Юҳанно боби 1

Каломи  абадӣ  ҷисм  ба  мубаддал  шуд.

  1. Ва дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд.
  2. Он дар ибтидо бо Худо буд.
  3. Ҳама чиз ба воситаи Ў ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ў вуҷуд наёфт.
  4. Дар Ў ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.
  5. Ва нур дар торикӣ медурахшид, ва торикӣ онро фаро нагирифт.
  6. Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуда буд, ки Яҳьё ном дошт.
  7. Вай барои шоҳидӣ омад, ки бар нур шаҳодат диҳад, то ки ҳама ба воситаи вай имон оваранд.
  8. Вай он Нур набуд, балки омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад.

Исо  Нури  ҳақиқӣ.

  1. Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
  2. Ў дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ў ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ўро нашинохт.
  3. Ў назди мансубони Худ омад, ва мансубонаш Ўро қабул накарданд.
  4. Лекин онҳое ки Ўро қабул карданд ва ба исми Ў имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд.
  5. Ки на аз хун, ва на аз хоҳиши ҷасм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
  6. Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ўро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.

Шаҳодати  Яҳьёи  Таъмиддиҳанда  дар  бораи  худаш.

  1. Ва Яҳьё бар Ў шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт:“Ин аст Он ки дар бораи Ў гуфтам:’’Он ки пас аз ман меояд, пеш аз ман будааст, зеро ки бар ман муқаддам буд’’„
  2. Ва аз пурагии Ў ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем;
  3. Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.
  4. Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғўши Падар аст, Ўро зоҳир кард.
  5. Ва ин аст шаҳодати Яҳьё дар вақте ки яҳудиён аз Ерусалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд:“Ту кистӣ?“
  6. Вай иқрор кард ва инкор накард, балки эътироф намуда, гуфт:“Ман Масеҳ нестам“.
  7. Аз вай пурсиданд:“Пас кистӣ? Оё Ильёс ҳастӣ?“ Гуфт:“Не“.“Оё он набӣ ҳастӣ?“. Ҷавоб дод: “НЕ“.
  8. Он гоҳ ба вай гуфтанд:“Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фиристодаанд ҷавоб диҳем: дар бораи худ чӣ мегўӣ?“.
  9. Гуфт:“Ман овози нидокунандае дар биёбонам: роҳи Худовандро рост кунед, чнон ки Ишаъёи набӣ гуфтааст“.
  10. Он фиристодагон аз фарисиён буданд.
  11. Ва онҳо аз вай пурсиданд:“Агар ту на Масеҳа ҳастӣ, на Ильёс ва на он набӣ, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?“.
  12. Яҳьё дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ман бо об таъмид медиҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодаст, ки шумо Ўро намешиносед:
  13. „Ў Он аст, ки пас аз ман меояд, аммо пеш аз ман будааст; ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ўро воз кунам“.
  14. Ин дар Байт-Абора, ки он тарафи Ўрдон аст, дар ҷое ки Яҳьё таъмид медод, воқеъ шуд.

Шаҳодати  Таъмиддиҳанда  дар  бораи  Барраи  Худо. Таъмиди  Исо.

  1. Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт:“Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;
  2. Ин аст Он ки ман дар бораи Ў гуфтам, ки:’’Пас аз ман Марде меояд, ки пеш аз ман будааст, зеро ки Ў бар ман муқадам буд’’;
  3. Ман Ўро намешинохтам; лекин барои он ки Ў ба Исроил зоҳир гардад, омадам ва бо об таъмид медодам“.
  4. Ва Яҳьё шаҳодат дода гуфт:“Ман Рўҳро дидам, ки чун кабўтаре аз осмон нозил шуда, бар Ў қарор гирифт;
  5. Ман Ўро намешинохтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт:’’Ба ҳар кас бубинӣ, ки Рўҳ нозил шуда, бар Ў қарор гирифт, Ў Ҳамон аст, ки бо Рўҳулқудс таъмид медиҳад’’.
  6. Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ў Писари Худост“.

Исо  ва  шогирдони  аввал.

  1. Фардои он, боз Яҳьё бо ду шогирди худ истода буд.
  2. Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт:“Инак, Барраи Худо“.
  3. Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз паи Исо равона шуданд.
  4. Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, гуфт:“Чӣ мехоҳед?“ ба Ў гуфтанд:“Раббӣ“, яъне:“эй Устод, дар куҷо истиқомат дорӣ?“
  5. Ў гуфт:“Биёед ва бубинед“. Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рўз назди Ў бимонданд. Тақрибан соати даҳум буд.
  6. Яке аз он ду нафар, ки сухани Яҳьёро шунида, аз паи Ў омада буд, Андриёс, бародари Шимъўни Петрус буд.
  7. Вай аввал бародари худ Шимъўнро ёфта, гуфт:“Мо Масеҳро, яъне Христосро ёфтем“.
  8. Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт:“Ту Шимъўн, писари Юнус ҳастӣ; акнун номат Кифо хоҳад шуд, ки маънояш Петрус аст“.
  9. Фардои он, Исо хост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, гуфт:“Аз ақиби Ман биё“.
  10. Филиппус аз Байд-Сайдо, ҳамшаҳрии Яндриёс ва Петрус буд.
  11. Филиппус Натанъилро ёфта, гуфт:“Мо Он касеро, ки Мусо дар бораи Ў дар Таврот навиштааст, ва анбиё зикр кардаанд, ёфтаем, ки Исо, писари Юсуф, аз Носира аст“.
  12. Вале Натанъил ба вай гуфт:“Магар мумкин аст, ки аз Носира чизи некўе пайдо шавад“„. Филиппус ба вай гуфт:“Биё ва бубин“.
  13. Исо чун дид, ки Натанъил сўи Ў меояд, дар бораи вай гуфт:“Инак, исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай макре нест“.
  14. Натанъил ба Ў гуфт:“Маро аз куҷо мешиносӣ?“ Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Паш аз он ки Филиппус туро дъват кунад, ҳангоме ки дар зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам“.
  15. Натанъил дар ҷавоби Ў гуфт:“Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи исроил ҳастӣ“.
  16. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ту имон овардӣ, зеро ба ту гуфтамд, ки:’’Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам’’; чизҳои бузургтар аз ин хоҳӣ дид“.
  17. Ва ба вай гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: минбаъд осмонро кушода ва фриштагони Худоро, ки бар Писари Одам сууд ва нузул мекунанд, хоҳед дид“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s