Луқо боби 22

Яҳудо  Исоро  таслим  мекунад.

  1. Иди фатир ки фисҳ номида мешавад, наздик буд;
  2. Саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон Ўро ба қатл расонанд, чунки аз мардум метарсиданд.
  3. Ва ба дили Яҳудо, ки лақаби Исқарьют дошт ва аз ҷумлаи он дувоздаҳ буд, шайтон даромад.
  4. Пас вай рафта, бо саркоҳинон ва сардорон гуфтугў кард, ки чӣ сон Ўро ба онҳо таслим кунад.
  5. Онҳо шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд.
  6. Вай ваъда кард, ва фурсат меҷуст, то ки Ўро дур аз чашми мардум ба онҳо таслим кунад.

Омода  карадни  фисҳ.

  1. Ва рўзи иди фатир, ки барраи фисҳро қурбони кардан лозим буд, фаро расид.
  2. Ва Ў Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт:“Биравед ва фисҳро барои хўрдани мо тайёр кунед“.
  3. Ба Ў гуфтанд:“Дар куҷо мехоҳӣ ки тайёр кунем?“.
  4. Ба онҳо гуфт:“Инак, вақте ки ба шаҳр медароед, марде ба шумо рў ба рў хоҳад шуд, ки кўзаи обро бардошта мебарад; аз ақибаш равона шавед то ба хонае ки медарояд,
  5. Ва ба соҳиби хона бигўед:’’Устод ба ту мегўяд: меҳмохона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогидони Худ бихўрам?’’.
  6. Ва ба шумо болохонаи калони мафрушеро нишон медиҳад; дар он ҷо тайёр кунед“.
  7. Онҳо равона шуданд ва, чунон ки Ў гуфта буд ёфтанд, ва фисҳро омода карданд.

Фисҳ.

  1. Ва ҳангоме ки соат расид, Ў назди суфра нишаст, ва дувоздаҳ ҳаввориён бо Ў буданд.
  2. Ба онҳо гуфт:“Хеле иштиёқманд будам, ки пеш аз уқубати Худ ин фисҳро бо шумо бихўрам;
  3. Зеро ба шумо мегўям, ки аз он дигар нахоҳам хўрд, то вақте ки дар Малакути Худо ба амал ояд“.
  4. Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва гуфт:“Инро бигиред ва дар миёни худ тақсим кунед.
  5. Зеро ба шумо мегўям, ки дигар аз шираи ангур нахоҳам нўшид, то вақте ки Малакути Худо биёяд“.

Муқарар  кардани  Таоми  шоми  Худованд.

  1. Ва нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда ба онҳо доду гуфт:“Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотири Ман ба ҷо оваред“.
  2. Ҳамчуни косаро баъд аз таоми шом гирифта, гуфт:“Ин косаи аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад“.

Исо  дар  бораи  таслимкунанда  сухан меронад.

  1. „Ва инак, дасти таслимкунандаи Ман бо Ман дар сари суфра аст.
  2. Агар чи Писари Одам ончунон, ки пешакӣ муқарар шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он кас, ки ба воситаи вай Ў таслим карда шавад“.
  3. Ва онҳо аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад?

Баҳсу  мунозира  дар  бораи  бартарии  шогирдон.

  1. Дар миёни онҳо инчунин баҳсу мунозира шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад.
  2. Вале Ў ба онҳо гуфт:“Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва ҳокимони онҳо валинеъмат хонда мешаванд;
  3. Аммо шумо ин тавр не: балки он ки дар байни шумо бузургтар аст, бояд монанди хурдтари бошад, ва сардор- монанди хизматгузор.
  4. Зеро кадоме бузургтар аст: он ки назди суфра менишинад, ё он ки хизматгузор аст? Оё на он аст, ки назди суфра менишинад? Аммо Ман дар миёни шумо монанди хизматгузор ҳастам“.

Ҷои  ҳаввориён  дар  малакути  оянда.

  1. Ва шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед,
  2. Ва Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст,
  3. То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихўред ва бинўшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард“.

Исо  дар  бораи  инкор  кардани  Петрус  сухан  меронад.

  1. Ва Худованд гуфт:“Шимъўн! Шимъўн! Инак, шайтон талабгори он буд ки, шуморо мисли гандуме аз ғалбер гузаронад;
  2. Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вақте, руҷўъ намуда, бародарони худро устувор гардон“.
  3. Вай ба Ў гуфт:“Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба мамот биравам“.
  4. Лекин Ў гуфт:“Ба ту, эй Петрус, мегўям, ки имрўз пеш аз он ки хурўс бонг занад, ту се бор инкор кунон хоҳӣ гуфт, ки Маро намешиносӣ“.

Исо ба шогирдон дар бораи имтиҳоне ки Ўро дар пеш аст сухан меронад.

  1. Ва ба онҳо гуфт:“Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тўрба ва бе пойафзон фиристодам, оё шумо ба чизе эҳтиёҷ доштед?“ Гуфтанд:“Ба ҳеҷ чиз“.
  2. Ва Ў ба онҳо гуфт:“Лекин акнун касе ки ҳамьён дорад, онро бигирад. ҳамчунин тўрбаро; ва касе ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурўхта, бихарад.
  3. Зеро ба шумо мегўям, ки ин сухани Навиштаҳо низ дар ҳаққи Ман ба амал ояд:’’Аз ҷинояткорон шумурда шуд’’. Зеро ҳар чи дар бораи Ман аст, интиҳо меёбад“.
  4. Ва онҳо гуфтанд:“Худовандо! Инак, дар ин ҷо ду то шамшер ҳаст“. Ба онҳо гуфт:“Кифоя аст“.

Исо  дар  боғи  Ҷатсамонӣ.

  1. Ва берун омада, аз рўи одат, ба кўҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз ақиби Ў рафтанд.
  2. Вақте ки ба он мавзеъ расид, ба онҳо гуфт:“Дуо гўед, то ба озмоиш дучор нашавед“.
  3. Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда, гуфт:
  4. „Эй Падар! Агар бихоҳӣ, косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд“.
  5. Ва фариштае аз осмон бар Ў зоҳир гардида, Ўро тақвият медод.
  6. Ва Ў дар изтироб афтода, бо ҷаҳди бештар дуо мегуфт; ва арақи Ў мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид.
  7. Баъд аз дуо бархоста, Ў назди шогирдон омад, ва онҳоро дид, ки аз ғусса хоб рафтаанд.
  8. Ва ба онҳо гуфт:“Чаро хоб рафтаед? Бархоста, дуо гўед, то ки ба озмоиш дучор нашавед“.

Ҳабс шудани  Исо.

  1. Ҳанўз ки Ў сухан мегуфт, инак мардуми бисьёре пайдо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то ки Ўро бибўсад. Зеро ки ишорате ба онҳо дода, гуфта буд:“Ҳар киро бибўсам, Ҳамон аст“.
  2. Ва Исо ба вай гуфт:“Эй Яҳудо! Оё Писри Одамро бо бўса таслим мекунӣ?“
  3. Касоне ки бо Ў буданд, чун диданд, ки кор ба чӣ меанҷомад, ба Ў гуфтанд:“Худовандо! Оё ба шамшер бизанем?“
  4. Ва яке аз онҳо ғуломи саркоҳинро зада, гўши рости вайро бурида партофт.
  5. Исо дар ҷавоб гуфт:“Даст кашед, бас аст“. Ва гўши вайро ламс карда, шифо дод.
  6. Ва Исо ба саркоҳинон ва сардорони маъбад ва пироне ки бар зидди Ў ҷамъ омада буданд, гуфт:“Гўё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед!
  7. Ҳар рўз Ман назди шумо дар маъбад будам, ва шумо ба Ман дасти таҷовуз дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки зулмот ҳукмфармост“.
  8. Ва Ўро дасгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз паи онҳо равона шуд.

Дар  доварии  саркоҳинон. Инкори Петрус.

  1. Вақте ки онҳо дар рўи ҳавлӣ оташ даргиронда, даври он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст.
  2. Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва синчакунон ба вай нигоҳ карда, гуфт:“Ин ҳам бо Ў буд“.
  3. Лекин вай инкор карда, ба зан гуфт:“Ман Ўро намешиносам“.
  4. Пас аз мудате як одами дигар вайро дида, гуфт:“Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ“. Аммо Петрус ба он одам гуфт:“Ман аз онҳо нестам“.
  5. Тахминан як соат гузаштан баъд, боз як каси дигар боисрор гуфт:“Дар ҳақиқат ин ҳам бо Ў буд, зеро ки вай ҷалилист“.
  6. Аммо Петрус ба он кас гуфт:“Намедонам, ки ту чӣ мегўи“. Ва ҳанўз вай сухан меронд, ки дарҳол хурўс бонг зад.
  7. Ва Худованд рўй гардонда, ба Петрус назар андохт; ва Петрус суханони Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд:“Имрўз, пеш аз он ки хурўс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“.
  8. Ва берун рафта, зор-зор гирист.

Исо  аз  шарирон  таҳқирҳоро  қабул  мекунад.

  1. Касоне ки Исоро дастгир карда буданд, Ўро тамасхур мекарданд ва мезаданд;
  2. Ва рўи Ўро пўшида, торсакӣ мезаданд ва аз Ў мепурсиданд:“Нубувват кун, ки Туро задааст?“
  3. Ва боз бисьёр ҳақоратҳои дигар дар ҳаққи Ў ба забон меронданд.

Исо  дар  ҳузури  шўрои  пирон.

  1. Ҳамин ки чашми рўз кушода шуд, пирони қавм, саркоҳонон ва китобдонон ҷамъ омада, Ўро ба шўрои худ дароварданд,
  2. Ва гуфтанд:“Оё Ту Масеҳ ҳастӣ? Ба мо бигўй“.Ба онҳо гуфт:“Агар ба шумо гўям бовар намекунед;
  3. Ва агар ба шумо савол диҳам, ҷавоб намегрдонед ва Маро озод намекунед;
  4. Минбаъд Писари Одам ба ямини қуввати Худо хоҳад нишаст“.
  5. Ва ҳама гуфтанд:“Пас, Ту Писари Худо ҳастӣ?“. Ба онҳо гуфт:“Шумо мегўед, ки Ман ҳастам“.
  6. Ва онҳо гуфтанд:“Дигар ба мо чӣ шаҳодате лозим аст? Зеро ки худамон аз забони Ў шумидем!“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s