Юҳанно боби 16

12. Дар  бораи  таъқиботи  имондорон.

  1. „Инро ба шумо гуфтам, то ки шумо ба васваса наафтед.
  2. Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад.
  3. Ва ин корҳоро бо шумо хоҳанд кард, чунки на Падарро шинохтанд ва на Маро.
  4. Лекин инро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани он соат ба ёд оваред, ки Ман ба шумо гуфтаам ва инро аз аввал ба шумо нагуфтам, зеро ки бо шумо будам.
  5. Аммо акнун Ман назди Фиристодаи Худ меравам, ва касе аз байни шумо аз Ман намепурсад:“Куҷо меравӣ?“
  6. Вале чун инро ба шумо гуфтам, дили шумо пур аз ғам шуд“.

13. Дар  бораи  таъсири  Рўҳулқудс.

  1. „Лекин ба шумо рост мегўям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро ки агар Ман наравам, Пуштибон назди шумо нахоҳад омад; ва агар биравам, Ўро назди шумо мефиристам,
  2. Ва чун Ў ояд, ҷаҳонро ба гуноҳ ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам хоҳад кард.
  3. Бар гуноҳ, зеро ки ба Ман имон намеоваранд;
  4. Бар адолат, зеро ки назди Падари Худ меравам, ва дигар Маро нахоҳед дид;
  5. Бар доварӣ, зеро ки мири ин ҷаҳон маҳкум шудааст.
  6. Боз бисьёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо бигўям, лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред.
  7. Лекин чун Ў, яъне Рўҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ роҳнамоӣ хоҳад кард; зеро ки аз худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод.
  8. Ў Маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар хоҳад дод.
  9. Ҳар он чи Падар дорад, аз они Ман аст; бинобар ин гуфтам: аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шум хабар хоҳад дод.

14. Мамот  ва  омадаи  Исо.

  1. „Даре нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро хоҳед дид; зеро ки Ман назди Падар меравам“.
  2. Баъзе аз шогирдонаш ба якдигар гуфтанд:“Чист, ки Ў ба мо мегўяд:’’Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва дере нагузашта Маро хоҳед дид’’ ва: ‘‘Ман назди Падар меравам’’?“.
  3. Ва онҳо гуфтанд:“Ин чист, ки Ў мегўяд:’’Дере нагузашта’’? Намедонем, чӣ мегўяд“.
  4. Исо чун донист, ки мехоҳанд аз Ў бапурсанд, ба онҳо гуфт:“Оё ба якдигар дар ин хусус савол медиҳед, ки Ман гуфтам:’’Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта маро хоҳед дид’’?
  5. Баростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: шумо гирья ва нола хоҳед кард, лекин ҷаҳон шод хоҳад шуд; шумо ғамгин хоҳед шуд, лекин ғами шумо ба шодӣ мубаддал хоҳад шуд.
  6. Зан ҳангоми зоидан ғамгин аст, чунки соати вай расидааст; лекин чун кўдакеро зоид, ғамашро фаромўш мекунад ба сабаби шодии он ки одаме дар ҷаҳон таваллуд ёфт.
  7. Шумо низ алҳол ғамгин ҳастед; лекин шуморо боз хоҳам дид, ва ҳеҷ кас наметавонад он шодиро аз шумо бигирад.

15. Дуо ба исми  Исо. Каломи  охирини  тасалибахши  Исо  ба  шогирдон.

  1. „Ва дар он рўз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар он чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато хоҳад кард.
  2. То кунун ба исми ман чизе талаб накардаед; талаб кунед то бигиред, ва шодии шумо комил гардад.
  3. Ин чизҳоро бо масалҳо бо шумо гуфтам; лекин соате мерасад, ки дигар ба шумо бо масалҳо ҳарф намезанам, балки аз Падар ба шумо кушоду равшан хабар хоҳам дод.
  4. Дар он рўз ба исми Ман талаб хоҳед кард, ва Ман ба шумо намегўям, ки аз Падар барои шумо илтимос хоҳам кард:
  5. Зеро ки Худи Падар шуморо дўст медорад, чунки шумо Маро дўст доштаед, ва шумо имон овардед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам.
  6. Ман аз ҷониби Падар омадам ва ба ҷаҳон ворид шудам; боз ҷаҳонро тарк мекунам ва назди Падар меравам“.
  7. Шогирдонаш ба Ў гуфтанд:“Инак акнун кушоду равшан сухан мегўӣ, на бо масалҳо;
  8. Акнун донистем, ки Ту ҳама чизро медонӣ, ва ҳоҷат нест, ки касе аз Ту чизе бипурсад; аз ин рў имон меоварем, ки Ту аз ҷониби Худо омадаӣ“.
  9. Исо ба онҳо ҷавоб дод:“Алҳол имон меоваред?“
  10. „Инак, соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки шумо пароканда шуда, ҳар яке сўи хонаи худ меравед ва Маро танҳо мегузоред; лекин Ман танҳо нестам, зеро ки Падар бо Ман аст.
  11. Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дид, лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s