Юҳанно боби 15

8. Масеҳ — ток.

  1. Ман токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман Токдор аст;
  2. Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ў бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад.
  3. Шумо алҳол ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед.
  4. Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад хух аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед.
  5. Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед.
  6. Касе ки дар Ман намемонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навадаҳоро гирд оварда, ба оташ меандозанд, ва онҳо месўзанд.
  7. Агар дар ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар он чи мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд.
  8. Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд.

9. Дар бораи мондан  дар  муҳаббати  Исо.

  1. Чунон ки Падар Маро дўст доштааст, Ман низ шуморо дўст доштаам; дар муҳббати Ман бимонед.
  2. Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари худро риоят крдам, ва дар муҳаббати Ў мемонам.
  3. Инро ба шумо гуфтам, то ки шодии Ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад.
  4. Ҳукми Ман ин аст, ки якдигарро дўст доред, чунон ки Ман шуморо дўст доштам.
  5. Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дўстони худ фидо кунад.
  6. Шумо дўстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред.
  7. Дигар шуморо банда намехонам, зеро ки банда намедонад, ки оғояш чӣ мекунад; лекин шуморо дўст хондаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардам.
  8. На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад.
  9. Ин чизҳоро ба шумо ҳукм мекунам, то ки якдигарро дўст доред.

10. Имондор ва ҷаҳон.

  1. Агар ҷаҳон аз шумо нафат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат кардааст.
  2. Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дўст медошт; лекин шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.
  3. Каломеро, ки ба шумо гуфтаам, дар хотир нигоҳ доред:’’Ғулом бузургтар аз оғои худ нест’’. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя хоҳанд кард;
  4. Лекин ҳамаи инро барои исми Ман ба шумо хоҳанд кард, чунки Фиристодаи Маро намешиносанд.
  5. Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд.
  6. Ҳар кӣ аз Ман нафрат кунад, аз Падари Ман низ нафрат мекунад.
  7. Агар дар миёни онҳо аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накрдааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат карданд,
  8. То ба амал ояд каломе ки дар Тавроташон навишта шудааст:’’Бе сабаб аз Ман нафрат доранд’’.

11. Имодор ва Рўҳулқудс.

  1. „Лекин чун Пуштибон, ки Ўро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рўҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ў бар Ман шаҳодат хоҳад дод;
  2. Ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод, зеро ки аз ибтидо бо Ман будаед“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s