Румиён боби 3

Худо  дар  доварии Худ  амин  ва  одил  аст.

  1. Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад, ё ки хатна чӣ фоида дорад?
  2. Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст.
  3. Зеро ки чӣ гўем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафогии онҳо вафои Худоро ботил мекунад?
  4. Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки Худо барҳақ аст, агарчи ҳар одам козиб бошад, чунон ки навишта шудааст:’’То ки Ту дар суханони Худ ҳақ бароӣ ва дар доварии Худ ғолиб оӣ’’.
  5. Лекин агар шарорати мо адолати Худоро зоҳир мекарда бошад, чӣ гўем? Оё Худо, ҳангоме ки ба ғазаб меояд, беадолат аст? Инро ман ба таври муҳокимаи одами мегўям.
  6. Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки дар он сурат Худо чӣ тавр метавонад оламро доварӣ кунад?
  7. Зеро ки агар ба воситаи дурўғи ман ростии Худо барои ҷалоли Ў афзун мешуда бошад, пас чаро ман боз ҳанчун гуноҳкоре маҳкум мешавам?
  8. Ва чӣ гуна баъзеҳо ба мо бўҳтон зада, даъво мекунанд, ки гўё мо мегуфта бошем:’’Биёед бадӣ кунем, то ки некӣ ҳосил шавад’’? Маҳкумияти чунин касон ҳаққонист.

Ба  гуноҳ  гирифтор  будани  ҳамаи  одамон.

  1. Пас чӣ гўем? Оё мо бартарӣ дорем? Не, надорем, зеро ки мо аллакай исбот кардаем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама гирифтори гуноҳ ҳастанд,
  2. Чунон ки навишта шудааст:’’Касе одил нест, як нафар ҳам нест;
  3. Касе соҳибфаҳ нест; касе толиби Худо нест;
  4. Ҳама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: некўкоре нест, як нафар ҳам нест.
  5. Гулўяшон қабри кушода аст; бо забонашон фиреб медиҳанд; бар лабонашон заҳри мор аст;
  6. Даҳонашон пур аз ғайбат ва ҳасрат аст;
  7. Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст;
  8. Харобкорӣ ва ҳалокат дар роҳҳои онҳост;
  9. Онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд.
  10. Дар пеши чашмашон тарси Худо нест’.
  11. Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегўяд, ба аҳли шариат рў оварда мегўяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад,
  12. Чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ў сафед нахоҳад шуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.

Гуноҳкор  фақат  ба  хотири  Масеҳ  ба  воситаи  имон  сафед  мешавад.

  1. Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд,
  2. Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,
  3. Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд.
  4. Ва ройгон, бо файзи Ў, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешавад,
  5. Ки Ўро Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ў ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ў дар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаан,
  6. Ва барои нишон додани адолати Ў дар замони ҳозира, то ки Ў одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад.
  7. Пас, куҷост он чи боиси болидан бошад? Он тамоман аз байн рафтааст. Ба кадом шариат? Оё ба шариати аъмол? На, балки ба шариати имон.
  8. Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод, сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад.
  9. Ё ки Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Хуоди халқҳо ҳам нест? Албатта Худои халқҳо ҳам мебошад;
  10. Чунки Худо ягона аст, ва Ў махтунонро аз рўи имон ва номахтунонро ба воситаи имон сафед мекунад.
  11. Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ботил мекунем? Ба ҳеҷ ваҷҳ, балки шариатро устувор мегардонем.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s