Юҳанно боби 14

4. Назди Падар рафтани  Исо.

  1. „Дили шумо музтариб нашавад; ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред.
  2. Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар Ман ба шумо мегуфтам:’’Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам’’?
  3. Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар онҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед.
  4. Ҷое ки Ман меравам, шумо медонед, роҳро низ медонед“.
  5. Тумо ба Ў гуфт:“Худовандо! Намедонем, ки Ту куҷо меравӣ; пас чӣ гуна метавонем роҳро донем?“.
  6. Исо ба вай гуфт:“Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман;
  7. Агар маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед; ва аз ҳамин дам Ўро мешиносед ва Ўро дидаед“.
  8. Филиппус ба Ў гуфт:“Худовандо! Падарро ба мо нишон деҳ, ва ин барои мо кофист“.
  9. Исо ба вай гуфт:“Ин қадар вақт Ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ, Филиппус? Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст; пас чӣ тавр мегўӣ:’’Падарро ба мо нишондеҳ’’?.
  10. Оё бовар мекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман? Суханоне ки Ман ба шумо мегўям, аз Худ намегўям; Падаре ки дар Ман сокин аст, Ў ин аъмолро мекунад.
  11. Ба Ман имон оваред, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман; вагар на, ба хотири он аъмол ба Ман имон оваред“

5. Дуо ба исми  Исо.

  1. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, аъмолеро, ки Ман мекунам, вай низ хоҳад кард ва ҳатто бузургтар аз он ҳам хоҳад кард, зеро ки Ман назди Падар меравам.
  2. Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар писар ҷалол ёбад;
  3. Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард,
  4. Агар Маро дўст доред, аҳкоми Маро риоя хоҳед кард.

6. Ваъда кардани Рўҳулқудс.

  1. Ва Ман аз Падар илтомос хоҳам кард, ва Ў ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад,
  2. Яъне Рўҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ўро бипазирад, зеро ки Ўро намебинад ва намешиносад, лекин шумо Ўро мешиносед, зеро ки Ў шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд.
  3. Шуморо ятим намегузорам; назди шумо меоям.
  4. Пас аз андак муддате ҷаҳон дигар Маро нахоҳад дид; лекин шумо Маро хоҳед, ва азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист.
  5. Дар он рўз шумо хоҳед донист, ки Ман дар Падар ҳастам, ва шумо дар Ман, ва Ман дар шумо.
  6. Ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва роият кунад, вай касест, ки Маро дўст медорад; ва ҳар кӣ Маро дўст дорад, Падари Ман вайро дўст хоҳад дошт, ва Ман вайро дўст хоҳам дошт ва Худро ба вай зоҳир хоҳам сохт“.
  7. Яҳудо, на он ки Яҳудои Исқарьют, ба Ў гуфт:“Худовандо! Ин чист, ки Ту мехоҳӣ Худро ба мо зоҳир созӣ ва на ба ҷаҳон?“.
  8. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ҳар кӣ Маро дўст дорад, каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дўст хоҳад дошт, ва Мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт.
  9. Касе ки Маро дўст надорад, суханони Маро риоят намекунад; ва каломи ки мешунавед, аз они Ман нест, балки аз они Падарест, ки Маро фиристод“.

7. Ваҳйи пурфайзи Рўҳулқудс. Омодагии  Исо  ба  мамот.

  1. Ин суханонро ба шумо гуфтам, вақте ки бо шумо будам.
  2. Лекин Пуштибон, яъне Рўҳулқудс, ки Падар Ўро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.

Васият   кардани   осоиштагӣ.

  1. Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.
  2. Шунидед, ки ба шумо гуфтам:’’Меравам ва назди шумо бармегардам’’. Агар Маро дўст медоштед, шод мешудед, ки гуфтам:’’Назди Падар меравам’’; зеро ки Падар аз Ман бузургтар аст.
  3. Ва инак, пеш аз вуқўъ ба шумо гуфтам, то ки дар вақти воқеъ шуданаш имон оваред.
  4. Баъд аз ин ба шумо бисьёр гуфтугў нахоҳам кард, зеро ки мири ин ҷаҳон меояд, ва дар Ман вай чизе надорад.
  5. Лекин то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дўст медорам, чунон ки Падар ба Ман ҳукм кард, амал мекунам: бархезед, аз ин ҷо биравем.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s