Эҳьёи Исо.
- Дар рўзи якшанбе, бомдодон, ки ҳаво ҳанўз торик буд, Марьями Маҷдаллия бар сари қабр омад ва дид, ки санг аз қабр бардошта шудааст;
- Вай дартоз назди Шимўни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо дўст медошт, омада, ба онҳо гуфт:“Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ўро куҷо гузоштаанд“.
- Дарҳол Шимъўни Петрус ва он шогирди дигар берун омада ҷониби қабр рафтанд.
- Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузашт ва аввал бар сари қабр омад,
- Ва хам шуда, кафанро гузошта дид; лекин ба дарун надаромад.
- Аз ақиби вай Шимъўни Петрус омада, ба қабр даромад ва кафанро гузошта дид
- Ва рўймолеро, ки бар сари Ў буд, на бо кафан, балки дар гўшае алоҳида печида дид.
- Он шогирди дигар, ки аввал бар сари қабр омада буд, низ ба дарун даромад, ва дид, ва имон овард.
- Зеро онҳо ҳанўз Навиштаро нафаҳмида буданд, ки Ў бояд аз мурдагон эҳьё шавад.
- Ва шогирдон ба хонаи худ баргаштанд.
Зоҳир шудани Исои эҳьёшуда ба Марьями Маҷдалия ва ба шогирдон.
- Аммо Марьям дар беруни қабр истода, гирья мекаард; ва чун мегирист, хам шуда, ба даруни қабр нигоҳ кард.
- Ва ду фариштаи сафедпўшро дид, ки дар он ҷое ки Ҷасади Исо гузошта шуда буд, яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пой нишаста буданд.
- Онҳо ба вай гуфтанд:“Эй зан! Чаро гирья мекунӣ?“ Ба онҳо гуфт:“Худованди маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ўро куҷо гузоштаанд“.
- Чун инро гуфт, ба ақиб рў овард ва Исоро истода дид; вале надонист, ки Ин Исост.
- Исо ба вай гуфт:“Эй зан! Чаро гирья мекунӣ? Киро ҷустуҷў мекунӣ?“ Вай ба гумони он ки ин боғбон аст, ба Ў гуфт:“Эй оғо! Агар ту Ўро бурда бошӣ, ба ман бигў, ки Ўро куҷо гузоштаӣ, то ки ман Ўро гирифта барам“.
- Исо ба вай гуфт:“Эй Марьям!“ Вай рў оварда, ба Ў гуфт:“Раббунӣ!“ яъне:’’Устод!’’
- Исо ба вай гуфт:“Ба Ман даст нарасон, зеро ки ҳанўз назди Падари Худ сууд накардаам; лекин назди бародарони Ман рафата ба онҳо бигў: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам“.
- Марьями Маҷдалия омада, ба шогирдон хабар дод, ки:“Ман Худовандро дидаам, ва ба ман чунин гуфт“.
- Бегоҳии худи ҳамон рўзи якшанбе, вақте ки шогирдон дар хонае ҷамъ омада, аз тарси яҳудиён дарҳои онро баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва ба онҳо гуфт:“Салом бар шумо бод!“
- Чун инро гуфт, дастҳо ва қабурғаҳои Худро ба онҳо нишон дод. Шгирдон Худовандро дида, шод гардиданд.
- Боз Исо ба оно гуфт:“Салом ба шумо бод! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам“.
- Чун инро гуфт, бар онҳо дамид ва гуфт:“Рўҳулқудсро пайдо кунед:
- Гуноҳи касеро, ки авф намоед, омурзида мешавад; ва касеро ки авф накунед, омурзида намешавад“.
- Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Экизак номида мешуд, вақте ки Исо омад, бо онҳо набуд.
- Шогирдони дигар ба вай гуфтанд:“Мо Худовандро дидаем“.Вай ба онҳо гуфт:“То дар дастҳои Ў ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои мехҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи Ў наниҳам, бовар нахоҳам кард“.
Исо ва Тумо.
- Баъд аз ҳашт рўз боз шогирдони Ў дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва гуфт:“Салом бар шумо бод!“
- Пас аз он ба Тумо гуфт:“Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дасти худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош“.
- Тумо дар ҷавоби Ў гуфт:“ Эй Худованди ман ва эй Худои ман!“
- Исо ба вай гуфт:“Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ: хушо касоне ки надида, имон меоваранд“.
- Боз бисьёр мўъҷизоти дигаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуд;
- Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исои Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ў ҳаёт ёбед.
© IBT 1992