Луқо боби 4

Озмоиши  Исо.

  1. Ва Исо пур аз Рўҳулқудс аз Ўрдун баргашт, ва Рўҳ Ўро ба биёбон бурд,
  2. Ва чиҳил рўз Ўро иблис меозмуд, ва дар он рўзҳо Ў чизе нахўрд; ва баъд аз тамом шудани онҳо гурусна монд.
  3. Ва иблис ба Ў гуфт:“Агар Ту Писаари Худо бошӣ, ба ин санг бигўй, ки нон шавад“
  4. Исо ба вай ҷавоб дод:“Навишта шудааст, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар каломи Худо“.
  5. Ва Ўро ба кўҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ў нишон дод,
  6. Ва иблис ба Ў гуфт:“Тамоми салтанати ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам;
  7. „Пас, агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад“.
  8. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки:’’Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ўро ибодат намо’’„
  9. Ва Ўро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбад гузошт, ва ба Ў гуфт:“Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз;
  10. „Зеро ки навишта шудааст:“Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод, ки Туро нигоҳдорӣ кунанд;
  11. Ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанӣ“
  12. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Гуфта шудааст, ки:’’Худованд Худои хурдо наозмой’’„
  13. Ва иблис тамоми озмоишро ба итмом расонда, то муддате аз Ў дур шуд.

Хизматгузории  Исо  дар  Ҷалаил.

  1. Ва Исо бо қуввати Рўҳ ба Ҷалил баргашт, ва овозаи Ў дар тамоми кишвар паҳн шуд.
  2. Ва Ў дар куништҳои онҳо таълим медод, ва ҳама Ўро ситоиш мекарданд.

Исо  дар  куништи  Носира.

  1. Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбия ёфта буд, омад ва аз рўи одати Худ, рўзи шанбе ба куништ даромад ва барои қироат бархост.
  2. Ба Ў китоби Ишаъёи набиро доданд; ва Ў китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:
  3. ‘‘Рўҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ў Маро татҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кўрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам’’
  4. ‘‘Ва соли таваҷҷўҳи Худовандро мавъиза намоям’’.
  5. Ва китобро пўшонда, ба ходим дод ва нишаст; ва чашмони ҳама дар куништ ба Ў дўхта шуда буд.
  6. Ва Ў ба сухан оғоз намуда, ба онҳо гуфт:“Имрўз ин навишта, ки шумо гўш кардед, ба иҷро расидааст“.
  7. Ва ҳама ба Ў шаҳодат медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб шуда, мегуфтанд:“Оё Ў писари Юсуф нест?“
  8. Ба онҳо гуфт:“Албатта, шумо ба Ман ин мақолро хоҳед гуфт:’’Эй табиб! Худатро шифо бидеҳ; ҳар он чи шунидаем, ки дар Кафарнаҳум воқеъ шудааст, ин ҷо низ дар ватани Худ бикун’’„.
  9. Ва гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки ҳеҷ пайғамбаре дар зодгоҳи худ мақбул нест“.
  10. Аз рўи ҳақиқат ба шумо мегўям: бисьёр бевазанон дар Исроил дар айёми Ильёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста шуда буд, ба тавре ки дар тамоми рўи замин қаҳтии сахте рўй дод,
  11. Вале Ильёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд, балки фақат назди бевазане ба Сорфатои Сидўн;
  12. Ва бисьёр махавиён дар Исроил дар айёми Элишои набӣ буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки фақат Наамони сурьёнӣ“;
  13. Тамоми аҳли куништ инро шунида, пур аз ғазаб шуданд,
  14. Ва бархоста, Ўро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кўҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ўро ба зер афкананд;
  15. Аммо Ў аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт.

Исо  дар  Кафарнаҳум.

  1. Ва ба Кафарнаҳум, шаҳри Ҷалил, омад, ва дар рўзҳои шанбе онҳоро таълим медод.
  2. Ва онҳо аз таълими Ў дар ҳайрат монданд, зеро ки каломи Ў боқудрат буд.
  3. Дар куништ касе буд, ки рўҳи деви палид дошт, ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:
  4. „Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Қудусси Худо!“
  5. Исо вайро манъ карда, гуфт:“Хомўш шав ва аз вай берун ой!“ Ва дев ўро дар миёна афтонда, аз ў берун шуд, ва ҳеҷ осебе ба ў нарасонд.
  6. Ҳама ба воҳима афтоданд, ва ба якдигар мегуфтанд:“Ин чӣ гапест, ки Ў бо қудрат ва қувват ба авроҳи палид амр мефармояд, ва онҳо берун меоянд?“
  7. Ва овозаи Ў дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.

Исо  модарарўси  Петрус  ва  бисьёр  касони  дигарро  шифо медиҳад.

  1. Ў аз куништ баромада, ба хонаи Шимъўн омад; модарарўси Шимъўн ба табларзаи сахте гирифтор буд; ва дар хусуси вай аз Ў илтимос карданд.
  2. Ва Ў наздики вай омада, табларзаро манъ кард; ва он нест шуд. Вай дарҳол бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт.
  3. Дар вақти фурў рафтани офтоб ҳамаи онҳое ки беморони гирифтори касалиҳои гуногун доштанд, онҳоро назди Ў меоварданд, ва Ў ба ҳар яке аз онҳо даст гузошта, онҳоро шифо медод.
  4. Девҳо низ аз бисьёр касон берун омада, бо фарьёд мегуфтанд:“Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ“. Аммо Ў онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ўро медонистанд.

Исо  дар  тамоми  Яҳудо  мавъиза  менамояд.

  1. Чун субҳ дамид, Ў берун омада, ба хилватгоҳе рафт, вале мардум Ўро кофта ёфтанд ва назди Ў омаданд, ва Ўро нигоҳ медоштанд, ки аз пешашон наравад.
  2. Ба онҳо гуфт:“Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам“.
  3. Ва дар куништҳои Ҷалил мавъиза мекард.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s