Луқо боби 9

Исо  дувоздаҳ  шогирдонро  мефиристад,  то  ки  башорат  диҳанд.

  1. Он дувоздаҳро даъват намуда, бар ҳамаи девҳо, ва барои шифо додани касалиҳо ба онҳо қувват ва қудрат бахшид,
  2. Ва онҳоро фиристод, то ки Малакути Худоро мавъиза намоянд ва беморонро шифо диҳанд.
  3. Ба онҳо гуфт:“Барои роҳ чизе нагиред: на асое, на тўрбае, на ноне, на пуле; ва набояд ду пероҳан дошта бошед;
  4. Ва ба ҳар хонае, ки даромадед, дар он ҷо бимонед ва аз он ҷо боз ба роҳ дароед;
  5. Ва агар дар ягон ҷо шуморо қабул накунанд, вақте ки аз он шаҳр берун меравед, ғубори пойҳои худро биафшонед, то ки шаҳодате бар онҳо гардад“.
  6. Онҳо рафтанд ва деҳ ба деҳ гашта, дар ҳама ҷо башорат медоданд ва шифо мебахшиданд.

Беқарории  Ҳиродус  аз  боиси  Исо.

  1. Вақте ки тетрарх Ҳиродус овозаи тамоми амалиёти Ўро шунавид, дар ҳайрат афтод: зеро баъзе касон мегуфтанд, ки Яҳьё аз мурдагон эҳьё шудааст;
  2. Дигарон мегуфтанд, ки Ильёс зоҳир гардидааст; вале баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст.
  3. Ва Ҳиродус гуфт:“Ман сари Яҳьёро аз танаш ҷудо кардаам; пас, Ин кист, ки дар бораи Ў чунин гапҳоро мешунавам?“ Ва мехост ки Ўро бубинад.

Ҳаввориён  бармегарданд. Сер  шудани  панҷ  ҳазор  мард.

  1. Ҳаввориён баргашта, корҳои хуудро ба Ў нақл карданд; ва Ў онҳоро алоҳида ҳамроҳи Худ гирифта, ба ҷои хилвате рафт, ки дар қарибии Байт-Сайдо ном шаҳре буд.
  2. Аммо мардум хабардор шуда, аз ақиби Ў рафтанд, ва Ў онҳоро пазироӣ карда, бо онҳо дар бораи Малакути Худо сўҳбат кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод.
  3. Бегоҳирўзӣ наздик буд. Он дувоздаҳ назди Ў омада, гуфтанд:“Мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба қасаба ва деҳоти атроф рафта, манзил ва хўрок барои худ пайдо кунанд, чунки ин ҷои мо як ҷои хилват аст“.
  4. Ба онҳо гуфт:“Шумо ба онҳо хўрок диҳед“. Гуфтанд:“Мо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем; оё рафта, барои тамоми ин мардум хўроке бихарем?“
  5. Зеро ки онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Лекин Ў ба шогирдони Худ гуфт:“Онҳоро даста — даста панҷоҳнафарӣ шинонед“.
  6. Ва чунин карданд, ва ҳамаро шинонданд.
  7. Ва Ў панҷ нон ва ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, онҳоро баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд.
  8. Ҳама хўрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд.

Мардум  ва  шогирдон  Исоро  кӣ  мегўянд.

  1. Боре, вақте ки Ў дар ҷои хилвате дуо мегуфт, ва шогирдонаш бо Ў буданд, Ў аз онҳо пурсид:“Мардум Маро кӣ мегўянд?“
  2. Дар ҷавоб гуфтанд:“Баъзе мегўянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегўянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегўянд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст“.
  3. Аз онҳо пурсид:“Шумо Маро кӣ мегўед?“ Петрус дар ҷавоб гуфт:“Масеҳи Худо“.
  4. Ва Ў ба онҳо фармони қатъӣ дод, ки онро ба касе нагўянд;

Исо  дар  бораи  мамоти  Худ  ва  эҳьёи  Худ  сухан  меронад.

  1. Ва гуфт, ки Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, ва саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад, ва дар рўзи сеюм эҳьё шавад.

Исоро  чӣ  гуна  пайравӣ  бояд  кард?

  1. Ва ба ҳама гуфт:“Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;
  2. Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад;
  3. Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад, лекин худро талаф кунад, ё ки ба худ зиён расонад?
  4. Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм хоҳад кард“;

Дигаргун  шудани  Худованд.

  1. „Ба ростӣ ба шумо мегўям: баъзе, ки дар ин ҷо истодаанд, то Малакути Худоро набинанд, зоиқан маргро нахоҳанд чашид“.
  2. Баъд аз ин гапҳо тақрибан ҳашт рўз гузашта буд, ки Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо Худ гирифта, ба кўҳе барои дуо гуфтан баромад.
  3. Ва ҳангоме ки дуо мегуфт, чеҳраи Ў дигаргун шуд, ва либосаш сафеди дурахшон гардид.
  4. Ва инак, ду мард бо Ў гуфтугў мекарданд, ки Мусо ва Ильёс буданд:
  5. Онҳо дар ҷалоле зоҳир гардида, дар бораи оқибати Ў, ки бояд дар Ерусалим ба амал ояд, сухан меронданд.
  6. Аммо Петрус ва онҳоеро ки бо Ў буданд, хоб рабуда буд; ва ҳангоме ки бедор шуданд, ҷалоли Ўро, ва он ду мардро, ки бо Ў истода буданд, диданд.
  7. Вақте ки Мусо ва Ильёс аз пеши Ў мерафтанд, Петрус ба Исо гуфт:“Эй Устод! Дар ин ҷо будани некўст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс“, ва намедонист, чӣ мегўяд.
  8. Ҳанўз вай ин суханонро мегуфт, абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт; ва чун дохили абр шуданд, ба ҳарос афтоданд.
  9. Ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт:“Ин аст Писари Маҳбуби Ман; Ўро бишнавед“.
  10. Ва овоз баромадан замон, Исо танҳо монд. Ва онҳо лаб фурў бастанд ва он чи дида буданд, ба ҳеҷ кас дар он айём гап назаданд.

Шифо  ёфтани  девона.

  1. Рўзи дигар, вақте ки онҳо аз кўҳ фуромаданд, мардуми бисьёре Ўро пешвоз гирифтанд.
  2. Ва инак марде аз байни мардум фарьёд зада, гуфт:“Эй Устод! Аз Ту илтимос мекунам, ки ба писари ман як назар андозӣ, чунки вай фрзанди ягонаи ман аст:
  3. Рўҳе ўро мегирад, ва ў ногаҳон наъра мазанад, ва сахт печутоб мехўрад, ба тавре ки кафк аз даҳонаш мебарояд; ва ўро тамоман беҳолу бемадор карда, базўр аз ў даст мекашад;
  4. Аз шогирдони Ту илтимос кардам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд“.
  5. Исо дар ҷавоб гуфт:“Эй насли беимон ва каҷрафтор, то ба кай бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр“.
  6. Вақте ки вай наздик меомад, дев вайро ба замин ғалтонда, сахт печутоб дод; аммо Исо рўҳи палидро мазаммат намуд, ва писарро шифо дода, ба падараш супурд.
  7. Ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Ва ҳангоме ки ҳама аз ҳамаи кардаҳои Исо тааҷҷуб менамуданд, Ў ба шогидони Худ гуфт:

Исо  бори  дуюм  дар  бораи  мамоти  Худ  сухан  меронад.

  1. Ин суханонро дар гўши худ ҷо кунед: Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд“.
  2. Лекин онҳо он суханонро нафаҳмиданд, ва он аз онҳо пўшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд; ва тарсиданд, ки дар бораи ин сухан аз Ў бипурсанд.

Ба  муқобили  Иззатталабии  шогирдон.

  1. Ва дар майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.
  2. Исо андешаи дили онҳоро дарьёфта, кўдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт.
  3. Ва ба онҳо гуфт:“Ҳар кӣ ин кўдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул мекунад, Фиристодаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузургтар хоҳад буд“.

Рашки  сохтаи  шогирдон.

  1. Дар айни ҳол Юҳанно гуфт:“Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, ва ўро манъ кардем, чунки ў ҳамроҳи мо намегардад“.
  2. Исо ба вай гуфт:“Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, вай тарафдори шумост“.

Сомариён  Исоро  пазироӣ  намекунанд.

  1. Ва чун айёми сууди Ў наздик мешуд, Ў азми сафари Ерусалим кард;
  2. Ва қосидонро пешопеши Худ фиристод; ва онҳо рафта, вориди як қасабаи сомариён шуданд, то ки барои Ў тадорук кунанд:
  3. Аммо Ўро пазироӣ накарданд, зеро ки Ў рўй ба ҷониби Ерусалим ниҳода буд.
  4. Шогирдони Ў Яъқуб ва Юҳанно инро дида, гуфтанд:“Худовандо! Оё мехоҳӣ бигўем, ки оташе аз осмон омада, онҳоро маҳв намояд, чунон ки Ильёс карда буд?“
  5. Аммо Ў рў гардонда, онҳоро манъ кард ва гуфт:“Намедонед, ки шумо ба кадом рўҳ мансуб ҳастед“;
  6. Зеро ки Писари Одам на барои нобуд кардани ҷонҳои одамон, балки барои наҷот додани онҳо омадааст“.Ва ба қасабаи дигаре рафтанд.

Ҷиддияти  пайравӣ  кардан  ба  Исо.

  1. Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ў гуфт:“Худовандо! Ҳар ҷо ки равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард“.
  2. Исо ба вай гуфт:“Рўбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад“.
  3. Ба дигаре гуфт:“Маро пайравӣ кун“. Вай гуфт:“Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам“.
  4. Лекин Исо ба вай гуфт:“Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд: аммо ту рафта, аз Малакути Худо башорат деҳ“.
  5. Боз шахси дигаре гуфт:Худовандо! Туро пайравӣ хоҳам кард, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам“.
  6. Лекин Исо ба вай гуфт:“Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест“.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s