Румиён боби 14

Дар  бораи  касони  сустимон  ва  қавиимон. 1. Дар бораи лутфу  марҳамат  ба  сустиҳои  дигарон.

  1. Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо мубоҳиса намоед.
  2. Яке боварӣ дорад, ки хўрдани ҳама чиз ҷоиз аст, вале он ки суст аст, фақат сабзавот мехўрад.
  3. Касе ки мехўрад, набояд он касе, ки намехўрад, хор шуморад; ва касе ки намехўрад, набояд он касро, ки мехўрад, маҳкума кунад: чунки Худо ўро қабул кардааст.
  4. Ту кистӣ, ки бандаи каси дигарро маҳкум мекунӣ? Пеши оғои худ ў меистад ё меафтад; аммо ба по хоҳад истод, зеро ки Худо қодир аст ўро ба по бархезонад.

2. Бигзор ҳар яке  дар  эътиқоди  худ  устувор  бошад.

  1. Як кас як рўзро аз рўзи дигар авло медонад; лекин каси дигар рўзҳоро баробар медонад. Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад.
  2. Он ки рўзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рўзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехўрад, барои худованд мехўрад, зеро ки Худоро шукр мегўяд.Ва он ки намехўрад, барои Худованд намехўрад ваХудоро шукр мегўяд.
  3. Зеро ки ҳеҷ яке аз мо барои худ зист намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемирад.
  4. Зеро ки агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем,ва агар бимитрем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем.
  5. Зеро Масеҳ барои он мурд ва аз нав зинда шуд, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад.
  6. Пас чаро ту бародаратро маҳкун мекунӥ? Ё ту низ чаро бародаратро хор мешуморӥ? Охир ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд.
  7. Зеро ки навишта шудааст:“Қасам ба ҳаёти Худам мегўяд Худованд: пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне Худоро ситоиш хоҳад кард“.
  8. Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод.

3. Боиси васваса шудан  лозим  нест.

  1. Пас, якдигарро дигар маҳкум накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад.
  2. Ман меоднам ва дар Исои Худованд яқин дорам, ки ҳеҷ як чиз ба худии худ наҷис нест; фақат барои касе ки чизеро наҷис мешуморад, он чи наҷис аст.
  3. Ва агар бародарат аз барои хўрок озурда шавад, ту дигар аз рўи муҳаббат рафтор намекунӥ; бо хўроки худ он касро, ки Масеҳ барои ў мурдааст, нобуд накун.
  4. Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгўӥ накунанд.
  5. Зеро ки Малакути Худо аз хўрдан ва нўшидан иборат нест, балки адолат, сулҳу осоиштагӥ ва шодмонӥ дар Рўҳулқудс аст.
  6. Ва ҳар кӥ ба ин тариқа Масеҳро бандагӥ мекунад, вай писандидаи Худо ва мақбули мардум аст.
  7. Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӥ ва тақияти якдигар саъю кўшиш кунем.
  8. Аз барои хўрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хўрдан касе ба васваса афтад, ин кор савоб надорад.
  9. Беҳтар аст, ки гушт нахўрӣ, май нанўшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хўрдан, ё ба васваса афтодан ё суст шудани бародарат мегардида бошад.
  10. Имоне ки ту дорӣ, барои худат, дар пеши Худо дошта бош. Хушо касе ки худро барои он чи баргузидааст, маҳум накунад.
  11. Аммо он ки шубҳа дорад, агар бихўрад, маҳкум мегардад, чунки ин корро аз рўи имон накард; ва ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст.

Ҷалол  додани  Худо.

  1. Ба Ў, ки қодир аст шуморо устувор гардонад ва ҳасби башорати ман ва мавъизаи Исои Масеҳ, ба ҳасби кашфи он сирре ки аз замонҳои азаллӣ ниҳон буд,
  2. Вале алҳол зоҳир шуда, ба воситаи навиштаҳои анбиё, бо амри Худои ҷовидонӣ ба ҳамаи халқҳо маълум шудааст, то ки ба итоати имон дароянд,
  3. Ба Худои ҳакими якто, ба воситаи Исои Масеҳ, то абад ҷалол бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s