Луқо боби 20

Масъалаи  қудрати  Исо.

  1. Дар яке аз рўзҳое ки Ў мардумро дар маъбад таълим ва башорат медод, саркоҳинон ва китобдонон бо пирон омада,
  2. Ба Ў гуфтанд:“Ба мо бигўй, ки бо кадом қудрат Ту ин корҳоро мекунӣ, ё кист, ки ин қудратро ба Ту додааст?“
  3. Дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ва ба Ман бигўед:
  4. „Таъмиди Яҳьё аз осмон буд ё аз инсон?“
  5. Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд:“Агар гўем, ки ‘‘аз осмон’’, Ў бигўяд:’’Пас чаро ба вай имон наовардед?’’
  6. „Ва агар гўем, ки ‘‘аз инсон буд’’, тамоми қавм моро сангсор хоҳанд кард, зеро яқин доранд, ки Яҳьё набӣ буд“
  7. Ва дар ҷавоб гуфтанд:“Намедонем аз куҷо буд“.
  8. Исо ба онҳо гуфт:“Ман ҳам ба шумо намегўям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам“.

Масал  дар  бораи  токдорони  бадкор.

  1. Ва ба мардум чунин масалеро гуфт:“Шахсе токзоре шинонд, ва онро ба токдорон супурда, муддати дарозе сафар кард;
  2. Ва чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то ки аз меваи токзор ба вай бидиҳанд; лекин токдорон вайро зада, тиҳидаст равона карданд.
  3. Ва ў хизматгори дигарро фиристод; вале онҳо вайро низ зада ва дашном дода, тиҳидаст фиристоданд.
  4. Ва ў боз сеюмашро фиристод; аммо вайро низ ярадор карда, бадар ронданд.
  5. Он гоҳ соҳиби токзор гуфт:“Чӣ кунам? Писари маҳбуби худро мефиристам. Шояд ўро дида, шарм кунанд?“.
  6. Лекин токдорон чун ўро диданд, бо ҳамдигар маслиҳат карда, гуфтанд:’’Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то ки мерос аз они мо шавад’’.
  7. Ва ўро аз токзор бароварда, куштанд. Пас, соҳиби токзор ба онҳо чӣ хоҳад кард?
  8. Вай омада, он токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд“.Онҳое ки ин суханонро шуниданд, гуфтанд:“Ҳошо ва калло!“
  9. Аммо Ў ба онҳо назар андохта, гуфт:“Маънои ин суханоне ки навишта шудааст, чист:’’Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гўшаи бино гардид’’?
  10. Ҳар кӣ бар он санг афтад, пора — пора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро маҷақ кунад“.

Масалаи  хироҷ.

  1. Саркоҳинон ва китобдонон қасд доштанд, ки дар ҳамон дам Ўро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд, зеро донистанд, ки ин масалро Ў дар ҳаққи онҳо гуфта буд.
  2. Ва Ўро дар зери назорат гирифта, айёронро фиристоданд, то ки онҳо худро одил нишон дода, Ўро аз суханаш афтонанд ва ба қудрат ва ихтиёри ҳоким таслим кунанд.
  3. Ва онҳо ба Ў савол дода, гуфтанд:“Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳаққи гапро мегўӣ ва меомўзӣ, ва рўбинӣ намекунӣ, балки тариқи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ;
  4. Оё ба қайсар ҷизья додани мо ҷоиз аст, ё не?“
  5. Вале Ў макри онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт:“чаро Маро меозмоед?
  6. Диноре ба Ман нишон диҳед: сурат ва рақами рўи он аз они кист?“ Дар ҷавоб гуфтанд:“Аз они қайсар“.
  7. Ба онҳо гуфт:“Пас, он чи аз они қайср аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост- ба Худо“.
  8. Ва Ўро пеши мардум аз суханаш афтонда натавонистанд ва аз ҷавоби Ў дар ҳайрат афтода, хомўш монданд.

Исо  ба  саддуқиён  дар  бораи  эҳьё сухан  меронад.

  1. Ва баъзе аз саддуқиён, мукири қиёмат ҳастанд, назди Ў омада, пурсиданд:
  2. „Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе бимирад ва зандор буда, фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварда ва барои бародари худ насе ба вуҷуд оварад.
  3. Ва инак, ҳафт бародар буданд: якумин зан гирифт ва фарзанд ба дуньё наоварда, мурд.
  4. Ва он занро дуюмин гирифт, вале ў низ фарзанд ба дуньё наоварда, мурд;
  5. Баъд вайро сеюмин гирифт, ва ҳамин тавр то ҳафтумин, ва ҳама фарзанде нагузошта, мурданд;
  6. Баъд аз ҳама зан низ мурд.
  7. Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд“.
  8. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Фарзандони ин дуньё зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд;
  9. Лекин онҳое ки сазовори расидан ба он дуньё ва эҳьёи мурдагон бишаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд,
  10. Ва дигар бор наметавонанд бимиранд, зеро ки онҳо ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қаёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд.
  11. Ин ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, инро Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст.
  12. Ва Ў на Худои мурадагон, балки Худои зиндгон аст, зеро ки пеши Ў ҳама зинда ҳастанд“.

Исо  дар  бораи  китобдонон.

  1. Баъзе аз китобдонон инро шунида, гуфтанд:“Эй Устод! Нағз сухан рондӣ“.
  2. Ва дигар онҳо ҷуръат надоштанд, ки аз Ў чизе бипурсанд. Ва Ў ба онҳо гуфт:
  3. Чӣ сон мегўянд, ки Масеҳ Писари Довуд аст?
  4. Ва ҳол он ки худи Довуд дар китоби Забур мегўяд:’’Худованд ба Худои ман гуфт: ба ямини Ман бинишин,
  5. То душманони Туро зери пои Ту андозам’’.
  6. Инак, Довуд Ўро Худован мехонад; пас чӣ сон Ў писари вай будааст?“.
  7. Ва дар сурате ки тамоми мардум гўш мекарданд, Ў ба шогирдони Худ гуфт:
  8. „Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дўст медоранд ҷомаҳои дароз пўшида гарданд, ва меписанданд дар бозорҳо табрик шунаванд, ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой гиранд ва дар зиёфтҳо болонишин бошанд;
  9. Онҳо, ки хонаҳои бевазанонро фурў мебаранд ва барои намуд дуоро тўл медиҳанд, аз ҳама сахтар маҳкум хоҳанд шуд“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s