Луқо боби 6

Исо  ва  қоидаҳои  Яҳудиён  дар  бораи  рўзи  шанбе.

  1. Як рўзи шанбе чунин воқеъ шуд, ки Ў аз миёни киштзор мегузашт, ва шогирдони Ў хўшаҳоро мечинданд ва ба каф молида, мехўрданд.
  2. Ва баъзе аз фарисиён ба онҳо гуфтанд:“Чаро шумо коре мекунед, ки кардани он дар шанбе раво нест?“
  3. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
  4. Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро гирифта хўрд, ва ба ҳамроҳони худ низ дод, ва ҳол он ки хўрдани он раво набуд, ҷуз барои коҳинон?“
  5. Ва ба онҳо гуфт:“Писари Одам оғои шанбе низ мебошад“.

Шифо  ёфтани  дастхушк.

  1. Як рўзи шанбеи дигар Ў ба куништ даромада, таълим медод, ва дар он ҷо марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд.
  2. Китобдонон ва фарисиён аз паи Ў мепоиданд, ки шояд дар рўзи шанбе шифо диҳад, то ки айбе ба гардани Ў бор кунанд.
  3. Ва Ў андешаҳои онҳоро пай бурда, ба Марди дастхушк гуфт:“Бархез ва дар миёнҷо биист“. Вай бархост ва истод.
  4. Ва Исо ба онҳо гуфт:“Аз шумо мепурсам, ки дар рўзи шанбе кадом кор ҷоиз аст: некӣ кардан, ё бадӣ кардан? ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?“
  5. Ва ба ҳамаи онҳо назар афканда, ба он мард гуфт:“Дасти худро дароз кун“. Вай чунин кард, ва дасташ мисли дасти дигараш сиҳат шуд.
  6. Аммо онҳо бисьёр дарғазаб шуда, бо ҳамдигар муҳокима мекарданд, ки ба Исо чӣ кунанд.

Интихоб  шудани  дувоздаҳ  нафар  ва  номҳои  онҳо.

  1. Дар он айём Ў барои дуо гуфтан ба фарози кўҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт.
  2. Вақте ки чашми рўз кушода шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи ҳавориёнро дод, ки инҳоянд:
  3. Шимъўн, ки ўро Петрус номид, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филипус ва Барталмо,
  4. Матто ва Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъўн, ки лақабаш Ғаюр буд,
  5. Яҳудо ибни Яъқуб ва Яҳудои Исқарьют, ки баъдтар таслимкунандаи Ў шуд.

Фаъолияти  Исо  то  ҳудуди  Яҳудо  васъат  меёбад.

  1. Ва бо онҳо фурўд омада, бар ҷои ҳамворие истод, ва шумораи зиёди шогирдонаш ва мардум бисьёре аз тамоми Яҳудо ва Ерусалим ва аз соҳили Сўр ва Сидўм ҷамъ омаданд,
  2. То ки каломи Ўро гўш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд; дар байнашон ҳамчунин гирифтори арвоҳи палид буданд; ва шифо меёфтанд.
  3. Ва тамоми издиҳом саъю кўшиш мекарданд, ки Ўро ламс намоянд, чунки қуввате аз Ў берун омада, ҳамаро шифо мебахшид.

Мавъизаи  Исо: 1. Аҳкоми хушбахтӣ.

  1. Ва Ў ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт:“Хушо шумо, эй мискинон, зеро ки Малакути Худо аз они шумост.“
  2. „Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, зеро ки сер хоҳд шуд. Хушо шумо , ки ҳоло гирьён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд.
  3. Хушо шумо, вақте ки мардум ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат намоянд, ва шуморо дур кунанд, ва дашном диҳанд, ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд.
  4. Дар он рўз шодӣ кунеду ба ваҷд биёед, зеро ки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо анбиё ҳамин тавр рафтор мекарданд“.

2. Эълон кардани: вай  бар  ҳоли  шумо!

  1. „Бар акси ин, вой бар ҳоли шумо, эй сарватдорон! Зеро ки шумо аллакай тасаллои худро ёфтаед.
  2. Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло сер ҳастед! Зеро ки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло хандон ҳастед, зеро ки мотам хоҳед гирифт ва гиря хоҳед кард.
  3. Вой бар ҳоли шумо, вақте ки тамоми мардум шуморо таъриф кунанд. Зеро ки падарони онҳо бо анбиёи козиб ҳамин тавр рафтор карда буданд“.

3. Бартараф кардани бадӣ  ба  воситаи  муҳаббат.

  1. Лекин ба шумо, эй шунавандагон, мегўям:“душманони худро дўст бидоред, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед,
  2. Барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед ва барои озордиҳандагони худ дуо гўед“.
  3. „Ҳар кӣ ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сўи вай бигардон; ва ҳар кӣ ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ монеъ нашав“.
  4. Ҳар кӣ аз ту чизе талаб кунад, ба вай бидеҳ, ва ҳар кӣ чизи туро бигирад, гашта доданашро талаб накун.
  5. Ва чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед“.
  6. „Ва агар касонеро дўст доред, ки шуморо дўст доранд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ дўстдорони худро дўст медоранд“.
  7. „Ва агар ба касоне некӣ мекунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ чунин мекунанд“.
  8. „Ва агар ба касоне қарз диҳед, ки ба гашта гирифтан аз онҳо умед доред, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ ба гуноҳкорон қарз медиҳанд, то ки аз онҳо ҳамон қадар гашта гиранд“.
  9. „Лекин шумо душманони худро дўст бидоред, ва некӣ кунед, ва қарз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва Писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ў ба носипосон ва бадон меҳрубон аст“.
  10. „Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст“.

4. Ба муқобили маҳкум  кардани  дигарон.

  1. „Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум нахоҳед шуд, бибехшед ва бахшида хоҳед шуд“;
  2. „Бидиҳед, ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд, рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд“.
  3. Ва масале ба онҳо гуфт:“Оё метавонад кўре ба кўри дигар роҳнамоӣ кунад? Оё ҳар ду дар чоҳ намеафтанд?
  4. „Шогирд аз муаллими худ авло нест. Аммо, пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд“.
  5. „Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чўберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?“
  6. „Ё чӣ тавр метавонӣ ба бародари худ гўӣ:’’Эй бародар! иҷозат деҳ хасро аз чашми ту дур кунам’’, дар сурате ки чўбро дар чашми худ намебинӣ? Эй риёкор! Аввал чўбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ“.

5. Дар бораи ба  ҷо  овардани  иродаи  Худо.

  1. „Дарахти хубе нест, ки меваи бад меоварда бошад. Ва дарахти баде нест, ки меваи хуб меоварда бошд.
  2. Зеро ки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад; чунки аз буттаи олуча анҷир намегиранд, ва аз мушхор ангур намечинанд“.
  3. „Шахси нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меоварад, ва шахси бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меоварад; зеро ки даҳони вай аз пурии дил сухан мегўяд“.

6. Масал дар бораи  хонае  ки  бар  санг  бино  шудааст.

  1. Чаро Маро’’Худованд! Худованд!’’ мегўед, вале он чиро ки Ман мегўям, ба ҷо намеоваред?“
  2. Ҳар кӣ назди Ман биёяд ва суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ба шумо мефаҳмонам, ки вай ба кӣ монанд аст:
  3. „Вай ба касе монанд аст, ки хонае месохт, ва заминро чуқур канда, таҳкурсиро бар санг гузошт, ва ҳагоме ки сел омада, оби наҳр он хонаро зер кард, онро аз ҷояш ҷунбонда натавонист, чунки бар санг бино шуда буд.
  4. Лекин ҳар кӣ бишнавад ва ба ҷо наоварад, ба касе монанд аст, ки хонаашро бар рўи хок бе таҳкурсӣ бино кард, ва ҳангоме ки оби наҳр онро зер кард, дарҳол фурў рафт, ва харобии он хона бузург буд“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s