Луқо боби 18

Масал  дар  бораи  қозии  ноинсоф.

  1. Ва ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гўяд ва маъюс нашавад,
  2. Ва гуфт:“Дар шаҳре қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум.
  3. Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ў омада, мегуфт:’’Маро аз душманонам муҳофизат намо’’.
  4. Мудати дурудароз қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт:’’гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум,
  5. Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад’’„.
  6. Ва Худованд гуфт:“Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегўяд?
  7. Магар Худо багузидагони Худро, ки рўзу шаб ба даргоҳи Ў зорию интиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд?“.
  8. „Ба шумо мегўям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имоне бар замин хоҳад ёфт?“.

Масал  дар  бораи  фарисӣ  ва боҷгир.

  1. Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт:
  2. „Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд.
  3. Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт:’’Худоё! Туро шукр мегўям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам:
  4. Ҳафтае ду карат рўза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, урш медиҳам’’.
  5. Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сўи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт:’’Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун’’.
  6. Ба шумо мегўям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурўтан созад, сарафроз мешавад“.

Исо  кўдаконро  дуо  мекунад.

  1. Кўдаконро низ назди Ў меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ мешуданд.
  2. Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт:“Кўдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро ки Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад;
  3. Ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кўдак қабул накунад, ба он дохил намешавад“.

Исо  ва  ҷавони  сарватдор.

  1. Ва сарватдоре аз Ў пурсид:“Эй Устоди некў! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?“
  2. Исо ба вай гуфт:“Чаро Маро некў мегўӣ? Ҳеҷ кас накў нест, ҷуз Худои ягона.
  3. Аҳконмро медони: Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурўғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун“.
  4. Гуфт:“Ҳамаи инро ман аз кўдаки нигоҳ доштаам“.
  5. Исо инро шунида, ба вай гуфт:“Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дори, бифурўш ва ба мисконон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳи ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун“.
  6. Лекин вай, чун инро шунид, андўҳгин шуд, зеро ки бағоят сарватдор буд.
  7. Исо андўҳи вайро дида, гуфт:“Ба Малакути Худо даромадани сарватдор чӣ гуна душвор аст!
  8. Зеро ки аз сўрохии сўзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад“.
  9. Шунавандагон гуфтанд:“Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?“
  10. Гуфт:“Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст“.

Дар  бораи  мукофоти  шогирдон.

  1. Петрус гуфт:“Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем“.
  2. Ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям: касе нест, ки хона, ё падару модар, ё бародарон, ё хоҳарон, ё зан, ё фарзандонро аз баҳри Малакути Худо тарк кунаду
  3. Дар ин замон хеле зиёдтар ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад“.

Исо  бори  сеюм  дар  бораи  мамоти  Худ  ва  эҳьёи  Худ  сухан  меронад.

  1. Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:“Инак, мо сўи Ерусалим меравем, ва ҳар он чи бо забони анбиё дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал хоҳад омад:
  2. Зеро ки Ў ба дасти ғайрияҳудиён таслим карда хоҳад шуд, ва Ўро тамасхур кунанд, ҳақорат диҳанд, туфборон кунанд,
  3. Ва тозиёна зананд, бикушанд; ва дар рўзи сеюм Ў эҳьё шавад“.
  4. Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пўшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд.

Шифо  ёфтани  кўр  дар  назди  Ериҳў.

  1. Вақте ки Ў ба Ериҳў наздик мешуд, кўре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид;
  2. Ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид:“Ин чист?“
  3. Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирӣ меояд.
  4. Дарҳол фарьёд карда, гуфт:“Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун“.
  5. Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба хомўш шудан водор карданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад:“Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун“.
  6. Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ў биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид:
  7. „Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?“ Гуфт:“Худовандо! Мехоҳам бино шавам“.
  8. Исо ба вай гуфт:“Бино шав! Имонат туро шифо бахшид“.
  9. Вай дарҳол бино гашт ва, Худоро ситоишкунон, аз ақиби Ў равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано хонданд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий