Марқӯс боби 15

Исо  ба  ҳузури  Пилотус.

  1. Бомдодон фавран саркоҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шўрои пирон машварат карданд ва Исоро баста бурданду ба Пилотус таслим карданд.
  2. Пилотус аз Ў пурсид:“Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?“ Ў ҷавоб дода гуфт:“Ту мегўӣ“.
  3. Ва саркоҳинон Ўро бисьёр айбдор мекарданд.
  4. Пилотус боз аз Ў пурсид:“Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бингар, ки чи қадар Туро айбдор мекунанд“.
  5. Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд.

Исо  не,  балки  Бараббос.

  1. Дар ҳар ид вай як бандиро, ки мехостанд, барои онҳо озод мекард.
  2. Бараббос ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти исьён одам кушта буданд.
  3. Ва мардум фарьёд зада, илтимос карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад.
  4. Вай ба ҷавоби онҳо гуфт:“Оё мехоҳед, Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?“
  5. Зеро медонист, ки саркоҳинон Ўро аз рўи ҳасад таслим карда буданд.
  6. Лекин саркоҳинон мардумро барангехта буданд, ки Бараббосро барои онҳо озод кунад, беҳтар аст.
  7. Пилотус боз ба ҷавоби онҳо гуфт:“Пас чӣ мехоҳед бикунам бо он Касе ки Ўро Подшоҳи Яҳудиён меномед?“
  8. Онҳо боз фарьёд задана:“Ўро маслуб кун!“
  9. Пилотус ба онҳо гуфт:“Ў чӣ бадӣ кардааст?“Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд:“Ўро маслуб кун!“.
  10. Пас Пилотус, мардумро хушнўд кардани шуда, Бараббосро барои онҳо озод кард ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.

Тамасхур  ва  таҳқири  кардани  Исо.

  1. Ва сарбозон Ўро ба даруни ҳавлӣ, яъне ба сарбозхона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд;
  2. Ва ҷомаи арғувон ба Ў пўшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд;
  3. Ва оғоз ба салом намуданд:“Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!“
  4. Ва қамиш бар сараш заданд ва бар Ў туф карданд ва, зону зада, ба Ў таъзим карданд.
  5. Пас аз он ки Ўро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пўшонданд ва Ўро берун бурданд, то маслуб кунанд.
  6. Ва роҳгузареро аз Қурин, ки Шимъўн ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ўро бардорад.
  7. Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне“Ҷои косахонаи сар“ ном дошт.
  8. Ва шароби бо мур омехтаро барои нўшонданаш доданд; лекин Ў нанўшид.

Маслуб  кардани  Исо  ва  мамоти  Ў.

  1. Ононе ки Ўро маслуб карданд, либоси Ўро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе бигирад.
  2. Ва соати сеюм буд, ки Ўро маслуб карданд.
  3. Ва бар Ў чунин айбномае навишта шуда буд:“Подшоҳи Яҳудиён“.
  4. Бо Ў ду роҳзанро, яке аз дасти росташ ва дигареро аз дасти чапаш, маслуб карданд.
  5. Пас ба амал омад он Навиштае ки мегўяд:“Аз ҷинояткорон шумурда шуд“.
  6. Ва роҳгузарон Ўро дашном дода ва сар ҷунбонда, мегуфтанд:“Эй Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рўз аз нав бино мекунӣ!
  7. Худатро наҷот дода, аз салиб фурўд ой“
  8. Ҳамчунин саркоҳинон ва китобдонон Ўро истеҳзо карда, ба якдигар мегуфтанд:“Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад!“
  9. Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фурўд ояд, то бубинем ва имон оварем“. Ва онҳое ки бо Ў маслуб шуда буданд, Ўро дашном медоданд.
  10. Чун соати шашум расид, тамоми заминро то соати нўҳум торикӣ фаро гирифт.
  11. Ва дар соати нўҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:“Элўҳӣ, Элўҳӣ! Лама сабақтанӣ?“ яъне:“Худои Ман, Худои Ман! Чаро маро тарк кардаӣ?“.
  12. Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд:“Инак Ильёсро мехонад“.
  13. Пас шахсе шитоб карда, исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, ба Ў нўшонидани шуд ва гуфт:“Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то Ўро фурўд оварад?“
  14. Лекин Исо садои баланде бароварда, ҷон дод.
  15. Ва пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд.
  16. Мирисаде ки рў ба рўи Ў меистод, чун дид, ки Ў бо чунин садо ҷон дод, гуфт:“Ба ростӣ ин Одам Писари Худо буд“.
  17. Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он ҷумла Марьями Маҷдали ва Марьяме ки модари Яъқуби кўчак ва Йўсе буд, ва Салўмит,
  18. Ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз ақиби Ў мерафтанд ва ба Ў хизмат мекарданд, ва бисьёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ў ба Ерусалим омада буданд.

Дафни  Исо.

  1. Ва чун шом шуд, зеро ки рўзи ҷумъа, яъне бегоҳи шанбе буд,
  2. Юсуф ном шахсе аз Ҳаромот, узви намоёни шўро, ки худаш низ интизори Малакути Худо буд, омад ва ҷасорат карда назди Пилотус даромад ва Ҷасади Исоро талаб кард;
  3. Пилотус дар ҳайрат афтод, ки Ў зуд фавтидааст; ва юзбоширо талабида, аз вай пурсид, ки оё фавтид?
  4. Ва чун юзбошӣ фаҳмид, Ҷасадро ба Юсуф дод.
  5. Вай катоне харида ва Ҷасадро аз салиб фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ки дар дохили санг тарошида буд, ниҳод; ва сангеро бар дари қабр ғелонд.
  6. Ва Марьями Маҷдалия ва Марьями модари Йўсе диданд, ки куҷо гузошта шуд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s