Румиён боби 5

Маънои  сафед  шудан. 1. Сулҳу осоиштагӣ бо  Худо  ва  боварӣ  ба  наҷоти  оянда.

  1. Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ суҳлу осоиштагӣ дорем,
  2. Ки ба воситаи Ў мо бо имон сўи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли Худо меболем.
  3. Ва на фақат бо ин, балки бо мусибатҳо низ меболем, зеро медонем, ки мусибат сабрро ба вуҷуд меоварад,
  4. Ва сабр-ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагӣ-умедро,
  5. Ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рўҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст.
  6. Зеро ки Масеҳ, ҳангоме ки мо ҳанўз суст будем, дар вақти муқараршуда барои осиён мурд.
  7. Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некўкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад.
  8. Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳагоме ки ҳанўз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.
  9. Пас, алалхусус алҳол, ки бо Хуни Ў сафед шудаем, ба воситаи Ў аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт.
  10. Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ў мусолиҳа карда бошем, пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ў наҷот хоҳем ёфт;
  11. Ва на фақат ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ меболем, ки ба василаи Ў алҳол мусолиҳа ба даст овардем.

2. Ҳаёт ба воситаи  Масеҳ  ба  ҷои  мамот  ба  воситаи  Одам.

  1. Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.
  2. Зеро ки пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, лекин вақте ки шариат нест, гуноҳ ҳисоб карда намешавад.
  3. Бо ин ҳама, аз Одам то Мусо мамот бар онҳое низ ҳукмрон буд, ки гуноҳе монанди гуноҳи Одам накарда буданд, ки ў тимсоли Шахси оянда аст.
  4. Лекин бахшоиши файз на ончунон аст, ки гуноҳ бошад. Зеро ки агар бо гуноҳи як кас бисьёр касон гирифтори мамот шуда бошанд, пас, алалхусус файзи Худо ва бахшоиши он барои бисьёр касон ба василаи файзи як Одам, яъне Исои Масеҳ, фаровон мегардад.
  5. Ва бахшоиш на ончунон аст, ки ба воситаи як гуноҳкор бошад; зеро ки доварӣ пас аз як гуноҳ сабаби маҳкумият мешавад, лекин бахшоиши файз пас аз гуноҳҳои бисьёр сафед мекунад.
  6. Зеро ки агар бо гуноҳи як кас мамот ба воситаи ҳамин як кас ҳукмрон шуда бошад, пас, алалхусус онҳое ки файзи фаровон ва бахшоиши адолатро қабул мекунанд, дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона ҳукмрон хоҳанд шуд.
  7. Бинобар ин, чунон ки ба воситаи гуноҳи як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд, ончунон ба воситаи адолати Як Кас ҳамаи одамон барои ҳаёт сафед шуданд.
  8. Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисьёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як кас бисьёр касон одил мешаванд.
  9. Аммо шариат баъд ба майдон омад, то ки гуноҳ зиёд шавад; ва ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз бағоят фаровон гардид,
  10. То ки, чунон ки гуноҳ ба воситаи мамот ҳукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи адолат барои ҳаёти ҷовидонӣ ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ ҳукмрон шавад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s