Марқӯс боби 16

Эҳьёи   Исо   ва   воқеаҳои   ин   рўз

  1. Баъд аз гузаштани шанбе, Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб буд, ва Салўмут ҳанут хариданд, то рафта Ўро тадҳин кунад.
  2. Ва саҳарии рўзи якшанбе, чун офтоб тулў кард, онҳо ба сари қабр омаданд,
  3. Ва ба ҳамдигар мегуфтанд:“Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?“
  4. Чун нигаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисьёр бузург буд.
  5. Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд.
  6. Вай ба онҳо гуфт:“Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷў мекунед; Ў эҳьё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ўро ниҳода буданд.
  7. Лекин рафта, ба шогидони Ў ва ба Петрус гўед, ки Ў пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ўро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо хоҳед дид“.
  8. Ва зуд баромада, тозон аз пеши қабр рафтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, зеро ки метарсиданд.

Фармоиш дар бораи вазифа.

  1. Саҳарии рўзи якшанбе эҳьё шуда, аввал ба Марьями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, зоҳир шуд.
  2. Вай рафта, ба ҳамроҳони Ў, ки гирьёну нолон буданд, хабар дод;
  3. Лекин онҳо чун шуниданд, ки Ў зинда аст, ва Ўро вай дидааст, бовар накарданд.
  4. Баъд аз он ба сурати дигар ба ду нафари онҳо, ки ба деҳа мерафтанд, дар роҳ зоҳир шуд.
  5. Ва онҳо баргашта, ба дигарон хабар доданд’ лекин ба онҳо низ бовар накарданд.
  6. Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳо ки Ўро эҳьё шуда дида буданд, бовар накарданд.
  7. Ва ба онҳо гуфт:“Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот мавъиза кунед.
  8. Ҳар кӣ имон оварда, таъмид ёбад, наҷот хоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.
  9. Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон хоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гўянд;
  10. Ва морҳоро гиранд; ва агар заҳри қотиле бихўранд, ба онҳо осеб нарасонад; ва даст бар беморон ниҳанд, онҳо шифо ёбанд“.

Сууди   Исо.

  1. Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо сухан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.
  2. Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломати баъдина каломро собит мегардонд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s