Румиён боби 7

5. Озодӣ  аз  шариат  ва  халосӣ  аз  низои  байни  ҷисм  ва  рўҳ.

  1. Эй бародарон, магар намедонед, зеро ба воқифони шариат сухан мегўям, ки шариат бар одамизод дар айёми зиндагии вай қудрат дорад?
  2. Зеро ки зани шавҳардор мувофиқи шариат ба шавҳари зинда вобаста аст, ва агар шавҳараш бимирад, вай аз шариати шавҳардорӣ фориғ мешавад.
  3. Бинобар ин агар вай дар айёми зиндагии шавҳараш ба Марди дигар равад, зинокор номида мешавад; лекин агар шавҳараш бимирад, вай аз шариат фориғ мешавад ва ҳар гоҳ ба марди дигар бирасад, зинокор ҳисоб намеёбад.
  4. Шумо низ, эй бародарон, ба воситаи Бадани Масеҳ ба шариат мурдаем, то ки ба Дигаре, ба Он ки аз мурдагон эҳьё шуд, тааллуқ дошта бошед, барои он ки мо ба Худо самаре оварем.
  5. Зеро, вақте ки мо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекардем, ҳаваси гуноҳҳое ки ба воситаи шариат ошкор мешуд, дар андоми мо амал мекард, барои он ки мо ба мамот самаре оварем;
  6. Лекин ҳоло мо ба шариате ки моро баста буд, мурда, аз он фориғ шудаем, то ки мувофиқи рўҳи тоза бандагӣ кунем, на ин ки мувофиқи ҳарфи кўҳна.
  7. Пас чӣ гўем? Оё шариат бо гуноҳ якест? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Лекин ман гуноҳро ба воситаи шариат донистаам. Зеро агар шариат намегуфт, ки’’тамаъ накун’’, ман намедонистам, ки тамаъ чист.
  8. Аммо гуноҳ, бо баҳонаи ҳукми шариат, дар дили ман ҳар гуна тамаъро ба вуҷуд овард, зеро ки бе шариат гуноҳ мурда аст.
  9. Ман як вақте бе шариат зиндагӣ мекардам, аммо вақте ки ҳукми шариат ба майдон омад, гуноҳ ҷон гирифт,
  10. Ва ман мурдам, ва он ҳукми ки барои ҳаёт дода шуда буд, сабаби мамоти ман шуд;
  11. Чунки гуноҳ, баҳонаи ҳукми шариат, маро фиреб дод ва ба воситаи он кушт.
  12. Бинобар ин шраиат муқаддас аст, ҳукми он низ муқаддас, барҳақ ва нек аст.
  13. Пас, оё чизи нек барои ман сабаби мамот шуд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки гуноҳ сабаби он шуд: барои он ки вай ҳамчун гуноҳ зоҳир шавад, ба воситаи чизи нек ба ман мамот овард, то ки гуноҳ ба воситаи ҳукми шариат ниҳоятдараҷа азим гардад.
  14. Зеро мо медонем, ки шариат рўҳонӣ мебошад, вале ман нафсонӣ ҳастам ва ба гуноҳ фурўхта шудаам.
  15. Ман, охир, он чи мекунам, намефаҳмам; чунки он чи мехоҳам, намекунам, балки он чи бад мебинам, мекунам,
  16. Пас модоме ки он чи намехоҳам, мекунам, бо ҳамин эътироф менамоям, ки шариат нек аст.
  17. Бинобар ин акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад.
  18. Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек мавҷуд нест; чунки майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои кардани он надорам.
  19. Зеро он кори неке ки мехоҳам, намекунам, лекин кори баде ки намехоҳам, мекунам.
  20. Пас модоме ки он чи намехоҳам, мекунам, акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад.
  21. Хуллас, ман чунин қонун пайдо мекунам, ки ҳангоме ки ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад.
  22. Зеро ки ман ба ҳасби инсони ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам,
  23. Лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст.
  24. Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад?
  25. Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегўям. Пас, ман бо хиради худ шариати Худоро бандагӣ мекунам, вале бо ҷисми худ қонуни гуноҳро.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s