Луқо боби 21

Фулуси  бавазан.

  1. Ва Ў назар андохта, сарватдоронро дид, ки ҳадияҳои худро ба ганҷина меандохтанд;
  2. Ва ҳамчунин бевазани камбағалеро дид, ки ду фулус дар он андохт.
  3. Ва Ў гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки ин бевазани камбағал аз ҳама бештар андохт;
  4. Зеро ки ҳамаи онҳо аз зиёдтии худ ҳадия барои Худо андохтаанд, лекин вай аз камбағалии худ тамоми нафақаеро, ки дошт, андохт“;

Бар  кўҳи  Зайтун.

  1. Вақте ки баъзе касон дар бораи маъбад сухан ронда, гуфтанд, ки он бо сангҳо ва инъомҳои гаронбаҳо зебу оро дода шудааст, Ў гуфт:
  2. Айёме меояд, ки аз он чи дар ин ҷо мебинед, санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд“.
  3. Аз Ў пурсиданд:“Эй Устод! Ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати ба вуқўъ омадани ин чӣ гуна ат?“
  4. Гуфт:“Ҳушьёр бошед, ки шуморо дар иштибоҳ наандозанд; зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гўянд, ки ин Ман ҳастам; ва он вақт наздик аст. Аз ақиби онҳо наравед.
  5. Ва чун овозаи ҷангҳо ва ошўбҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд аввал воқеъ шавад; лекин дарҳол интиҳо намеёбад“.
  6. Он гоҳ ба онҳо гуфт:“Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард;
  7. Ва дар ҳар ҷо зилзилаҳои азим, ва қаҳтию вабоҳо, ва ҳодисоти пурдаҳшат ва аломати бузург аз осмон ба амал хоҳад омад.
  8. Аммо пеш аз ҳамаи ин ба шумо дасти тааддӣ дароз хоҳанд кард ва шуморо таъқиб намуда, ба куништҳо ва зиндонҳо хоҳанд супурд ва хотири исми Ман назди подшоҳону ҳакимон хоҳанд бурд;„
  9. Ва ин ба шумо барои шаҳодат хоҳад буд.
  10. Пас, дар дили худ аҳд кунед, ки пешакӣ андеша накунед, чӣ ҷавоб бояд бидиҳед.
  11. Зеро ки Ман ба шумо забоне ва ҳикмате хоҳам дод, ки ҳамаи душманони шумо натавонанд на зидияте ба он нишон диҳанд ва на ба муқобили он чизе бигўянд.
  12. Ва шуморо падару модарон, ва бародарон, ва хешовандон, ва дўстон таслим хоҳанд кард. Ва баъзеи шуморо ба қатл хоҳанд расонд“;
  13. „Ва ҳама барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт“.
  14. „Лекин мўе аз сари шумо талаф нахоҳад шуд“.
  15. „Ҷонҳои худро бо сабри худ наҷот хоҳед дод“.

Дар  бораи  хароб  шудани  Ерусалим.

  1. „Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст.
  2. Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кўҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд,
  3. Чунки ин айёми интиқом аст, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст.
  4. Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём; зеро ки мусибати бузурге бар замин рўй дода, ин қавм гирифтори ғазаб хоҳад шуд:
  5. „Ва ба дами шамшер хоҳанд афтод, ва дар миёни ҳамаи халқҳо ба асирӣ хоҳанд рафт; ва Ерусалим поймоли ғайрияҳудиён хоҳад шуд, то даме ки даврони ғайрияҳудиён ба анҷом расад“.

Дар  бораи  бо  ҷалол  омадани  Худованд.

  1. Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳанд ёфт, ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурўши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд;
  2. Ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки қувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд.
  3. Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд.
  4. Вақте ки ба амал омадани ин чизҳо оғоз шаванд, бархоста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд“.
  5. Ва ба онҳо масале гуфт:“Ба дарахти анҷир ва ба ҳамаи дарахтон нигоҳ кунед:
  6. Вақте ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст;
  7. Ҳамчунин, вақте ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, бидонед, ки Малакути Худо наздик аст“.
  8. „Ба ростӣ ба шумо мегўям: ин насл ҳанўз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд;
  9. Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
  10. Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхўрӣ ва мастӣ ва ғамхўриҳои зиндагӣ сахт шавад, ва он рўз ба шумо ногаҳон ояд;
  11. Зеро ки он, монанди доме, бар ҳамаи сокинони рўи замин хоҳад омад;
  12. Пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гўед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед“.
  13. Рўзҳо Ў дар маъбад таълим медод; ва шабҳо берун омада, дар кўҳе ки кўҳи Зайтун ном дорад, шабгузаронӣ мекард.
  14. Ва тамоми мардум бомдодон назди Ў ба маъбад барои шунидани суханонаш меомаданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s