Юҳанно боби 10

Масал  дар  бораи  чўпон  ва  дар  бораи  каси  бегона.

  1. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ ба оғили гўсфанд аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст;
  2. Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, вай чўпони гўсфандон аст;
  3. Дарбон дарро барои вай мекушояд, гўсфандон ба овози вай гўш медиҳанд, вай гўсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад.
  4. Чун гўсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гўсфандон аз ақиби вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд;
  5. Лекин аз ақиби бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд“.
  6. Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ў ба онҳо чӣ гуфт.

Исо   дар  бораи  гўсфандон.

  1. Боз Исо ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: Ман барои гўсфандон дар ҳастам.
  2. Ҳамаи касоне ки пеш аз Ман омаданд, дузд ва роҳзан ҳастанд; лекин гўсфандон ба овози онҳо гўш надоданд.
  3. Ман дар ҳастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад.
  4. Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд“.

Исо  Чўпони  некдил.

  1. Ман Чўпони некам: чўпони нек ҷони худро барои гўсфандон фидо мекунад;
  2. Лекин муздуре ки чўпон нест, ва гўсфандон аз они худаш нестанд, чун бубинад, ки гург меояд, гўсфандонро монда мегурезад, ва гург гўсфандонро мегирад ва пароканда мекунад;
  3. Муздур мегурезад, чунки муздур аст, ва ғами гўсфандонро намехўрад.
  4. Ман чўпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонмам Маро мешиносанд:
  5. Чунони ки Падар Маро мешиносад, Ман ҳам Падарро мешиносам, ва ҷони Худро барои гўсфандон фидо мекунам.
  6. Ман гўсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд, ва онҳоро низ бояд оварам, онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид, ва як рамаю як чўпон хоҳанд шуд.
  7. Аз ин сабаб Падар Маро дўст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам.
  8. Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин ҳукмро аз Падари Худ гирифтаам“.
  9. Ба сабаби ин суханоно боз дар байни яҳудиён ихтилоф афтод.
  10. Бисьёре аз онҳо гуфтанд:“Ў дев дорад ва девона аст; чаро ба суханоанаш гўш медиҳед?“
  11. Дигарон гуфтанд:“Ин девона нест; оё дев метавонад чашми кўронро воз кунад?“.

Исо  дар  Ерусалим  дар  иди  таҷдид. а) Худро  Масеҳ  эълон  мекунад.

  1. Дар Ерусалим иди таҷдид барпо шуд, ва зимистон буд.
  2. Ва Исо дар маъбад, дар равоқи Сулаймон мегашт.
  3. Яҳудиён гирди Ўро гирифта, ба Ў гуфтанд:“То кай моро дар тардид мегузорӣ? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро бигў“.
  4. Исо ба онҳо ҷавоб дод:“Ман ба шумо гуфтам, ва имон наовардед; аъмоле ки Ман ба исми Падари Худ ба ҷо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳад;
  5. Лекин шумо имон намеоваред, зеро ки аз гўсфандони Маннестед, чунон ки ба шумо гуфтам;
  6. Гўсфандони Ман ба овози Ман гўш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд,
  7. Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад;
  8. Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад;
  9. Ман ва падар як ҳастем“.

б) Адовати  яҳудиён.

  1. Боз яҳудиён санг бардоштанд, то ки Ўро сангсор кунанд.
  2. Исо ба онҳо ҷавоб дод:“Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисьёр аъмоли нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?“
  3. Яҳудиён дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Туро барои амали нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту одам ҳастӣ, Худро Худо мехонӣ“.
  4. Исо ба онҳо ҷавоб дод:“Оё дар шариати шумо навишта нашудааст:’’Ман гуфтам: шумо худоён ҳастед’’?
  5. Агар онҳоеро ки каломи Худо сўяшон нозил шуд, худоён хондааст, ва Навишта наметавонад ботил шавад,
  6. Пас ба Касе ки Падар Ўро тақдис карда, ба ҷаҳон фиристод, чӣ тавр шумо мегўед, ки:’’Куфр мегўӣ’’, чунки гуфтам:’’Писари Худо ҳастам’’?
  7. Агар аъмоли Падри худро ба ҷо намеоварам, ба Ман имон наоваред;
  8. Ва агар ба ҷо меоварам, ҳарчанд шумо ба Ман имон намеоваред, пас ба аъмол имон оваред, то бидонед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ў“.
  9. Он гоҳ бори дигар хостанд Ўро дастгир кунанд; лекин Ў аз дасташон раҳо шуд.
  10. Ва боз ба он тарафи Ўрдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳьё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд.
  11. Ва бисьёр касон назди Ў омаданд ва гуфтанд:“Яҳьё ҳеҷ мўъҷизае нишон надод; лекин ҳар он чи Яҳьё дар бораи Ин Шахс гуфт, рост буд“.
  12. Ва бисьё касон дар он ҷо ба Ў имон оварданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s