Луқо боби 15

Шикваи  фарисиён  ва  китобдонон.

  1. Ҳамаи боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ў меомаданд, то ки суханони Ўро гўш кунанд.
  2. Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд:“Ў гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳо хўрок мехўрад“.

Масал  дар  бораи  гўсфанди  гумшуда.

  1. Ва Ў ба онҳо ин масалро гуфт:
  2. „Кист аз шумо, ки сад гўсфанд дошта бошад ва яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нўҳро дар биёбон гузошта, аз ақиби он гумшуда намеравад, то даме ки онро биёбад?
  3. Ва чун ёфт, бо шодӣ онро бар китфи худ мегузорад;
  4. Ва ба хонаи худ омада, дўстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегўяд:’’Бо ман шодӣ кунед, ки гўсфанди гумшудаи худро ёфтам’’„.
  5. „Ба шумо мегўям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар хоҳад буд, назар ба навадунўҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд“.

Масал  дар  бораи  дирҳами  гумшуда.

  1. Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе даргиронад ва хонаро рўфта, бодиққат ҷустуҷў накунад, то даме ки онро биёбад?
  2. Ва чун ёфт, дўстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегўяд:’’Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам’’„.
  3. „Ба шумо мегўям, ки дар миёни фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад“.

Масал  дар  бораи  писари  ноқобил.

  1. Боз гуфт:“Шахсе ду писар дошт;
  2. Ва хурдии онҳо ба падар гуфт:’’Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман бидеҳ’’. Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард.
  3. Баъд аз чанд рўз писари хурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии худро дар айшу нўш исроф намуд.
  4. Вақте ки ҳамаашро сарф кард, қаҳтии сахте дар он кишвар рўй дод, ва ў ба мўҳтоҷӣ дучор шуд;
  5. Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ўро ба саҳрои худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад;
  6. Ва ў орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехўранд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ў намедод.
  7. Оқибат ў ба худ омада, гуфт:’’Чӣ қадаре аз муздурони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ва ҳалокат мерасам!
  8. Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегўям: эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам,
  9. Ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам; маро чун яке аз муздуронат қабул кун’’.
  10. Ва ў бархоста, сўи падараш равона шуд. Ва ҳанўз ў хеле дур буд, ки падараш ўро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ўро ба оғўш кашиду бўсид.
  11. Ва писар ба вай гуфт:’’Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам’’.
  12. Аммо падар ба ғуломони худ гуфт:’’Либоси беҳтарине оварда, ба ў бипўшонед, ва ангуштарин ба дасташ, ва мўза ба пойҳояш бидиҳед;
  13. Ва гўсолаи охуриро оварда, сар бибуред: бихўрем ва димоғчоқӣ кунем,
  14. Зеро ки ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд’’. Ва ба димоғчоқӣ шурўъ карданд.
  15. Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садоҳои суруду сурур ба гўшаш расид;
  16. Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад?
  17. Вай ба ў пуфт:’’Бародарат омад, ва падарат гўсолаи охуриро сар бурид, чунки ўро сиҳат саломат дид’’.
  18. Ў ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада ўро ҷеғ зад.
  19. Аммо ў дар ҷавоби падараш гуфт:’’Инак, чандин сол аст, ки ман ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фрмони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғолае ҳам надодаӣ, то ки бо дўстони худ димоғчоқӣ кунам;
  20. Ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гўсолаи охуриро сар буридаӣ’’.
  21. Ба ў гуфт:’’Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастӣ, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст;
  22. Аммо ба он мебоист шодӣ ва димоғчоқӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд’’„.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s