Румиён боби 8

6. Ҳаёт дар рўҳ.

  1. Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рўҳ зиндагӣ мекунанд,
  2. Чунки қонуни рўҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст.
  3. Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,
  4. То ки аҳкоми одилонаи шариат дар мо, ки на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рўҳ зиндагӣ мекунем, ба амал ояд.
  5. Зеро онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр мекунанд, вале онҳое ки ба ҳасби рўҳ зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи рўҳони фикр мекунанд.
  6. Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст, аммо фикрҳои рўҳонӣ ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ,
  7. Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.
  8. Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд афтода наметавонанд.
  9. Лекин шумо на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рўҳ зиндагӣ мекунед, агар ҳақиқатан Рўҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рўҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ў нест.
  10. Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, ҷисм ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рўҳ ба воситаи адолат зинда аст.
  11. Ва агар Рўҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳьё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рўҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард.
  12. Пас, эй бародарон, мо ўҳдадори ҷисм нестем, ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунем;
  13. Зеро ки агар шумо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунед, албатта хоҳед мурд; аммо агар аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рўҳ бикушед, зинда хоҳед монд.

Касе  ки  бо  файзи  Рўҳулқудс  имондор  аст,  фарзандхондагии  Худоро  қабул  мекунад.

  1. Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рўҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд;
  2. Чунки шумо рўҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рўҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем:“Эй Або, эй Падар“
  3. Ҳамон Рўҳ ба рўҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.

Анҷоми  наҷот  фарзандхондагии Худост. 1. Интизории  бесаброна  ба  ҷалоли  оянда.

  1. Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ў азобу уқубат кашем, то ки бо Ў низ ҷалол ёбем.
  2. Зеро, ба ақидаи ман, азобу уқубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст.
  3. Зеро ки махлуқот бо умед ба зуҳури фарзандони Худо мунтазир аст,
  4. Чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи худ мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки
  5. Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд.
  6. Зеро медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягӣ то алҳол оҳу нола мекунанд ва азоб мекашанд;
  7. Ва на фақат он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рўҳ ҳастем, дарунаки оҳу нола мекунем ва мунтазири фарзандхондагӣ ва кафорати ҷисми худ мебошем.
  8. Зеро ки бо умеди наҷот ёфтаем. Аммо умед, вақте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро ки кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад?
  9. Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.

2. Рўҳулқудс  бо  иродаи  Худо  барои  имондорон  шафоат  мекунад.

  1. Ҳамчунин Рўҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ хусу ба таври бояду шояд дуо гўем, лекин Худи Рўҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст.
  2. Таҳқиқунандаи дилҳо аз андешаи Рўҳ огоҳ аст, чунки Ў барои муқаддасон мувофиқи хости Худо шафоат мекунад.
  3. Дар баробари ин мо медонем, ки ба дўстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ў даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад;
  4. Зеро ҳар киро, ки Ў пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайн кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ў дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошанд;
  5. Ва ҳар киро, ки Ў пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро сафед кардааст, ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.

3. Боварии пур аз ҷалоли  фарзандони  Худо.

  1. Пас мо ба ин чӣ гўем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?
  2. Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ўро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ў ҳама чизро ба мо намебахшад?
  3. Кӣ баргузидагони Худоро айбдор мекунад? Оё Худое ки сафедкунанда аст?
  4. Кӣ маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ў, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ў, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?
  5. Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андўҳ, ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер?
  6. Чунон ки навишта шудааст:“Ба хотири Ту мо ҳар рўз кушта мешавем, мисли гўсфандони забҳ ба шумор меравем“.
  7. Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дўстдорамон пурра ғолиб меоем.
  8. Зеро ман мўътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на маъбадҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда,
  9. На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s