Луқо боби 24

Эҳьёи  Исои  Масеҳ.

  1. Дар рўзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд;
  2. Вале диданд, ки санг аз қабр ғелтонда шудааст,
  3. Ва чун дохил шуданд, Ҷасади Исои Худовандро наёфтанд.
  4. Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд.
  5. Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд:“Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдгон ҷустуҷў мекунед?
  6. Дар ин ҷо нест: Ў эҳьё шуд; ба ёд оваред, ки чӣ гуна Ў, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда,
  7. Гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардида, ва дар рўзи сеюм эҳьё шавад“.
  8. Ва онҳо суханони Ўро ба ёд оварданд.
  9. Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд.
  10. Инҳо Марями Маҷдалия, ва Юҳона, ва Марям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба ҳаввориён ин чизҳоро гуфтанд.
  11. Вале ин суханон ба назарашон сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд.
  12. Аммо Петрус бархоста, сўи қабр давид ва хам шуда, фақат кафанро дид, ки гузошта шудааст, ва аз ин ҳодиса дар ҳайрат монда, ба хонаи худ рафтанд.

Зоҳир  шудани  Исои эҳьёшуда  ба  шогирдон  дар  аснои  роҳи  Аммоус.

  1. Дар ҳамон рўз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Ерусалим дур буд, ва Аммоус ном дошт,
  2. Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугў мекарданд.
  3. Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугў ва мубоҳиса мекарданд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд.
  4. Лекин чашмони онҳо баста буд, ба тавре ки Ўро нашинохтанд.
  5. Ба онҳо гуфт:“Аз чӣ хусус бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳотон ғамгин аст?“
  6. Яке аз онҳо, ки Клеюпос ном дошт, дар ҷавоби Ў гуфт:“Наход ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Ерусалим омадаанд, аз воқеае ки дар ин рўзҳо рўй додааст бехабар ҳастӣ?“
  7. Ба онҳо гуфт:“Аз кадом воқеа?“ Ба Ў гуфтанд:“Аз он чи ба Исои Носирӣ рўй додааст, ки Ў пайғамбаре буд тавонотар дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми қавм;
  8. Чӣ гуна Ўро саркоҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба қатл маҳкум шавад, ва Ўро маслуб карданд;
  9. Лекин мо умед доштем, ки Ў Ҳамон аст, ки бояд Исроиро наҷот диҳад; аммо, бо ин ҳама, имрўз рўзи сеюм аст, ки ин ба вуқўъ омадааст;
  10. Вале баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андохтанд: онҳо бомдодон бар сари қабр рафтаанд,
  11. Ва Ҷасади Ўро наёфтаанд, ва омада гуфтанд, ки дар рўъё фариштагонро низ дидаанд, ки мегўянд: Ў зинда аст;
  12. Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ўро надидаанд“.
  13. Ва Ў ба онҳо гуфт:“Эй бефаросатон ва сустдилон дар имоноварӣ ба он чи анбиё пешгўӣ кардаанд!
  14. Оё Масеҳро лозим набуд ҳамаи инро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ бирасад?“
  15. Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда, он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ў гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод.
  16. Ва онҳо ба деҳае ки сўяш мерафтанд, наздик омаданд, ва Ў чунин вонамуд карда, ки мехоҳад онсўтар биравад;
  17. Вале онҳо Ўро нигоҳ дошта, гуфтанд:“Бо мо бимон, чунки шом наздик аст, ва рўз ба поён мерасад“. Ва Ў ворид шуда, бо онҳо монд.
  18. Ва ҳангоме ки Ў бо онҳо назди суфра нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод.
  19. Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуд, ва онҳо Ўро шинохтанд; вале Ў аз назарашон нопадид шуд.
  20. Ва онҳо ба якдигар гуфтанд:“Оё дили мо дар даруни мо намесўхт, вақте ки Ў дар роҳ бо мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?“.
  21. Ва ҳамон соат бархоста, ба Ерусалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда,
  22. Мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан эҳьё шудааст ва ба Шимъўн зоҳир гардидаст.
  23. Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ ҳодиса рўй дод, ва чӣ гуна Ўро дар вақти пора кардани нон шинохтанд.

Зоҳир  шудани  Исо  ба  ёздаҳ  шогирдон.

  1. Вақте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт:“Салом ба шумо бод“.
  2. Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рўҳе мебинанд;
  3. Лекин Ў ба онҳо гуфт:“Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад?
  4. Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро рўҳ гўшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед“.
  5. Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Худро ба онҳо нишон дод.
  6. Ва чун онҳо аз шодӣ ҳанўз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ў ба онҳ гуфт:“Оё чизи хўрдание дар ин ҷо доред?“
  7. Пеши Ў як порча моҳии бирён ва андак асали мумдор монданд;
  8. Ва Ў гирифта, дар пеши назари онҳо хўрд.
  9. Ва ба онҳо гуфт:“Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудаст, бояд ба амал ояд“.
  10. Он гоҳ зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд.

Фармоиши  охирин.

  1. Ва ба онҳо гуфт:“Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ уқубат кашад ва дар рўзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад.
  2. Ва ба исми Ў, аз Ерусалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад.
  3. Ва шумо шоҳидони ин ҳастед;
  4. Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вақте ки бо қуввате аз олами боло фаро гирифта шавед“.

Сууди  Исои  Масеҳ

  1. Ва онҳоро берун оварда, то Байт-Ҳинӣ бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод.
  2. Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон сууд кард.
  3. Ва онҳо ба Ў саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Ерусалим баргаштанд,
  4. Ва ҳамеша дар маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s