Румиён боби 16

3. Маъруфӣ кардани Фубӣ.

  1. Хоҳари мо Фубиро, ки ходимаи калисои Канхария аст, ба шумо маъруфӣ менамоям,
  2. То ки вайро ба хотири Худованд, ба тавре ки шоистаи муқаддасон бошад, қабул кунед ва дар ҳар бобат, ки ба шумо эҳтиёҷ дошта бошад, ба вай мадад расонед; зеро ки вай ҳам ба бисьёр касон ва ба худи ман низ мадад буд.

4. Саломҳо ба имондорон.

  1. Ба Прискила ва Акило, ки ҳамкорони ман дар Исои Масеҳ буданд, салом гўед;
  2. Онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на фақат ман, балки ҳамаи калисоҳои халқҳо низ мамнун ҳастанд; ҳамчунин ба аҳли калисое ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гўед.
  3. Ба маҳбуби ман Апинтус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гўед.
  4. Ба Масрьям, ки барои мо бисьёр меҳнат кардааст, салом гўед.
  5. Ба хешони ман Андрониқўс ва Юниёс, ки бо ман бандӣ буданд, салом гўед; онҳо дар миёни ҳаввориён машҳур ҳастанд ва аз ман пештар ба Масеҳ имон овардаанд.
  6. Ба Амплиёс, ки дар Худованд маҳбуби ман аст, салом гўед.
  7. Ба Урбонус, ки дар Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохис, ки маҳбуби ман аст, салом гўед.
  8. Ба Апалис, ки дар Масеҳ озмуда шудааст, салом гўед. Ба аҳли байти Аристоблус салом гўед.
  9. Ба хеши ман Ҳиродиюн салом гўед. Ба онҳое ки аз аҳли байти Наркисус ба Худованд имон дорад, салом гўед.
  10. Ба Труфино ва Трифосо, ки дар дар кори Худованд фаъол ҳастанд, салом гўед. Ба Парсиси маҳбуба, ки дар кори Худованд бисьёр фаъол аст, салом гўед.
  11. Ба Руфус, ки баргузидаи Худованд аст, ва ба модари ў, ки барои ман мисли модар аст, салом гўед.
  12. Ба Асункритус, Флигўн, Ҳермос, Патрубос, Ермис ва бародароне ки бо онҳоянд, салом гўед.
  13. Ба Филўлўгус ва Юлиё, Нирвас ва хоҳараш, ва Ўлумпос, ва ҳамаи муқаддасоне ки бо онҳоянд, салом гўед.
  14. Ба якдигар бо бўсаи муқаддасони салом гўед. Ҳамаи калисоҳои Масеҳ ба шумо салом мегўянд.

5. Огоҳонидан аз таълимҳои  козибона.

  1. Шуморо, эй бародарон, даъват менамоям, ки аз касоне ки бар хилофи таълиме ки шумо ёфтаед, дар миён ҷудоӣ ва васваса меандозанд, эҳтиёт бошед ва аз онҳо канорагирӣ кунед;
  2. Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд.
  3. Итоати шумо ба ҳама маълум аст; ва ман низ аз шумо хурсандам, лекин орзумандам, ки шумо дар некӣ хирадманд ва дар бадӣ соддадил бошед.
  4. Ва Худои сулҳу осоиштагӣ ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун хоҳад кард. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод!

6. Саломҳо ба ҳамкорон.

  1. Ҳамкорам Тимотиюс ва хешонам Лукюс, Ёсўн ва Сўсипатрус ба шумо салом мегўянд.
  2. Ман Тартиюс низ, ки ин номаро навиштаам, ба шумо дар Худованд салом мегўям.
  3. Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли калисо мебошад ба шумо салом мегўяд. Хазинадори шаҳр Арастус ва бародари мо Квартус ба шумо салом мегўянд,
  4. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s