Румиён боби 10

Ҳар  кӣ  имон  оварад  ва  Худовандро  даъват  намояд,  наҷот  хоҳад  ёфт.

  1. Эй бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.
  2. Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рўи фаҳм.
  3. Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд;
  4. Чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои адолати ҳар касе ки имон меоварад.
  5. Мусо дар бораи адолате ки аз рўи шариат аст, чунин менависад:“Ҳар кӣ онро ба ҷо оварад, ба воситаи он хоҳад зист“
  6. Аммо адолате ки аз рўи имон аст, чунин мегўяд:“Дар дили худ нагў:’’Кӣ ба осмон сууд мекунад?’’„ барои он ки Масеҳро поён фурорад.
  7. Ё:“Кӣ ба варта нузул мекунад?“ барои он ки Масеҳро аз мурдагон боло барорад.
  8. Аммо вай чӣ мегўяд? Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст, яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем.
  9. Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ўро аз мурдагон эҳьё кард, наҷот хоҳӣ ёфт;
  10. Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ўст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ўст.
  11. Зеро Навиштаҳо мегўяд:“Ҳар кӣ ба Ў имон овард, хиҷил хоҳад шуд“
  12. Ва дар ин бобат ҳеҷ тафовуте дар миёни яҳудиён ва юнониён нест, зеро ҳама Худованди Ягонае доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки исми Ўро мехонанд, сарватманд аст.
  13. Зеро ‘‘ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт’’.
  14. Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ў имон наоварадаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ў чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд?
  15. Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза мекунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст:“Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!“
  16. Лекин на ҳама башоратро гўш карданд. Зеро Ишаъё Мегўяд:“Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?“
  17. Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва ваъз ба воситаи каломи Худост.
  18. Аммо мегўям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс:“Садои онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, ва каломашон то ақсои дуньё расид“.
  19. Аммо магўям: оё Исроил намедонист? Пеш аз ҳама Мусо мегўяд:“Ман ба воситаи он чи қавм нест, рашки шуморо ба вуҷуд хоҳам овард, ба воситаи мардуми бефаҳ шуморо ба хашм хоҳам овард“.
  20. Ва Ишаъё далерона мегўяд:“Касоне Маро ёфтанд, ки толиби Ман набуданд, ба касоне Худро зоҳир сохтам, ки ҷўёи Ман набуданд“.
  21. Аммо дар бораи Ў мегўяд:“Тамоми рўз дастҳои Худро сўи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s