Луқо боби 23

Исо  ба  ҳузури  Пилотус.

  1. Ва тамоми аҳли маҷлисашон бархоста, Ўро назди Пилотус бурданд.
  2. Ва ба айбдор кардани Ў шурўъ намуда, гуфтанд:“Мо ёфтем, ки Ў қавми моро фосид мекунад, ба қайсар ҷизья додан намемонад ва Худро Подшоҳ Масеҳ меномад“.
  3. Пилотус аз Ў пурсид:“Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?“ Ў ҷавоб дода, гуфт:“Ту мегўӣ“.
  4. Пилотус ба саркоҳонин ва ба мардум гуфт:“Дар Ин Одам ҳеҷ айбе намеёбам“.
  5. Лекин онҳо исрор намуда, мегуфтанд, ки Ў қавмро ба ошўб меоварад ва дар тамоми Яҳудо, аз Ҷалил гирифта то ин ҷо, таълим медиҳад.

Исо  дар тергави  Ҳиродус.

  1. Вақте ки Пилотус инро шунид, савол дод:“Магар Ў ҷалилист?“
  2. Ва чун донист, ки Ў аз вилояти Ҳиродус аст, Ўро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рўзҳо дар Ерусалим буд.
  3. Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро ки кайҳо боз Ўро дидан мехост, чунки овозаи Ўро шунида буд ва орзу дошт, ки аз Ў мўъҷизае бубинад.
  4. Ва ба Ў саволҳои бисьёре дод; аммо Ў ба вай ҳеҷ ҷавоб надод.
  5. Саркоҳинон ва китобдонон истода, бо тамоми ҷидду ҷаҳд Ўро айбдор мекарданд.
  6. Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ўро басо таҳқир ва тамасхур карда ва либоси дурахшоне бар Ў пўшонда, назди Пилотус гардонда фиристод.
  7. Дар ҳамон рўз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дўст шуданд, зеро ки пештар онҳо ба якдигар адоват доштанд.

Исо  боз  ба  ҳузури  Пилотус. Бараббос  озод шуд,  Исо  маҳкум  гардид.

  1. Пилотус саркоҳинон, сардорон ва мардумро хонда,
  2. Ба онҳо гуфт:“Ин Одамро ҳамчун фосидкунандаи қавм пеши ман овардед; ва инак, ман дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва дар Ин Одам он айбҳое ки шумо ба гардани Ў мепартоед, чизе наёфтам;
  3. Ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст: зеро ки ман Ўро назди вай фиристода будам, ва дар Ў ҳеҷ гуноҳе сазовори марг ёфт нашудааст;
  4. Пас, Ўро ҷазо дода, озод мекунам“.
  5. Ба вай лозим буд, ки ба муносибати ид, касеро барои он озод кунад.
  6. Аммо мардум саросар фарьёд зада, гуфтанд:“Ўро қатл кун! Барои мо Бараббосро озод кун“.
  7. Бараббос барои исьён ва қатле ки дар шаҳр рўй дода буд, дар зиндон андохта шуда буд.
  8. Боз Пилоту ба онҳо сухан ронд, зеро ки мехост Исоро озод кунад.
  9. Лекин онҳо фрьёд зада, гуфтанд:“Ўро маслуб кун, маслуб кун!“
  10. Бори сеюм вай ба онҳо гуфт:“Ў чӣ бадӣ кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ў наёфтам; пас, Ўро ҷазо дода, озод мекунам“.
  11. Вале онҳо бо фарьёди баланд исрор намуда, талаб карданд, ки Ў маслуб шавад; ва фарьёди онҳо ва саркоҳинон ғолиб омад.
  12. Ва Пилотус қарор дод, ки аз рўи талаби онҳо амал кунад,
  13. Ва шахсеро, ки барои исьён ва қатл дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба ихтиёри онҳо супурд.
  14. Вақте ки Ўро бурданд, Шимъўн ном шахсеро, ки аз Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то ки аз ақиби Ў бардошта барад.

Исо  маслуб  шуд.

  1. Ва шумораи азими мардум ва заноне ки барои Ў гирья ва навҳа мекарданд, аз ақиби Ў равона шуданд.
  2. Ва Исо ба онҳо рў оварда, гуфт:“Эй духтарони Ерусалим! Барои Ман гирья накунед, балки барои худатон ва фарзандонатон гирья кунед.
  3. Зеро айёме меояд, ки хоҳанд гуфт:’’Хушо назоён, ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!’’
  4. Он вақт ба кўҳҳо хоҳанд гуфт:’’Бар мо биафтед!’’ ва ба теппаҳо:’’Моро бипўшонед!’’.
  5. Зеро, агар бо дарахти сабзе чунин кунанд, бо дарахти хушк чиҳо хоҳанд кард?“
  6. Ду ҷинояткорро низ бо Ў барои куштан мебурданд.
  7. Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ўро, ва он ҷинояткоронро-яке аз дасти росташ ва дигарер аз дасти чапаш-маслуб карданд.
  8. Исо гуфт:“Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ мекунанд“. Ва либоси Ўро қуръа партофта, тақсим карданд.
  9. Ва мардуми истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд:“Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ў Масеҳи баргузидаи Худо бошад“.
  10. Сарбозон низ Ўро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ў сирко медоданд
  11. Ва мегуфтанд:“Агар Ту Подшоҳ Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ“.
  12. Дар болои сари Ў бо забонҳо юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд:“Ин аст Подшоҳи Яҳудиён“.

Имон  овардани  роҳзан.

  1. Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ўро дашном дода мегуфт:“Агар Ту масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ“.
  2. Аммо дигаре, баръкс, вайро мазаммат намуда, гуфт:“Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ?
  3. Ҷазои мо аз рўи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ў ҳеҷ бадӣ накардааст“.
  4. Ва ба Исо гуфт:“Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!“
  5. Ва Исо ба вай гуфт:“Ба ростӣ ба ту мегўям, ки имрўз бо ман дар биҳишт хоҳӣ буд“.
  6. Тақрибан соати шашуми рўз буд, ки тамоми заминро то соати нўҳум торикӣ фаро гирифт:
  7. Офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд.

Мамоти  Исо.

  1. Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт:“Эй Падар! Рўҳи Худро ба дасти Ту месупорам“. Ва инро гуфта, ҷон дод.
  2. Мирисад ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт:“Ҳақиқатан Ин одам Одил буд“.
  3. Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин моҷаро синазанон гашта рафтанд.
  4. Вале ҳамаи шиносҳои Ў ва заноне ки аз Ҷалил Ўро пайравӣ намуда омада буданд, аз дур истода, инро медиданд.

Дафни  Исо.

  1. Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шўро, Марди нек ва одил,
  2. Ки бо қарор ва кори онҳо розӣ набуд, ва аз Ҳаромот ном шаҳри Яҳудо буда, худаш низ интизори Малакути Худо буд,
  3. Назди Пилотус омада, Ҷасади Исоро талаб кард;
  4. Ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки аз санг тарошида шуда буд, ва то ҳол ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд.
  5. Он рўз рўзи ҷумъа буд ва шанбе фаро мерасид.
  6. Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафтанд ва қабрро, ва чӣ гуна дар он Ҷасади Ў гузошта шуд, диданд;
  7. Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равғани атрафшон тайёр карданд; ва рўзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s