Юҳанно боби 2

Тўи  арўсӣ  дар  Қонои  Ҷалил  ва  мўъҷизаи  аввалин.

  1. Дар рўзи сеюм дар Қонои Ҷалил тўи арўсӣ буд, ва модри Исо дар он ҷо буд.
  2. Исо ва шогирдонашро низ ба тўй даъват карда буданд.
  3. Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ў гуфт:“Шароб надоранд“.
  4. Исо ба вай гуфт:“Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанўз нарасидаст“.
  5. Модараш ба хизматгорон гуфт:“Ҳар чи Ў ба шумо гўяд, ба ҷо оваред“.
  6. Дар он ҷо, мувифиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кўзаи сангин истода буд, ки ғунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд.
  7. Исо ба онҳо гуфт:“Зарфҳоро аз об пур кунед“. Ва онҳоро лабрез карданд.
  8. Ва гуфт:“Акнун кашида, ба сардори базм баред“. Ва онҳо бурданд.
  9. Чун сардор оби ба шароб мубадалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда,
  10. Ба вай гуфт:“Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ“.
  11. Ин ибтидои мўъҷизоте ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро зоҳир кард, ва шогирдонаш ба Ў имон оварданд.
  12. Пас аз он Ў бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омаданд, ва дар он ҷо айёми каме монданд.

Фисҳи  аввалин  ва  пок  кардани  маъбад.

  1. Ва чун иди фисҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Ерусалим рафт.
  2. Ва дид, ки дар маъбад фурўшандагони гову гўсфанду кабўтар ва саррофон нишастаанд.
  3. Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гўсфандон аз маъбад пеш кард, ва тангаҳои саррофонро пошида, мизҳошонро чаппа кард;
  4. Ва ба кафтарфурўшон гуфт:“Инҳоро аз инҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед“.
  5. Ва шогирдони Ў ба хотир оварданд, ки навишта шудаст:“Рашки хонаи Ту Маро хўрдааст“.
  6. Он гоҳ яҳудиён ба Ў рў оварда, гуфтанд:“Ба мо чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки ин корҳоро мекунӣ?“.
  7. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ин маъбадро вайрон кунед, ва дар се рўз Ман онро барпо хоҳам кард“.
  8. Яҳудиён гуфтанд:“Ин маъбадро дар зарфи чулушаш сол бино кардаанд, ва Ту онро дар се рўз барпо мекунӣ?“.
  9. Лекин Ў дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт.
  10. Вақте ки Ў аз мурдагон эҳьё шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ў инро ба онҳо гуфта буд, ва ба Навиштаҳо ва ба суханоне ки Исо гуфта буд, имон оварданд.
  11. Ва ҳангоме ки дар иди фисҳ дар Ерусалим буд, бисьёр касон мўъҷизотеро, ки Ў нишон медод, дида, ба исми Ў имон оварданд.
  12. Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешинохт,
  13. Ва эҳтиёҷ надошт, ки касее дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s