Юҳанно боби 18

Исо  дар  боғи  Ҷатсамонӣ.

  1. Чун Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи водии Қидрўн рафт, ки дар он ҷо боғе буд, ва Ў ва шогирдонаш ба он даромаданд.

Таслим  кардани  Яҳудо.

  1. Ва Яҳудои таслимкунандаи Ў низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд.
  2. Пас Яҳудо як даста сар бозон ва мулозимонро аз саркоҳинон ва фирисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад.
  3. Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ў рўй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт:“Киро ҷустуҷў мекунед?“
  4. Ба Ў ҷавоб доданд:“Исои Носириро“. Исо ба онҳо гуфт:“Ман ҳастам“. Яҳудои таслимкунандаи Ў низ бо онҳо истода буд.
  5. Чун Исо ба онҳо гуфт:“Ман ҳастам“, онҳо ақиб-ақиб рафта, ба замин афтоданд.
  6. Боз аз онҳо пурсид:“Киро ҷустуҷў мекунед?“. Гуфтанд:“Исои Носириро“.
  7. Исо ҷавоб дод:“Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар маро ҷустуҷў мекунед, бигзоред инҳо бираванд“.
  8. То он сухане ки Ў гуфта буд, ба амал ояд:“Аз онҳое ки ба Ман додӣ, якеро талаф накардаам“.
  9. Он гоҳ Шимъўни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дошт, зад, ва гўши рости вайро бурида партофт.
  10. Исо ба Петрус гуфт:“Шамшери худро ғилоф кун; наход ки он косаеро ки Падар ба Ман додааст, нанўшам?“

Исо  ба  ҳузури  доварии  саркоҳин. Инкори  Петрус.

  1. Он гоҳ дастаи сарбозон ва мириҳазорон ва мулозимони яҳудиён Исоро дастгир карда, бастанд,
  2. Ва аввал Ўро назди Ҳонон, падарарўси Қаёфо, ки ҳамон сол саркоҳин шуд, бурданд:
  3. Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён маслиҳат дода буд, ки беҳтар аст, ки як кас барои қавм бимирад.
  4. Шимъўни Петрус ва як шогирди дигар аз ақиби Исо рафтанд; азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад;
  5. Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд.
  6. Он канизе ки дар бон буд, ба Петрус гуфт:“Оё ту низ аз шогирдони Ин Шахс нестӣ?“ Вай гуфт:“Нестам“.
  7. Дар ин миён ғуломон ва мулозимон оташ афрўхта буданд, зеро ки ҳаво сард буд, ва даври оташ истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард.
  8. Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид.
  9. Исо ба вай ҷавоб дод:“Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар маъбад, ки дар он ҷо яҳудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам;
  10. Чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, бипурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам“.
  11. Вақте ки инро гуфт, яке аз мулозимон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ зада, гуфт:“Ба саркоҳин ин тавр ҷавоб медиҳӣ?“
  12. Исо ба вай ҷавоб дод:“Агар бад гуфтам, ба бадӣ шаҳодат деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанӣ?“
  13. Ҳоно Ўро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристод.
  14. Ва Шимъўни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд:“Ту низ аз шогирдони Ў нестӣ?“ Вай инкор карда, гуфт:“Нестам“.
  15. Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гўшашро бурида буд, гуфт:“Магар ман туро дар боғ бо Ў надидам?“.
  16. Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурўс бонг зад.

Исо  ба  ҳузури  Пилотус.

  1. Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозхона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихўранд.
  2. Пилотус назди онҳо баромада, гуфт:“Чӣ даъвое бар ин Шахс доред?“
  3. Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд:“Агар Ў бадкирдор намебуд, ба ту таслим намекардем“.
  4. Пилотус ба онҳо гуфт:“Шумо Ўро бигиред ва мувофиқи шариати худ бар Ў доварӣ кунед“. Яҳудиён ба вай гуфтанд:“Ба мо ҷоиз нест, ки касеро бикушем“,
  5. То он сухани Исо ба амал ояд, ки Ў дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд.
  6. Он гоҳ Пилотус боз ба сарбозхона даромада, Исоро хонд ва ба Ў гуфт:“Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?“.
  7. Исо ба вай ҷавоб дод:“Оё ту инро аз худ мегўӣ, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?“
  8. Пилотус ҷавоб дод:“Магар ман яҳудӣ ҳастам? Қавми Ту ва саркоҳинон Туро ба ман таслим кардаанд; чӣ кор кардаӣ?“
  9. Исо ҷавоб дод:“Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони Ман меҷангиданд, то ки Ман ба яҳудиён таслим карда нашавам; лекин акнун Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест“.
  10. Пилотус ба Ў гуфт:“Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?“ Исо ҷавоб дод:“Ту мегўӣ, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад“.
  11. Пилотус ба Ў гуфт:“Ростӣ чист?“ Чун инро бигуфт, боз назди яҳудиён баромада ва ба онҳо гуфт:“Ман дар Ў ҳеҷ айбе намеёбам“;

Исо  ва  Бараббос.

  1. Лекин шумо як одате доред, ки бандиеро дар иди фисҳ барои шумо озод кунам; оё мехоҳед, ки Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?“.
  2. Онҳо боз фарьёд зада, гуфтанд:“Ўро не, балки Бараббосро“. Бараббос як роҳзан буд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s