Румиён боби 13

Имон  ва  ҳукуматдорон.

  1. Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд.
  2. Бинобар ин ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди амри Худо исьён кардааст; ва исьёнгарон гирифтори маҳкумият хоҳанд шуд.
  3. Зеро ки ҳокимон на барои некўкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Корҳои нек кун, ва сазовори таърифи вай хоҳӣ шуд;
  4. Чунки вай хизматгузори Худост бар нафъи ту. Аммо агар корҳои бад кунӣ, битарс; зеро ки вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст; вай хизматгори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон интиқом мегирад.
  5. Бинобар ин на фақат аз тарси ҷазо, балки низ аз рўи виҷдон итоат кардан лозим аст.
  6. Ба ҳамим сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд.

Имондор  ба  ёри  ў.

  1. Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед; андозро ба касе ки андоз меситонад; хироҷро ба касе ки хироҷ мегирад; тарсро ба касе ки лоиқи тарс аст; иззатро ба касе ки шоистаи иззат аст.
  2. Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар; зеро ҳар кӣ каси дигарро дўст медорад, шариатро ба ҷо меовардааст.
  3. Зеро ки аҳкоми:’’Зино накун’’, ‘‘Қатл накун’’, ‘‘Дузди накун’’, ‘‘Шаҳодати дурўғ надеҳ’’, ‘‘Тамаъ накун’’, Ва тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи ‘‘Ёратро мисли худат дўст дор’’ ҷамъбаст карда шудааст.
  4. Муҳаббат ба ёр бадӣ намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст.

Ҳаёти  имондорон  дар  интизори  ба  зудӣ  завол  ёфтани  ҷаҳон.

  1. Дар айни ҳол вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардаем, наздиктар аст.
  2. Шаб гузашту рўз наздик омад, пас, биёед, аъмоли зулмотро як сў монему аслиҳаи нурро дар бар кунем.
  3. Мисли он ки рўзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо айёшӣ, на бо мастигарӣ, на бо шаҳватпарастӣ ва фисқу фуҷур, на бо низоъ ва ҳасад.
  4. Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s