Юҳанно боби 13

Шустани  пойҳои  шогидон.

  1. Пеш аз иди фисҳ, чун Исо донист, ки соати Ў расидаст, то ки аз ин ҷаҳон назди Падар биравад, Ў, ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дўст медошт, онҳоро то ба охир дўст дошт.
  2. Ва дар вақти таоми шом, ки иблис қасде дар дили Яҳудо ибни Шимъўни Исқарьют андохта буд, ки Ўро таслим кунад,
  3. Ва Исо медонист, ки падар ҳама чизро ба дасти Ў додааст, ва Ў аз ҷониби Худо омада буд ва ба сўи Худо меравад,
  4. Аз сари сурфа бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст;
  5. Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурўъ намуд.
  6. Чун назди Шимъўни Петрус омад, вай гуфт:“Худовандо! Ту пойҳои маро мешўӣ?“
  7. Исо дар ҷавоб вай гуфт:“Он чи Ман мекунам, алҳол намедонӣ, лекин баъд хоҳӣ фаҳмид“.
  8. Петрус ба Ў гуфт:“Пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст“. Исо ба вай ҷавоб дод:“Агар туро нашўям, туро бо Ман ҳиссае нест“.
  9. Шимъўни Петрус ба Ў гуфт:“Худовандо! На танҳо пойҳои маро, балки низ дастҳо ва сари маро бишўй“.
  10. Исо ба вай гуфт:“Касе ки ғусл кардааст, фақат ба шустани пойҳо эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама“.
  11. Зеро ки таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт:“На ҳама пок ҳастед“.
  12. Чун пойҳои онҳоро шуст, либоси Худро пўшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт:“Оё медонед, ки барои шумо чӣ кардам?
  13. Шумо Маро Устод ва Худованд мегўед ва рост мегўед, зеро ки Ман чунин ҳастам.
  14. Пас агар ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишўед:
  15. Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед.
  16. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ғулом аз оғои худ бузургтар нест, ва расул бузургтар аз фиристодаи худ нест.
  17. Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред.
  18. Дар бораи ҳамаи шумо намегўям: онҳоеро ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд:’’Он ки бо Ман нон мехўрд, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст’’.
  19. Алҳол, пеш аз вуқўъ, ба шумо мегўям, то ки ҳамгоми воқеъ шуданаш бовар кунед, ки Ман ҳастам.
  20. Баростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристодаи Маро қабул мекунад“.

Таслимкунанда  аз  миёни  шогирдон  берун  карда  шуд.

  1. Чун Исо инро гуфт, дар рўҳ музтариб шуд, ва шаҳодт дода, гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям, ки яке аз шумо Маро таслим хоҳад кард“.
  2. Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегўяд.
  3. Яке аз шогирдонаш буд, ки дар сандуқи синаи Исо такья мезад: Исо вайро дўст медошт;
  4. Шимъўни Петрус вайро ишорат кард, то бипурсад: он кист, ки дар ҳаққаш чунин гуфт.
  5. Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такья зада, пурсид:“Худовандо! Он кист?“
  6. Исо ҷавоб дод:“Он аст, ки луқмаи нонро ғўтонда ба вай медиҳам“. Ва луқмаро ғўтонда, ба Яҳудо ибни Шимъўни Исқарьют дод.
  7. Пас аз он ки луқмаро гирифт, шайтон дар вай дохил шуд. Он гоҳ Исо ба вай гуфт:“Он чи мекунӣ ба зудӣ бикун“.
  8. Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт.
  9. Баъзеҳо гумон карданд, ки чун ҳамьён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо лозим аст, харид кунад ё ки чизе ба мискинон бидиҳад.
  10. Вай луқмаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд.

Нутқи  видоии Исо. 1. Вақти  ҷалол  ёфтан  наздик  аст.

  1. Чун вай берун рафт, Исо гуфт:“Алҳол Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ў ҷалол ёфт;
  2. Агар Худо дар Ў ҷалол ёфт, Худо низ Ўро дар Худ ҷалол хоҳад дод, ва ба зудӣ Ўро ҷалол хоҳад дод.
  3. Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам: шумо Маро ҷустуҷў хоҳед кард, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегўям: ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед“.

2. Ҳукми нав.

  1. „Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дўст доред; чунон ки Ман шуморо дўст медорам, шумо низ якдигарро дўст доред.
  2. Аз рўи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогидони Ман ҳастед, агар якдигарро дўст доред“

3. Пешгўӣ кардани инкори  Петрус.

  1. Шимъўни Петрус ба Ў гуфт:“Худовандо! Куҷо меравӣ?“ Исо ба вай ҷавоб дод:“Ба ҷое ки ман меравам, алҳол наметавонӣ аз ақиби Ман биёӣ, лекин баъд аз он аз ақиби Ман хоҳӣ омад“.
  2. Петрус ба Ў гуфт:“Худовандо! Чаро алҳол аз ақиби Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо хоҳам кард“.
  3. Исо ба вай ҷавоб дод:“Ҷони худро барои Ман фидо хоҳӣ кард? Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегўям: пеш аз он ки хурўс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s