Румиён боби 4

Иброҳ  ба  воситаи  имон  сафед  шудааст.

  1. Пас, фарзан, падари мо Иброҳим ба ҳасби ҷисм чӣ чизе пайдо кард?
  2. Агар Иброҳим бо аъмоли худ сафед шуда бошад, ў шоёни таъриф аст, аммо на дар пеши Худо.
  3. Зеро ки дар Навиштаҳо чӣ гуфта шудааст:“Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ў адолат ҳисоб карда шуд“.
  4. Барои касе амал мекунад, муздаш на аз рўи эҳсон, балки аз рўи ўҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад;

Худо  сарфи  назар  аз  аъмол  сафед  мекунад.

  1. Лекин барои касе ки амал намекунад, балки имон меоварад ба Он ки осиёнро сафед мекунад, имонаш адолат ҳисоб карда мешавад.
  2. Чунон ки Довуд низ одамеро хушбахт меномад, ки Худо ба вай адолатро сарфи назар аз аъмолаш ато мекунад:
  3. ‘‘Хушо касоне ки ҷиноятҳошон омурзида ва хатоҳошон пўшида шудааст;
  4. Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намегирад’’.

Барои  Иброҳим  имон  пеш  аз  хатна  адолат  ҳисоб  карда  шуд.

  1. Оё ин хушбахтӣ ба махтунон тааллуқ дорад ё ки ба номахтунон низ? Мо гуфтем, ки барои Иброҳим имонаш адолат ҳисоб карда шуд.
  2. Кай ҳисоб карда шуд? Баъд аз хатна ё ки пеш аз хатна? Баъд аз хатна не, балки пеш аз хатна буд.
  3. Ва аломати хатнаро ў, ҳамчун мўҳри адолат мувофиқи имоне ки дар ҳолати номахтуни худ дошт, пайдо кард, бинобар ин ў падари ҳамаи имондорони номахтун шуд, то ки ба онҳо низ адолат ато шавад,
  4. Ва ҳамчунин падари махтунон шуд, ки онҳо на фақат хатна шудаанд, балки низ имонеро, ки Иброҳин дар ҳолати номахтунӣ дошт, пайравӣ кунанд.

Иброҳим  падари  ҳамаи  имондорон.

  1. Зеро ки ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ў вориси ҷаҳон хоҳад буд, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи адолати имон ато шудааст.
  2. Зеро ки агар аҳли шариат ворис бошанд, дар он сурат имон пуч асту ваъда ботил;
  3. Чунки шариат сабаби ғазаб мешавад, зеро ки дар ҷое ки шариат нест, вайронкунандагони он ҳам нест.
  4. Бинобар ин мувофиқи имон аст, то ки мувофиқи файз бошад, барои он ки ваъда ба тамоми насли Иброҳим, на фақат ба насли мувофиқи шариат, балки ба насли мувофиқи имони ў низ таъмин шавад, ки ў падари ҳамаи мост,
  5. Чунон ки навишта шудааст:’’Ман туро падари халқҳои бисьёр гардонам’’, дар пеши Худое ки Иброҳим ба Ў имон овард, дар пеши Худое ки мурдагонро зинда мекунад ва номавҷудро ҳамчун маҷуд мехонад.
  6. Дар сурате ки ҳеҷ умеде набуд, Иброҳим умедвор шуда, имон овард, то ки падари халқҳои бисьёр шавад, аз рўи он чи гуфта шудааст:’’Насли ту чунин хоҳад буд’’.
  7. Ва имонаш суст нашуд, ва ба он ҳам назар накард, ки ҷисми ў, дар синни қариб садсолагӣ, аллакай пир шудааст, ва батни Соро низ аз кор баромадааст;
  8. Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд,
  9. Ва боварии комил дошт, ки Ў ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст.

На  танҳо  барои  Иброҳим,  балки  низ  барои  ҳамаи  онҳое  ки  ба  Хуни  кафорат  ва  ба  эҳьёи  Масеҳ  имон  дорад,  имон  адолат  ҳисоб  карда  шуд.

  1. Аз ҳамин сабаб барои ў адолат ҳисоб карда шуд.
  2. Аммо на фақат нисбат ба ў навишта шудааст, ки барои ў ҳисоб карда шуд,
  3. Вале нисбат ба мо низ: барои мо низ ҳисоб карда хоҳад шуд, ки имон дорем ба Он ки Худованди мо Исоро аз мурдагон эҳьё кард,
  4. Ки Ў ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо эҳьё гардид.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s