Луқо боби 3

Хизматгузории  Яҳьёи  Таъмиддиҳанда.

  1. Дар соли понздаҳуми ҳукмронии қайсар Табариюс, вақте ки Понтиюс Пилотус дар Яҳудо фармонравоӣ мекард, ва Ҳиродус тетрархи Ҷалил, ва бародараш Филиппус тетрархи Итурия ва вилояти Тархонитус, ва Лисониюс тетрархи Абилин буд,
  2. Дар айёми саркоҳин Ҳонон ва Қиёфо, каломи Худо ба Яҳьё ибни Зкарьё расид.
  3. Ва ў тамоми кишвари атрофи Ўрдунро тай карда, таъмиди тавбаро барои омурзиши гиноҳҳо мавъиза менамуд,
  4. Чунон ки дар китоби нутқҳои Ишаъёи набӣ навишта шудааст:“Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ўро рост кунед;
  5. Ҳар водӣ баланд, ва ҳар кўҳ ва теппа паст, ва ҳар каҷӣ роҳи рост, ва ҳар роҳи ноҳамвор ҳамвор хоҳад шуд;
  6. „Ва ҳар башар наҷоти Худоро хоҳад дид“
  7. Ва ба мардуме ки берун меомаданд, то ки аз ў таъмид ёбанд, мегуф:“Эй афъизадагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед?“
  8. Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагўед, ки’’падари мо Иброҳим аст!’’,зеро ба шумо мегўям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;
  9. Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд“.
  10. Мардум аз ў мепурсиданд:“Пас чӣ кунем?“
  11. Дар ҷавоби онҳо мегуфт:“Касе ки ду курта дорад, ба касе ки надорад, бидиҳад; ва касе ки хўрок дорад, низ чунин амал кунад“.
  12. Боҷгирон низ барои таъмид омада, ба ў гуфтанд:“Эй устод, чӣ кунем?“.
  13. Ба онҳо гуфт:“Бештар аз он чи барои шумо муқарар шудааст талаб накунед“.
  14. Сарбозон низ аз ў пурсида, гуфтанд:“Пас мо чӣ кунем?“ Ба онҳо гуфт:“Касеро озор надиҳед, дар ҳаққи касе тўҳмат накунед, ва ба маоши худ қаноат намоед“.
  15. Ва ҳангоме ки мардум интизор меистоданд, ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳьё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не,
  16. Яҳьё дар ҷавоби ҳамаи онҳо мегуфт:“Ман бо об таъмид медиҳам, лекин Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ўро воз кунам; Ў шуморо бо Рўҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод;
  17. „Ў ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ў хирмангоҳи Худро тоза карда, гандумро дар анбори Худ гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи хомўшнашаванда хоҳад сўзонд“.
  18. Боз бисьёр чизҳои дигарро ба мардум башорат дода онҳоро насиҳат мекард.

Ҳабс  шудани  Таъмиддиҳанда.

  1. Ва тетрарх Ҳиродус барои Ҳиродия, зани бародараш ва барои ҳамаи бадиҳое ки карда буд, ба мазамати ў дучор шуда,
  2. Инро низ бар ҳамаи онҳо илова намуд, ки Яҳьёро ба зиндон андохт.

Таъмиди  Исо.

  1. Ҳангоме ки тамоми мардум таъмид меёфтанд, ва Исо низ таъмид ёфта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд,
  2. Ва Рўҳулқудс дар шакли ҷисмони, чун кабўтаре, бар Ў нозил шуд, ва овозе омад, ки мегуфт::“Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ; ҳусни таваҷўҳи Ман бар Туст!“

Насабномаи  Марьям,  Модари  Исо.

  1. Ва Исо, вақте ба хизмати Худо шурўъ намуд, тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ,
  2. Ибни Маттот, ибни Левӣ, ибни Малкӣ, ибниЯннай, ибни Юсуф,
  3. Ибни Матитьё, ибни Омўс, ибни Наҳум, ибни Ҳеслӣ,ибни Наҷҷой,
  4. Ибни Маҳат, ибни Матитьё, ибни Шимъӣ, ибни Юсуф, ибни Йўдо,
  5. Ибни Йўҳонон, ибни Ресо, ибни Зарубобил, ибни Шаалтиил, ибни Нерӣ,
  6. Ибни Малкӣ, ибни Аддӣ, ибни Қўсом, ибни Элмадом, ибни Эр,
  7. Ибни Йўсе ибни Элеэзер, ибни Йўрим, ибни Маттот, ибни Левӣ,
  8. Ибни Шимъўн, ибни Яҳудо, ибниЮсуф, ибни Йўном, ибни Эльёқим,
  9. Ибни Мальё, Ибни Мино, ибни Матато, ибни Нотон, ибни Довуд,
  10. Ибни Йисой, ибни Ўбид, ибни Бўаз, ибни Салмўн, ибни Наҳшўн,
  11. Ибни Аминобод, ибни Ром, ибни Ҳесрўн, ибни Форас, ибни Яҳудо,
  12. Ибни Яъқуб, ибни Исҳоқ, ибни Иброҳим, ибни Тораҳ, ибни Ноҳўр,
  13. Ибни Саруҷ, ибни Рау, ибни Фолаҷ, ибни Эбар, ибни Шолаҳ,
  14. Ибни Қенон, ибни Арфакшад, ибни Сом, ибни Нўҳ, ибни Ломак,
  15. Ибни Матушолаҳ, ибни Ҳанўх, ибни Ёрад, ибни Маҳалальил, ибни Қенон,
  16. Ибни Анўш, ибни Шет, ибни Одам, ибни Худо буд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s