Юҳанно боби 19

Исо  бо  тоҷи  аз  хор  бофташуда.

  1. Он гоҳ Пилотус Исоро гирифта, тозиёна зад.
  2. Ва сарбозон тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд, ва ҷомаи арғувон ба Ў пўшонданд.
  3. Ва гуфтанд:“Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!“ Ва Ўро торсакӣ мезаданд.

Пилотус  ва  Исо  ба  ҳузури  мардум.

  1. Боз Пилотус баромада ба онҳо гуфт:“Инак, Ўро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки ман дар Ў ҳеҷ айбе намеёбам“.
  2. Ва Исо, дар ҳолате ки тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар дошт, берун омад. Ва Пилотус гуфт:“Инак Он Одам!“
  3. Чун саркоҳинон ва мулозимон Ўро диданд, фарьёд зада гуфтанд:“Ўро маслуб кун, маслуб кун!“ Пилотус ба онҳо гуфт:“Шумо Ўро гирифта маслуб кунед, зеро ки ман дар Ў айбе намеёбам“.
  4. Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд:“Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ў бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо кардааст“.
  5. Чун Пилотус ин суханро шунид, беш аз пеш ҳаросон шуд.
  6. Ва боз ба сарбозхона даромада, ба Исо гуфт:“Ту аз куҷоӣ?“.Лекин Исо ба вай ҷавоб надод.
  7. Пилотус ба Ў гуфт:“Ба ман сухан намегўӣ? Магар намедонӣ, ки қудрат дорам Туро маслуб кунам ва қудрат дорам Туро озод кунам?“
  8. Исо ҷавоб дод:“Ҳеҷ қудрате ба Ман намедоштӣ, агар аз боло дода немешуд; аз ин рў он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештар дорад“.
  9. Ва аз он вақт Пилотус саъй дошт Ўро озод кунад, лекин яҳудиён фарьёд зада, гуфтанд:“Агар Ўро озод кунӣ, дўсти қайсар нестӣ; ҳар кӣ даъвои подшоҳӣ кунад, душмани қайсар аст“.
  10. Чун Пилотус инро шунид, Исоро берун овардва дар он ҷое ки Сангфарш ва ба ибронӣ Ҷабто номида мешуд, бар курсии доварӣ нишаст.
  11. Рўзи ҷумъаи арафаи иди фисҳ буд, ки дар соати шашум ба яҳудиён гуфт:“Инак, Подшоҳи шумо!“
  12. Лекин онҳо фарьёд заданд:“Ўро нест кун, нест кун, маслуб кун!“. Пилотус ба онҳо гуфт:“Оё Подшоҳи шуморо маслуб кунам?“ Саркоҳинон ҷавоб доданд:“Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем“.

Маслуб  шудани  Исо  ва  мамоти  Ў.

  1. Ниҳоят, Ўро ба дасти онҳо супурд, то ки маслуб кунанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд.
  2. Ва Ў салиби Худро бардошта, ба ҷое ки’’Ҷои косахонаи сар’’ ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд;
  3. Ва дар он ҷо Ўро маслуб карданд ва бо Ў ду каси дарро, яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исоро дар миёна.
  4. Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд:“Исои Носирӣ, Подшоҳи яҳудиён“.
  5. Бисьёре аз яҳудиён он айбномаро хонданд, зеро ҷое ки Исо маслуб шуда буд, ба шаҳр наздик буд, ва айбномаро ба забонҳои ибронӣ, юнонӣ ва румӣ навишта буданд.
  6. Саркоҳинони яҳудӣ ба Пилотус гуфтанд:“Нанавис:’’Подшоҳи яҳудиён’’, балки он чи Ў мегуфт:’’Манам Подшоҳи яҳудиён’’„.
  7. Пилотус ҷавоб дод:“Он чи навиштам, навиштам“.
  8. Ва сарбозон, чун Исоро маслуб карданд, либоси Ўро гирифта, ба чор ҳасса тақсим карданд, ба ҳар сарбоз як ҳисса; ва пероҳанро низ гирифтанд; лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд.
  9. Пас онҳо ба якдигар гуфтанд:“Онро пора накунем, балки қуръа партофта бинем, ки аз они кӣ мешавад“, то ки Навишта ба амал ояд, ки мегўяд:’’Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд’’. Ва сарбозон чунин карданд.
  10. Дар назди салиби Исо модари Ў ва хоҳари модараш, Марьями завҷаи Қлўпос, ва Марьями Маҷдалия истода буданд.
  11. Чун Исо мадари Худро бо он шогирде ки дўст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт:“Эй зан! инак писари ту“.
  12. Ва баъд ба шогирди Худ гуфт:“Инак модари ту!“.Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд.
  13. Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то ки Навишта ба амал ояд, гуфт:“Ташнаам“.
  14. Дар он ҷо зарфе пур аз сирко истода буд. Пас исфанҷеро аз сирко пур карда, бар сари най ниҳоданд ва наздики даҳони Ў бурданд.
  15. Чун Исо сиркоро чашид, гуфт:“Иҷро шуд“.Ва сар фурў оварда, ҷон дод.

„Ҳеҷ  як  устухони  Ў  шикаста  нахоҳад  шуд“.

  1. Лекин, аз баски рўзи ҷумъа буд, барои он ки ҷасадҳо бар салиб дар рўзи шанбе намонад, зеро ки он шанбеи бузург буд, бинобар ин яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро бишкананд ва ба поён фуроваранд.
  2. Сарбозон омада, соқи пойҳои он ду нафарро, ки бо Ў маслуб шуда буданд, шикастанд;
  3. Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакак мурдааст, соқи пойҳои Ўро нашикастанд;
  4. Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ў найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.
  5. Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад ки рост мегўяд, то ки шумо низ имон оваред.
  6. Зеро ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегўяд:’’Ҳеҷ як устухони Ў шикаста нахоҳад шуд’’.
  7. Ва Навишта боз дар ҷои дигар мегўяд:’’Ба Он Касе ки найза задаанд, назар хоҳанд дўхт’’.

Дафни  Исо.

  1. Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ҳаромот ва, аз тарси яҳудиён, шогирди мехфии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки Ҷасади Исоро бардорад; ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, Ҷасади Исоро бардошт.
  2. Ва Ниқўдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард.
  3. Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд.
  4. Дар он ҷое ки Ў маслуб шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанўз ҳеҷ кас дафн нашуда буд:
  5. Дар он ҷо Исоро дафн карданд, зеро ки арафаи шанбеи яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s