Румиён боби 9

Роҳҳои  мўъҷизаосои  Худо  бо  Исроил. 1. Фарзанди  Худо  будан  ба  ваъдаҳои  Худо  асос  меёбад,  лекин  на  ба  пайдоиши  табиӣ.

  1. Дар Масеҳ рост мегўям, дурўғ намегўям, виҷдонам дар Рўҳулқудс бо ман шаҳодат медиҳад,
  2. Ки ғуссаи бузургест барои ман, ва сўзи дили ман поён надорад:
  3. Зеро ман мехостам, ки ба хотири бародаронам, ки ба ҳасби ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам.
  4. Онҳо исроилиёнанд; фарзандхондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд;
  5. Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, Омин.

2. Ваъдаҳои Худо фақат  ба  Исроилии  ҳақиқӣ  дахл  дорад.

  1. Аммо чунин нест, ки каломи Худо аз эътибор сокит шуда бошад. Зеро на ҳама исроилиянд, ки аз Исроил бошанд,
  2. Ва на ҳама фарзандони Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд; балки’’насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳанд шуд’’.
  3. Яъне на ҳамаи фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд, балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд.
  4. Зеро ки каломи ваъда чунин аст:“Дар ҳамин вақт хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд“.
  5. Ва на фақат ин, балки ба Ривқо низ ҳамин тавр шуд, вақте ки вай аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ба як шикам ду писарро ҳомила буд.
  6. Зеро ки пеш аз таваллуди онҳо, ки ҳанўз ҳеҷ амали неке ё баде накарда буданд, барои он ки пешбинии Худо дар интихобашон на аз аъмол, балки аз Даъваткунанда содир шавад,
  7. Ба вай гуфта шуд:“Калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад“.
  8. Чунон ки навишта шудааст:“Яъқубро Ман дўст доштам, аммо Эсовро бад дидам“.

3. Марҳамати  Худо  ба  иродаи  муқаддаси  Ў  вобаста  аст.

  1. Пас чӣ гўем? Магар назди Худо беинсофӣ ҳаст? Ба ҳеҷ ваҷҳ.
  2. Зеро ки Ў ба Мусо мегўяд:“Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам; ба ҳар кӣ раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам“.
  3. Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кўшиш мекунад, балки дар марҳамати Худост.
  4. Зеро ки Навиштаҳо ба фиръавн мегўяд:“Барои он Ман туро ба по гузоштаам, ки қуввати Худро бар ту нишон диҳам, то ки исми Ман дар тамоми ҷаҳон интишор ёбад“.
  5. Пас, Ў ҳар киро хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро хоҳад, сангдил мегардонад.
  6. Ту ба ман хоҳӣ гуфт:“Пас чаро Ў боз маззамат мекунад? Зеро кист, ки ба иродаи Ў муқобилат карда тавонад?“.
  7. Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳсу мунозира мекунӣ? Оё маснўъ ба сонеъ мегўяд:“Чаро маро чунин сохтӣ?“
  8. Оё кўзагар ихтиёр надорад, ки аз айни як гил зарфе барои истеъмоли олӣ ва зарфи дигаре барои истеъмоли паст бисозад?
  9. Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва зоҳир сохтани иқтидори Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат сохта шудаанд, бо пурсабрии азиме таҳаммул карда бошад,
  10. То ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ў пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад.
  11. Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ў моро на фақат аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо ҳам даъват намудааст,

4. Мувофиқи пешгўиҳои анбиё  фақат „бақияи“  исроилиёни  имондор  наҷот  хоҳанд  ёфт.

  1. Чунон ки дар Ҳушаъ низ мегўяд:“Онҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро, ки маҳбуба нестанд, маҳбуба хоҳам хонд;
  2. Ва дар он ҷое ки ба онҳо гуфта шудааст:“Шумо қавми Ман нестед“, онҳо фарзандони Худои Ҳай номида хоҳанд шуд“.
  3. Ва Ишаъё дар бораи Исроил нидо мекунад, ки:“Агар шумораи банӣ-Исроил мисли реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт;
  4. Зеро ки Худованд коре ба итмом мерасонад ва ба зудӣ аз рўи адолат ҳал мекунад, кори қатъие бар замин анҷом медиҳад.
  5. Ва чунон ки Ишаъё пешгўӣ кардааст:“Агар Худованди лашкарҳо барои мо насле боқӣ намегузошт, мо мисли Садўм мешудем ва ба Амўро монандӣ медоштем“.

5. Гуноҳи Исроил: вай  мавъизаро  дар  бораи  сафед  шудан  бо  имон  мункир  шуд.

  1. Пас чӣ гўем? Халқҳое ки дар паи адолат набуданд, адолат ба даст оварданд: адолате ки аз имон аст;
  2. Аммо Исроил, ки дар паи шариати адолат буд, ба шариати адолат нарасид.
  3. Чаро? Чунки онро на дар имон, балки дар аъмол толиб шуданд. Онҳо ба санги пешпое пешпо хўрданд,
  4. Чунон ки навишта шудааст:“Инак, дар Сион санги пешпо ва сахраи васваса мегузорам, ва ҳар кӣ ба Ў имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s