Луқо боби 17

Дар  бораи  ҷидияти  васвасаҳо,  дар  бораи  муҳаббати  авфкунанда  ва  қуввати  имон.

  1. Ва Ў ба шогирдони Худ гуфт:“Ҳеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд:
  2. Бар гардани вай санги осиёе андохта, вайро дар баҳр афкананд, барои вай беҳтар аст аз он ки вай яке аз ин тифлонро ба васваса андозад.
  3. Ба худ назорат кунед. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, ба ў гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ўро авф намо;
  4. Ва агар рўзе ҳафт карат ба ту гуноҳ кунад ва рўзе ҳафт карат руҷўъ намуда, гўяд:’’Тавба кардам’’, ўро авф намо.
  5. Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд:“Имони моро зиёд кун“.
  6. Худованд гуфт:“Агар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед ва ба ин дарахти тут мегуфтед:’’Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав’’. Он ба шумо итоат мекард.

Масал  дар  бораи ғуломе  ки  аз  саҳро  бармегардад.

  1. Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чўпонӣ машғул бошад ва ҳангоме аз саҳро баргаштанаш ба вай гўяд:’’Зуд омада, назди суфра бинишин’’?
  2. Баръакс, оё ў ба вай намегўяд:’’Барои ман хўроки бегоҳӣ тайёр кун ва камари худро баста, ба ман хизмат кун, то даме ки бихўрам ва бинўшам, ва баъд аз он худат бихўр ва бинўш’’?
  3. Оё ў ба ғулом барои он ки фармонҳои ўро ба ҷо овард, миннатдорӣ баён мекунад? гумон намекунам.
  4. Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигўед:’’Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем’’.

Шифо  ёфтани  даҳ  шахси  махавӣ.

  1. Дар аснои роҳи Ерусалим Ў аз ҳудуди байни Сомария ва Ҷалил мегузашт.
  2. Ва ҳангоме ки Ў ба қасабае дохил мешуд, даҳ шахси махавӣ аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода,
  3. Бо овози баланд мегуфтанд:“Эй Устод, ба мо марҳамат кун!“
  4. Ва Ў, чун дид, ба онҳо гуфт:“Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед“. Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок шуданд.
  5. Яке аз онҳо чун дид, ки шуфо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд,
  6. Ва пеши пойҳои Ў рўй ба замин афтода, ба Ў ташаккур гуфт; ва ў мардӣ сомари буд.
  7. Исо гуфт:“Оё даҳ нафар пок нашуданд? Пас он нўҳ нафар куҷоянд?
  8. Оё, ғайр аз ин аҷнабӣ, касе ёфт нашуд, ки баргашта Худоро ҳамду сано хонанд?“
  9. Ва ба вай гуфт:“Бархоста, бирав; имонат туро наҷот дод“.

Дар  бораи  омадани  Малакути  Худо.

  1. Чун фарисиён ба Ў савол доданд, ки Малакути Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт:“Малакути Худо тавре намеояд, ки ба назар намоён шавад,
  2. Ва намегўянд:’’Инак, он дар ин ҷост’’, ё:’’Инак, дар ин ҷост’’; зеро инак, Малакути Худо дар дохили шумост“.

Исо  дар  бораи  омадани  дуюми  Худ  сухан  меронад.

  1. Ва ба шогирдон гуфт:“Айёме меояд, ки дидани фақат як рўзи Писари Одамро орзу хоҳед кард, ва нахоҳед дид;
  2. Ва ба шумо хоҳанд гуфт:’’Инак, дар ин ҷост’’, ё:’’Инак дар он ҷост’’, Наравед ва аз ақиби онҳо надавед;
  3. Зеро, чӣ тавре ки барқ аз як канори осмон нур мепошад, Писари Одам дар рўзи Худ ҳамин тавр хоҳад буд.
  4. Лекин аввал Ўро лозим аст, ки бисьёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад кардда шавад“.
  5. „Ва чӣ тавре ки дар айёми Нўҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд:
  6. ,,Мехўрданд, менўшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд — то рўзе ки Нўҳ ба киштӣ даромад, ва тўфон омада, ҳамаро нобуд кард’’„.
  7. Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехўраданд, менўшаданд, мехариданд, мефурўхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд;
  8. Лекин дар рўзе ки Лут аз Садўм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард.
  9. Дар рўзи зоҳир шудани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд“.
  10. „Дар он рўз ҳар кӣ бар бом бошад, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад:
  11. ‘‘Зани Лутро ба хотир оваред’’„
  12. „Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ мекунад, онро барбод хоҳад дод, ва ҳар кӣ онро барбод диҳад, онро зинда хоҳад кард.
  13. Ба шумо мегўям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
  14. Аз ду зане ки якҷоя бо дастоз машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
  15. Аз ду нафаре ки дар киштзор бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд“.
  16. Дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Куҷо, эй Худованд?“. Ба онҳо гуфт:“Ҳар куҷо лоша бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ мешаванд“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s