Луқо боби 2

Таваллуди   Исо.  Исми  Ў.

  1. Дар он айём аз ҷониби қайсари Авғустус фармоне баромад, ки дар тамоми рўи замин саршуморӣ гузаронданд.
  2. Дар замоне ки Кириниюс дар Сурия ҳукмронӣ мекард, ин саршуморӣ аввалин буд.
  3. Ва ҳама барои нависондани худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд.
  4. Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудо, ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ў аз хонадон ва авлоди Довуд буд,
  5. То худро бо Марьям, ки номзади ў буд ва ҳомиладор буд, нависонад.
  6. Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид;
  7. Ва Писари нахустини худро зоид, ва Ўро парпеч кард, ва Ўро дар охуре хобонид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.

Парастиши  чўпонон.

  1. Дар он сарзамин чўпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд.
  2. Ва фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо бағоят ҳаросон шуданд.
  3. Фаришта ба онҳо гуфт:“Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм хоҳад буд:
  4. „Имрўз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ў Масеҳи Худованд аст;
  5. Ва ин аст аломате барои шумо: Кўдакро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт“.
  6. Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:
  7. „Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷўҳ дар миёни мардум бод“.
  8. Вақте ки фариштагон аз пеши онҳо ба осмон сууд карданд, чўпонон ба якдигар гуфтанд:“Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он чиро, ки дар он ҷо воқеъ шудааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бубинем“.
  9. Ва бо шитоб омаданд, ва Марьям ва Юсуф ва Кўдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.
  10. Ва чун диданд, он суханонеро, ки ба онҳо дар бораи Ин Кўдак гуфта шуда буд, нақл карданд.
  11. Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чўпонон ба онҳо нақл карданд, мутааҷҷиб шуданд.
  12. Ва Марьям ҳамаи ин суханонродар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт.
  13. Ва чўпонон баргашта, Худоро ҳамду сано мехонданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд.

Қурбонӣ   дар   маъбад  барои   модар   ва   Кўдак. Хатни   Исо.

  1. Вақте ки дар ҳаштрўзагӣ Ўро хатна карданд, ба Ў Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ўро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд.
  2. Ва ҳангоме ки айёми татҳири онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ўро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешниҳод кунаднд,
  3. Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст:’’Ҳар махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд, муқаддаси Худованд хонда мешавад’’;
  4. Ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чўҷаи кабўтар қубонӣ кунанд.

Парастиш   ва   нубуввати   Шимъўн.

  1. Ва инак, дар Ерусалим Шимъўн ном марде буд, ки Марди одил ва паҳрезгор ва мунтазири тасаллои Исроил буд, ва Рўҳулқудс бар ў буд.
  2. Ва аз Рўҳулқудс ба ў маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, фавтро нахоҳад дид.
  3. Ва ў ба ҳидояти Рўҳ ба маъбад омад. Ва ҳангоме ки Исои Кўдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ў ба ҷо оваранд,
  4. Ўро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт:
  5. „Акнун, Эй Парвардигор, бандаи Худро, мувофиқи ваъдаи Худ, ба саломатӣ ҷавоб медиҳӣ;
  6. Зеро ки чашмони ман наҷоти Туро дид,
  7. Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо муҳайё сохтаӣ:
  8. Нурест, ки чашми халқҳоро кушояд. Ва ҷалоли қавми Исроили Ту бошад“.
  9. Ва Юсуф ва модари Ў аз он чи дар бораи Ў гуфта шуд, мутааҷҷиб гардиданд.
  10. Ва Шимъўн онҳоро баракат дода, ба Марьям, модари Ў, гуфт:“Инак, Ў барои ғалтидан ва бархостани бисьёр касон дар Исроил ва барои аломати муноқишот таъин шудааст,-
  11. Дар ҷони ту низ шамшере фурў хоҳад рафт, то ки андешаҳои дилҳои бисьёр ошкор шавад“.

Парастиши  Ҳано.

  1. Дар он ҷо низ набияе, Ҳано духтари Фануил, аз сибти Ошер буд, ки хеле солхўрда буд, ва аз давраи бакораташ ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагӣ кардагӣ буд,
  2. Ва то ҳаштоду чорсолагӣ бева буд.Вай аз маъбад дур нашуда, бо рўза ва дуо шабу рўз ба Худо ибодат мекард.
  3. Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Худовандро ҳамду сано хонд ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Ерусалим буданд, дар бораи Ў сухан ронд.

Баргаштан   ба   Носира. Солҳои   сокит.

  1. Баъд аз он ки тамоми маросимро мувофиқи шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд.
  2. Ва Кўдак калон шуда, рўҳаш қавӣ мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ў буд.

Исои  дувоздаҳсола  дар  маъбад.

  1. Ҳар сол падару модари Ў барои иди фисҳ ба Ерусалим мерафтанд.
  2. Инчунин вақте ки Ў дувоздаҳсола буд, онҳо аз рўи таомули ид ба Ерусалим омаданд,
  3. Ва ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Ў пайхас нарафтанд,
  4. Ба гумони он ки Ў бо аҳли қофила меояд; ва як рўз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба ҷустуҷўи Ў шурўъ карданд;
  5. Ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтани Ў ба Ерусалим баргаштанд.
  6. Баъд аз се рўз Ўро дар маъбад ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гўш мекард ва ба онҳо савол медод;
  7. Ва ҳамаи онҳое ки суханони Ўро мешуниданд, аз ақли Ў ва аз ҷавобҳои Ў мутааҷҷуб мешуданд.
  8. Чун Ўро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модари Ў ба Ў гуфт:“Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунон рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хўрда, Туро ҷустуҷў кардем“.
  9. Ба онҳо гуфт:Чаро Маро ҷустуҷў кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?“
  10. Вале онҳо ба суханоне ки Ў гуфт, сарфаҳм нарафтанд.
  11. Ва Ў бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва дар итоати онҳо буд. Ва модари Ў ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт.
  12. Ва Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s