Румиён боби 15

4. Ҳар яке ба  бародараш  бар  ҳасби  намунаи  Масеҳ  мадад  бирасонад.

  1. Ва мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро брдорем ва толиби роҳати худ набошем.
  2. Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай барои тақвияти вай аст.
  3. Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худо набуд, балки чунон ки навишта шудааст:“Бадгўиҳои бадгўёни Ту бар Ман афтодааст“.

Имондороне  ки аз  байни  халқҳо  ва  яҳудиён  ҳастанд,  калисои  ягонаи  Масеҳро  ташкил  мекунанд.

  1. Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омўхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем.
  2. Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор шуморо тақвият диҳад, ки бо ҳамдигар, мутобиқи Исои Масеҳ, ҳамфикр бошед.
  3. То ки шумо якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гўед.
  4. Пас, якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст.
  5. Зеро ман мегўям, ки Исои Масеҳ, ба хотири ростии Худо, барои махтунон хизматгузор шуд, то ки ваъдаҳои ба падарон додашударо ба иҷро расонад.
  6. Ва барои он ки халқҳо Худоро ба хотири марҳамати Ў ҳамду сано гўянд, чунон ки навишта шудааст:“Бинобар ин Туро дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт ва исми Туро тараннум хоҳам кард“
  7. Ва боз гуфта шудааст:“Эй халқҳо, бо қавми Ў хушнўд шавед“.
  8. Ва боз:“Эй ҳамаи халқҳо, Худовандро ситоиш кунед ва, эй ҳамаи қавмҳо, Ўро ҳамду сано гўед“.
  9. Ишаъё низ мегўяд:“Решаи Йисой хоҳад омад, ва Ў барои мутеъ кардани халқҳо хоҳад бархост; халқҳо ба Ў умед хоҳанд баст“
  10. Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имонатон аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад, то ки бо қуввати Рўҳулқудс умедатон афзун гардад.

Хотимаи  нома: 1. Ваколати Павлус барои  навиштани  ин  нома.

  1. Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебошед ва якдигарро насиҳат карда метавонед.
  2. Лекин ман касе ҷуръат намуда, ба шумо баъзе чизҳоро гўё ки хотиррасон кардам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман ато фармудааст.
  3. Барои он ки дар миёни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рўҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.
  4. Пас, ман метавонам дар Исои Масеҳ пеши Худо ифтихор намоям;
  5. Зеро ҷуръат намекунам чизе бигўям ҷуз он чи Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал,
  6. Бо қуввати аломоту мўъҷизот, бо қуввати Рўҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикўн башорати Масеҳро интишор кардаам,
  7. Дар айни ҳол ман саъю кўшиш намудаам, на дар он ҷойҳое ки исми Масеҳ машҳур аст, башорат бидиҳам, то ки бар таҳкурсии дигарон бино накунам,
  8. Балки, чунон ки навишта шудааст:“Онҳое ки хабари Ўро наёфтаанд, хоҳанд дид, ва онҳое ки нашунидаанд, хоҳанд фаҳмид“.

2. Нақшаи сафар.

  1. Ҳамин чиз буд, ки дафъаи бисьёр ба омадани ман назди шумо монеъ шуд.
  2. Лекин алҳол, ки маро дар ин кишварҳо дигар коре нест, ва чандил сол боз орзурмандам, ки назди шумо биёям,
  3. Ҳамин ки ба сафари Испония биравам, назди шумо хоҳам омад. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам бо шумо мулоқот кунам, ва шумо маро, баъд аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед.
  4. Аммо ҳоло ман ба Ерусалим меравам, то ки ба муқаддасон хизмат кунам,
  5. Зеро ки аҳли Мақдуния ва Охоия салоҳ донистанд ки хайроте барои камбағалони муқаддасони Ерусалим фиристонанд.
  6. Инро салоҳ донистанд, вале нисбат ба онҳо ўҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо аз ҷиҳати рўҳонӣ шарик шудаанд, бояд ба онҳо аз ҷиҳати маишӣ низ хизмат кунанд.
  7. Пас, ин корро анҷом дода ва ин маблағро ба дасти онҳо супурда, ман бо роҳи кишвари шумо ба Испония хоҳам рафт.
  8. Ва яқин дорам, ки ҳар гоҳ назди шумо биёям, бо баракати пурраи башорати Масеҳ хоҳам омад.
  9. Пас, эй бародарон, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ ва ба хотири муҳаббати Рўҳ аз шумо илтимос дорам, ки ҳамроҳи ман дар дуоҳои худ барои ман назди Худо ҷидду ҷаҳд намоед,
  10. То ки аз беимонони Яҳудо раҳо шавам, ва хизмати ман дар Ерусалим мақбули муқаддасон афтад.
  11. Ва ман, бо хости Худо, бо шодмонӣ назди шумо биёям ва бо шумо ором ёбам.
  12. Ва Худои сулҳу осоиштагӣ бо ҳамаи шумоён бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s