Луқо боби 7

Шифо  ёфтани  ғуломи  мирисад.

  1. Вақте ки Ў ҳамаи суханони худро ба самъи мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум ворид шуд.
  2. Ғуломи як мирисад, ки барояш азиз буд, касал шуда, ба ҳолати назъ расида буд.
  3. Вай овозаи Исоро шунида, пирони Яҳудиро назди Ў фиристод, то аз Ў илтимос кунанд, ки омада, ғуломи вайро шифо диҳад.
  4. Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ў бисьёр илтимос карда, гуфтанд:“Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш бикунӣ,
  5. Зеро ки вай қавми моро дўст медорад ва барои мо куништ иморат кард“.
  6. Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикиҳои хона расид, мирисад дўстонашро назди Ў фиристод, то ки ба Ў гўянд:“Оғо! Ташвиш накаш, зеро ман лоиқи он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ;
  7. Ба ин сабаб худамро низ лоиқ надонистам ки назди Ту биёям; балки сухане бигў, ва ғуломи ман шифо хоҳад ёфт;
  8. Зеро ки ман ҳам як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозон дорам; ба яке мегўям :’’Бирав’’, меравад; ба дигаре мегўям:’’Биё’’,меояд, ва ба ғуломи худ мегўям:’’Фалон корро бикун’’, мекунад“.
  9. Исо ин суханонро шунида, дар тааҷҷуб монд, ва ба мардуме ки аз ақиби Ў мерафтанд, рў гардонда гуфт:“Ба шумо мегўям, ки Ман дар Исроил ҳам чунин имоне наёфтам“.
  10. Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд.

Исо  писари  бевазанро  дар  Ноин  зинда  мекунад.

  1. Баъд аз он Ў ба шаҳре рафт, ки Ноин ном дорад, ва бисьёр аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум ҳамроҳи Ў мерафтанд.
  2. Вақте ки Ў ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисьёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд.
  3. Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сўхт ва ба вай гуфт:“Гирья накун“.
  4. Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ў гуфт:“Эй ҷавон! Ба ту мегўям, бархез“.
  5. Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ў вайро ба модараш супурд.
  6. Ва ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:“Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо қавми Худро тафаққуд намудааст“.
  7. Ин ақида дар бораи Ў дар тамоми Яҳудо ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
  8. Ва шогирдони Яҳьё ҳамаи инро ба ў хабар доданд.

Саволи  Таъмиддиҳанда  ва  ҷавоби  Исо.

  1. Ва Яҳьё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки бипурсанд:“Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?“
  2. Онҳо назди Ў омада, гуфтанд:“Яҳьёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки бипурсем:’’Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?’’„
  3. Дар ҳамон вақт Ў бисьёр касонро аз касалиҳо ва дардҳо ва аз арвоҳи палид шифо дода ва кўрони бисьёрро биноӣ бахшида буд.
  4. Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Биравед ва он чи дидед ва шунидед, ва Яҳьё бигўед: кўрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад;
  5. Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтанд“.

Шаҳодати  Исо  дар  бораи  Яҳьё.

  1. Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳьё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард:“Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани қамише ки аз бод меларзад?
  2. Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Аммо онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нўш зиндагӣ мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
  3. Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набӣ? Оре, ба шумо мегўям, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст“.
  4. „Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст:’’Инак Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад’’.
  5. Зеро ки ба шумо мегўям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, ҳеҷ як набие бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Малакути Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст“.
  6. Вақте ки тамоми мардум ва боҷгироне ки бо таъмиди Яҳьё таъмид гирфта буданд, шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд.

Исо   беақлии   беимониро   фош   мекунад.

  1. Аммо фарисиён ва шариатдонон иродаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд, зеро аз вай таъмид нагирифтанд.
  2. Ва Худованд гуфт:“Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кӣ монандӣ доранд?“
  3. „Онҳо ба кўдаконе монандӣ доранд, ки дар кўча нишаста ва якдигарро ҷеғ зада, мегўянд:’’Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед’’„
  4. Зеро ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехўрад ва на шароб менўшад; ва шумо мегўед:’’Вай дев дорад’’.
  5. Писари Одам омад, ки мехўрад ва менўшад, ва шумо мегўед:“Инак Марди пурхўр ва майгусор, ки дўсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст“.
  6. Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда шуд.

Зани  гуноҳкор,  ки  гоноҳаш  авф  шуда  буд,  ба  нишонаи  миннатдорӣ  Исоро  бо  равған  татҳин  мекунад.

  1. Яке аз фарисиён аз Ў хоҳиш кард, ки бо вай хўрок хўрад; ва Ў ба хонаи фарисӣ даромада, назди суфра нишаст.
  2. Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ў дар хонаи фарисӣ назди суфра нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани атрафшон овард;
  3. Ва аз қафо назди пойҳои Ў истода, гирьякунон пойҳои Ўро бо ашки худ шуст ва бо мўйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ўро бўсида, бо равғани атрафшон татҳин кард.
  4. Фарисие ки Ўро таклиф карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт:“Агар Ў нибӣ мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки Ўро ламс мекунад, зеро ки вай гуноҳкор аст“.
  5. Исо ба ў рў оварда гуфт:“Эй Шимъўн! ба ту чизе гуфтанӣ ҳастам“ Гуфт:“Бигўй, эй Устод“.

Масал  дар  бораи  қарзхоҳ  ва  ду  қарздор.

  1. Исо гуфт:“Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт.
  2. Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ў ҳар дуро бахшид. Бигў, ки кадоме аз онҳо ўро бештар дўст хоҳанд дошт?“
  3. Шимъўн дар ҷавоб гуфт:“Ба гумони ман, ҳамон касе ки ба вай ў бештар бахшидааст“ . Ба ў гуфт:“Дуруст фукр кардӣ“.
  4. Ва ба тарафи зан рў гардонда, ба Шимъўн гуфт:“Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодӣ; аммо вай пойҳои Маро бо ашк шуста, бо мўйҳои сараш хушконид.
  5. Ту Маро бўса накардӣ; аммо вай, аз вақти омаданам ин ҷониб, бўсидани пойҳои Маро бас намекунад.
  6. Ту сари Маро бо равғани зайтун татҳин накардӣ; аммо вай пойҳои Маро бо равғани атрафшон татҳин кард.
  7. Бинобар ин ба ту мегўям: гуноҳҳои бисьёри вай омурзида шудааст барои он ки вай муҳаббати бисьёре зоҳир намуд; вале касе ки кам омурзида шуда бошад, муҳаббати кам зоҳир намудааст“.
  8. Ва Ў ба вай гуфт:“Гуноҳҳоят омурзида шудааст“.
  9. Онҳое ки бо Ў назди суфра нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд:“Ин кист, ки гуноҳҳоро низ меомурзад?“.
  10. Ў ба зан гуфт:“Имонат туро наҷот дод; ба саломатӣ бирав“.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s