъд аз хўрок хўрданашон, Исо ба Шимъўни Петрус гуфт:“Эй Шимъўн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дўст медорӣ?“ Ба Ў гуфт:“Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дўст медорам“ Ба вай гуфт:“Барраҳои Маро бичарон“.
  2. Боз бори дигар ба вай гуфт:“Эй Шимъўн ибни Юнус! Оё Маро дўст медорӣ?“ Ба Ў гуфт:“Оре, Худованд! Ту медонӣ, ки Туро дўст медорам“.Ба вай гуфт:“Гўсфандони Маро чўпони намо“.
  3. Ва бори сеюм ба вай гуфт:“Эй Шимъўн ибни Юнус! Оё Маро дўст медорӣ?“ Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид:’’Оё Маро дўст медорӣ?’’ ва ба Ў гуфт:“Худовандо! Ту аз ҳама чиз вофиқ ҳастӣ; Ту медонӣ ки Туро дўст медорам“. Исо ба вай гуфт:“Гўсфандони Маро бичарон;
  4. Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: вақте ки ҷавон будӣ, камаратро худат мебастӣ, ва ба ҳар ҷое ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин вақте ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз хоҳӣ кард, ва дигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳӣ, туро хоҳад бурд“.
  5. Чунин гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна фавт вай бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд:“Аз ақиби Ман биё“.
  6. Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исоро дўст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом ба сандуқи синаи Ў такья зада, гуфт:“Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?“
  7. Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт:“Худовандо! Оқибати ин чӣ хоҳад буд?“
  8. Исо ба вай гуфт:“Агар хости Ман бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз ақиби Ман биё“.
  9. Бинобар дар миёни бародарон чунин сухан панҳ шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки:“ Агар Хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?“.
  10. Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст.
  11. Боз бисьёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассал навишта шавад, ба гумонам, тамоми дуньё ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s