Юҳанно боби 12

Бо  равғани  атрафшон  татҳин  кардани  Исо  дар  Байт-Ҳинӣ.

  1. Шаш рўз пеш аз иди фисҳ Исо ба Байт-Ҳинӣ омад, ба он ҷо ки Лаъзори мурдаро аз мурдагон эҳьё карда буд.
  2. Дар он ҷо барои Ў таоми шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ў бар сари сурфа менишастанд.
  3. Он гоҳ Марьям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳоро гирифта, пойҳои Исоро татҳин кард ва пойҳои Ўро бо мўи худ хушконид; ва хона аз бўи равғани атрафшон пур шуд.
  4. Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъўни Исқаръют, ки мехост Ўро таслим кунад, гуфт:
  5. „Чаро ин равғани атрафшон ба сесад динор фурўхта нашуд, то ки ба мискинон тақсим карда дода шавад?“
  6. Ва инро на аз барои он гуфт, ки ғамхори мискинон бошад, балки барои он ки дузд буд: ҳамьёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандохтанд, барои худ мегирифт.
  7. Исо гуфт:“Вайро ором гузор, вай инро барои рўзи дафни Ман саришта карда нигоҳ доштааст;
  8. Зеро ки мискинон ҳар вақт назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам“.
  9. Бисьёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ў дар он ҷост, омаданд, то ки на танҳо Исоро, балки низ Лаъзорро, ки Ў аз мурдагон эҳьё карда буд, бубинанд.
  10. Он гоҳ саркоҳинон қарор доданд, ки Лаъзорро низ бикушанд,
  11. Чунки ба хотири вай бисьёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд.

Ба  Ерусалим бо  тантана  ворид  шудани  Исо.

  1. Фардои он, мардуми бисьёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Ерусалим меояд,
  2. Шохаҳои дарахти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ў баромаданд ва фарьёд мекарданд:“Ҳўшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!“
  3. Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст:
  4. Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае шуда, меояд“.
  5. Шогирдонаш аввал чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба хотир оварданд, ин чизҳо дар бораи Ў навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои Ў ба ҷо оварда шуд.
  6. Ва мардуме ки бо Ў буданд, шаҳодат доданд, ки Ў Лаъзорро аз қабр хонд ва аз мурдагон эҳьё кард;
  7. Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ў баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ў чунин мўъҷиза нишон додааст.
  8. Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд:“Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, тамоми ҷаҳон аз паи Ў меравад“.
  9. Дар байни онҳое ки дар ид барои ибодат омада буданд, баъзе юнониҳо буданд;
  10. Онҳо назди Филиппус, ки аз Байт-Сайдои Ҷалил буд, омаданд, ва илтимос намуда, гуфтанд:“Эй оғо! Мо мехоҳем Исоро бубинем“.
  11. Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриёс бо Филиппус ба Исо гуфтанд.

Писари  Худо  аз  ҷониби  Худои  Падар  ҷалол  дода  мешавад.

  1. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Соати он расидаст, ки Писари Одам ҷалол ёбад.
  2. Ба ростӣ, ба ростӣ башумо мегўям: агар донаи гандум дар хок афтода намирад, фақат худаш боқи мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад.
  3. Касе кӣ ҷони худро дўст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовадонӣ онро нигоҳ хоҳад дошт.
  4. Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ходими Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мўҳтарам хоҳад дошт.
  5. Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигўям? эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам.
  6. Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ!“ Дарҳол садое аз осмон даррасид:“Ҷалол додаам, ва боз ҷалол хоҳам дод“.
  7. Мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд:“Раъд ғуррид“. Дигарон гуфтанд:“Фариштае бо Ў сухан гуфт“.
  8. Исо дар ҷавоб гуфт:“Ис садо на аз барои Ман, балки барои шумо омад;
  9. Алҳол доварӣ бар ин ҷаҳон аст; алҳол мири ин ҷаҳон бадар ронда мешавад;
  10. Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сўи Худ хоҳам кашид“.
  11. Инро гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ марг Ў бояд бимирад.

Беимонии  халқ.

  1. Мардум дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад боқӣ хоҳад монд; пас чӣ сон мегўӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писари Одам кист?“
  2. Исо ба онҳо гуфт:“Боз муддати кўтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе кӣ дар торокӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад;
  3. То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед“. Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд.
  4. Бо вуҷуди мўъҷизоти бисьёре ки дар пеши назарашон нишон дод, онҳо ба Ў имон наоварданд,
  5. То сухани Ишаъёи набӣ ба амал ояд, ки гуфта буд:“Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, ва бозуи Худованд ба кӣ ошкор грдид?“
  6. Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст:
  7. „Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷўъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам“.
  8. Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ўро дид ва дар бораи Ў сухан ронд.
  9. Бо вуҷуди ин бисьёре аз сардорон ба Ў имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд;
  10. Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дўст медоштанд.

Исо  халқро  бори  охирин  даъват  менамояд  ва  огоҳ  мекунад.

  1. Лекин Исо нидо карда, гуфт:“Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристодаи Ман имон овардааст;
  2. Ва ҳар кӣ маро бинад, Фиристодаи Маро дидааст.
  3. Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.
  4. Ва агар касе суханони Маро шунида, риоят накунад, Ман бар вай доварӣ нахоҳам кард: зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот бахшам.
  5. Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро қабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рўзи вопасин бар вай доварӣ хоҳад кард;
  6. Зеро ки Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман ҳукм дод, ки чӣ бигўям ва чӣ гуна сухан ронам;
  7. Ва Ман медонам, ки ҳукми Ў ҳаёти ҷовидонист. Пас, он чи Ман мегўям, ҳамон аст, ки Падар фармудааст, то бигўям“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s