Луқо боби 16

Масал  дар  бораи  амалдори  ҳаким,  вале  ноинсоф.

  1. Ба шогирдони Худ гуфт:“Як Марди сарватдор буд, ки амалдоре дошт, ва дар ҳаққи вай ба ў шикоят карданд, ки молу мулки ўро исроф менамояд:
  2. Вайро ҷеғ зада, гуфт:’’Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз амалиёти худ ҳисоб деҳ, зеро ки дигар наметвонӣ амалдор бошӣ’’.
  3. Он амалдор дар дили худ гуфт:’Чӣ кунам? Оғоям маро аз вазифаам маҳрум месозад: аз ўҳдаи каландзанӣ намебароям, аз гадоӣ шарм макунам;
  4. Медонам, чӣ кунам, то ки мардум, ҳангоми аз вазифа маҳрум шуданам, маро дар хонаи худ пазироӣ кунанд’’.
  5. Ва ҳар яке аз қарздорони оғои худро ба танҳои ҷеғ зада, ба якумин гуфт:’’Ту аз оғои ман чӣ қадар қарздор ҳастӣ?’’
  6. Гуфт:’’Сад ченак равған’’. Ба вай гуфт:’’Забонхати худро бигир ва зуд нишаста, панҷоҳ бинавис’’.
  7. Баъд ба дигаре гуфт:’’Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?’’. Дар ҷавоб гуфт:’’Сад ченак гандум’’. Ба вай гуфт:’’забонхати худро бигир ва ҳаштод бинавис’’.
  8. Ва он оғо амалдори ноинсофро таъриф кард, ки оқилона рафтор кардааст; зеро ки писарони ин олам дар муомила бо мардуми насли худ аз писарони нур оқилтаранд“.
  9. Ва Ман ба шумо мегўям: бо сарвати ноинсофона барои худ дўстон пайдо кунед, то ки онҳо дар вақти тамом шудани он шуморо дар масканҳои ҷовидонӣ пазироӣ кунанд.
  10. Касе ки дар чизи андак мўътамад бошад, дар чизи бисьёр низ мўътамад аст, ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисьёр низ ноинсоф аст.
  11. Пас, модоме ки шумо дар сарвати ноинсофона мўътамад набудед, кист, ки сарвати ҳақиқиро ба шумо месупорда бошад?
  12. Ва модоме ки дар чизи бегона мўътамад набудед, кист, ки чизи худатонро ба шумо медода бошад?
  13. Ҳеҷ ғулом ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дўст хоҳад дошт; ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед“.

Дар  бораи  порсоии  сохтаи  фарисиён  ва  аҳамияти  Таврот.

  1. Ва фарисиён, ки зарпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Ўро тамасхур карданд.
  2. Ба онҳо гуфт:“Шумо худро пеши мардум одил вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст: зеро он чи дар назари мардум олидараҷа аст, пеши Худо зишт аст“.
  3. „Таврот ва суҳафи анбиё то Яҳьёст; аз он вақт ин ҷониб Малакути Худо башорат дода мешавад, ва ҳар ки бо ҷадду ҷаҳд ба он дохил мегардад.
  4. Лекин фанои осмон ва замин осонтар аст аз он ки нуқтае аз таврот маҳв шавад“.

Исо  дар  бораи  талоқ.

  1. „Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, зино карда бошад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад“.

Сарватдор   ва   Лаъзор.

  1. „Шахси сарватдоре буд, либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рўз базми боҳашамат барпо мекард.
  2. Ва Лаъзор ном мискине назди дарвозаи ў мехобид, ва баданаш пур аз захм буд;
  3. Ва орзу дошт аз он чи аз дастархони он сарватдор меафтод, шиками худро сер кунад; ва сагон омада захмҳои ўро мелесиданд.
  4. Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ўро ба оғўши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ўро дафн карданд;
  5. Ва дар дўзах ў, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғўшаш буд, дид.
  6. Ва фарьёд зада, гуфт:’’Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нўги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам’’.
  7. Лекин Иброҳим гуфт:“Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ;
  8. Ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд’’;
  9. Ва ў гуфт:’’Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи ман бифирист.
  10. Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу уқубат наоянд’’.
  11. Иброҳим ба ў гуфт:’’Онҳо Мусо ва анбиё доранд; ба суханонашон гўш кунанд’’.
  12. Аммо ў гуфт:’’Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард’’.
  13. Ба ў гуфт:’’Модоме ки ба Мусо ва анбиё гўш намедиҳанд, ҳатто агар яке аз мурдагон эҳьё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард’’„.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s