Луқо боби 5

Моҳигирии мўъҷизаосо.

  1. Боре, вақте ки мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ўро фишор медоданд, то ки каломи Худоро гўш кунанд, ва Ў дар канори кўли Ҷинесор истода буд,
  2. Ду қаиқро дид, ки дар кўл истода буданд, ва сайёдони моҳӣ аз онҳо берун омада, тўрҳои худро шустушўй мекарданд.
  3. Ба яке аз қаиқҳо, ки аз они Шимъўн буд, савор шуда, аз вай хоҳиш кард, ки андаке аз соҳил дуртар ронад, ва Ў дар қаиқ нишаста, мардумро таълим медод.
  4. Ва ҳангоме ки суханаш ба поён расид, ба Шимъўн гуфт:“Ба чуқуроб бирон, ва тўрҳои худро барои сайд андозед“.
  5. Шимъўн дар ҷавоби Ў гуфт:“Эй Устод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рўи сухани Ту тўрро меандозам“.
  6. Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайд карданд, ва кам ммонда буд, ки тўрашон кафида равад.
  7. Ва ба рафиқони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорат карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд; ва онҳо омада, ҳар ду қаиқро пур карданд, ба тавре ки қариб буд ки зери об раванд.
  8. Шимъўни Петрус, чун инро дид, пеши Исо зону зада, гуфт:“Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам“.
  9. Зеро ки вай ва ҳамаи ҳамроҳонаш аз ин сайди моҳиёне ки ба даст оварда буданд, дар даҳшат афтоданд.
  10. Ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанно, писарони Забдой низ, ки шарикони Шимъўн буданд. Ва Исо ба Шимъўн гуфт:“Натарс; минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард“.
  11. Ва ҳар ду қаиқро ба соҳил бароварданд, ва ҳамаро тарк карда, аз ақиби Ў равона шуданд.

Исо  махавиро  шифо  медиҳад.

  1. Вақте ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад, ва чун Исоро дид, рўй ба замин ниҳода, аз Ў илтимос кард:“Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ“.
  2. Ў дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт:“Махоҳам, пок шав!“ Ва дарҳол махав аз вай нест шуд.
  3. Ва Ў ба вай таъин кард, ки ба ҳеҷ кас гап назанад, балки рафта худро ба коҳин нишон диҳад ва барои пок шудани худ он ҳадияеро, ки Мусо фармудааст, тақдим кунад, то ба онҳо шаҳодате гардад.
  4. Аммо овозаи Ў то рафт паҳн мешуд, ва шумораи зиёди мардум назди Ў ҷамъ- меомаданд, то ки каломашро гўш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд.
  5. Ва Ў ба ҷойои хилват мерафт ва дуо мегуфт.

Шифо  ёфтани  мафлуҷ.

  1. Рўзе аз рўзҳо, вақте ки Ў таълим медод, ва фарисиён ва муаллимони шариат аз тамоми деҳоти Ҷалил ва аз Яҳудо ва Ерусалим омада, дар он ҷо нишаста буданд, ва қуввати Худованд дар шифо дар шифо доданаш зоҳир мешуд,
  2. Инак, якчанд кас марди мафлуҷеро бо бистараш бардошта оварданд, ва мехостанд вайро дароварда, пеши Ў бигузоранд,
  3. Вале ба сабаби бисьёрии мардум роҳе барои даровардани вай наёфта, болои бом баромаданд ва аз миёни сафолҳои он вайро бо бистараш ба миёни хона пеши Исо поён фуроварданд.
  4. Ва Ў имони онҳоро дида, гуфт:“Эй одамизод, гуноҳҳои ту омурзида шуд“.
  5. Китобдонон ва фарисиён дар дили худ андеша карда, мегуфтанд:“Ин кист, ки куфр мегўяд? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?“
  6. Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, дар ҷавоби онҳо гуфт:“шумо дар дили худ чӣ андешаҳо доред?
  7. Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки’’гуноҳҳои ту омурзида шуд’’, ё гуфтани он ки’’бархез ва равона шав’’?
  8. Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рўи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад“- ба мафлуҷ гуфт:“Ба ту мегўям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав“.
  9. Вай дарҳол дар пеши назари онҳо бархост, бистари худро бардошт ва, Худоро сипоскунон, ба хонаи худ равона шуд.
  10. Ва ҳама дар ҳайрат монданд, ва Худоро ҳамду сано мехонданд, ва дар ҳолате ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд:“Имрўз чизҳои аҷоибе дидем“.

Даъват  кардани  Матто. Исо  бо  боҷгирон  ва  гуноҳкорон  хўрок  мехўрад.

  1. Баъд аз ин Ў берун рафта, Левӣ ном боҷгиреро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт:“Аз паи Ман биё“.
  2. Вай ҳама чизро тарк карда, бархост ва аз паи Ў равона шуд.
  3. Ва Левӣ дар хонаи худ барои Ў зиёфати калоне дод, ва шумораи зиёди боҷгирон ва касони дигар дар он ҷо буданд, ва онҳо бо Ў назди суфра нишастанд.
  4. Китобдонон ва фарисиён норозигӣ баён намуда, ба шогирдони Ў гутанд:“Чаро шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехўред ва менўшед?“
  5. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд;
  6. Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам“.

Масъалаи  Рўзадорӣ.

  1. Ба Ў гуфтанд:“Чаро шогирдони Яҳьё бисьёр рўза медоранд ва дуо мегўянд, ҳамчунин шогирдони фарисиён низ, лекин шогирдони Ту мехўранд ва менўшанд?“
  2. Ба онҳо гуфт:“Оё метавонед аҳли кўшки никоҳро, модоме ки домод бо онҳост, ба рўзадорӣ водор намоед?
  3. Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ, дар он айём рўза хоҳанд дошт“.

Масалҳо  дар  бораи  ҷома  ва  машк.

  1. Дар айни ҳол ба онҳо ин масалро гуфт:“Ҳеҷ кас порчае аз ҷомаи нав гирифта, бар ҷомаи кўҳна ямоқ намемонад; вагар на, ҳам ҷомаи навро пора мекунад, ва ҳам ямоқи нав ба ҷомаи кўҳна мувофиқ намеояд“.
  2. „Ва ҳеҷ кас шароби навро дар машки кўҳна намеандозад; вагар на шароби нав машкро дарида, ҳам худаш мерезад, ҳам машк талаф мешавад;
  3. Лекин шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст; дар он сурат ҳар ду маҳфуз хоҳанд монд“.
  4. „Ва ҳеҷ кас шароби кўҳнаро нўшида, дарҳол навашро талаб намекунад, зеро ки мегўяд: шароби кўҳна хуб аст“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s