Луқо боби 14

Исо  дар  рўзи  шанбе  шифо  медиҳад.

  1. Як рўзи шанбе Ў дар хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хўрок хўрдан омад, ва онҳо Ўро мушоҳида мекарданд:
  2. Ва инак, марде пеши Ў омад, ки гирифтори бемории истисқо буд.
  3. Исо ба шариатдонон ва фарисиён рў оварда, гуфт:“Оё дар рўзи шанбе шифо додан ҷоиз аст ё не?“
  4. Онҳо хомўш монданд. Ва Ў он мардро ламс намуда, шифо бахшид ва фиристод.
  5. Ва ба онҳо гуфт:“Кист аз шумо, ки хараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рўзи шанбе берун наоварад?“
  6. Ба ин гап эроде гирифта натавонистанд.

Масал  дар  бораи  онҳое  ки  дўст  медоранд  дар  базм  пешгоҳнишин  бошанд.

  1. Чун Ў пайхас намуд, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт:
  2. „Вақте ки касе туро ба тўи арўсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин: мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту мўҳтарамтаре бошад,
  3. Ва он касе ки туро ва ўро даъват намудааст, назди ту биёяду гўяд:’’Ҷои худро ба ў бидеҳ’’; ва он гоҳ бо хиҷолат дар поини хона ҷой гирифтанат лозим мешавад.
  4. Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона бинишин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту биёяду гўяд:’’Эй дўст! Болотар бинишин’’; он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме хоҳад буд,
  5. Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад, ва ҳар кӣ худро фурўтан созад, сарафроз гардад“.

Порсоии  фарисиё  не,  балки  раҳмдилӣ  муҳим  аст.

  1. Ва ба он касе ки Ўро даъват намуда буд, гуфт:“Вақте ки хўроки пешинӣ ё хўроки бегоҳӣ ташкил мекунӣ, дўстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватдори худро даъват накун: мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва мукофоти ту дода шавад.
  2. Балки, чун зиёфат медиҳӣ, мискинон, маъюбон, шалон ва кўронро даъват намо,
  3. Ва ту хушбахт хоҳӣ буд, ки онҳо имконият надоранд мукофоте ба ту бидиҳанд; зеро ки дар рўзи эҳьёи одилон мукофоте ба ту ато хоҳад шуд“.
  4. Яке аз онҳое ки бо Ў назди суфра нишаста буданд, ин суханонро шунида, ба Ў гуфт:“Хушо касе ки дар Малакути Худо хўрок хўрад!“

Масал  дар  бораи  онҳое  ки  ба  зиёфат  даъват  шудаанд.

  1. Ва Ў ба вай гуфт:“Шахсе зиёфати калоне ташкил карда, бисьёр касонро даъват намуд;
  2. Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гўяд:’’Биёед, зеро ки ҳама чиз тайёр аст’’.
  3. Ва ҳама, гўё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт:’’Ман замин харидаам, ва рафта онро диданам лозим аст; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ’’.
  4. Дигаре гуфт:’’Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ’’.
  5. Сеюмин гуфт:’’Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям’’.
  6. Ва он ғулом омада, инро ба оғои худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт:“Зуд ба кўчаю паскўчаҳои шаҳр баро, ва мискинон, маъюбон, шалон ва кўронро ба ин ҷо биёр“;
  7. Ва ғулом гуфт:’’Эй оғо! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст’’.
  8. Ва оғо ба ғулом гфут:,,Ба сари роҳҳо ва кўчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан ризо кун, то ки хонаи ман пур шавад;
  9. Зеро ба шумо мегўям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хўроки маро нахоҳанд чашид: зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон- кам’’„

Исоро  пайравӣ  карда  намешавад  бе  он  ки  кас  ба  таври  ҷиддӣ  тарки  ҳама  чиз  кунад  ва  худро  имтиҳон  намояд.

  1. Бо Ў мардуми бисьёре равона буданд; ва Ў ба онҳо рў оварда, гуфт:
  2. „Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад;
  3. Ва ҳар ки салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад;„

Масал  дар  бораи  касе  ки  бурҷе  месозад.

  1. „Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ў имконияти ба анҷом расонидани онро дорад,
  2. Ки мабодо, баъд аз ниҳодани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ў нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ўро тамасхур кунанд,
  3. Ва гўянд:’’Ин шахс ба сохтан шурўъ намуд ва ба тамом кардан қувваташ нарасид?’’„

Масал  дар  бораи  подшоҳе  ки  ба  ҷанг  медарояд.

  1. „Ё кадом подшоҳ аст, ки ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг даромаданӣ шуда, аввал нишаста маслиҳат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор аскар қодир аст ба касе муқовимат намояд, ки бо бист ҳазор аскар бар зидди ў меояд?
  2. Вагар на, ҳанўз ки вай дур аст, назди вай элчӣ фиристода, сулҳ металабад“.
  3. „Ҳамчунин ҳар яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад“.

Дар  бораи  намаке  ки  қувваташро  гум  карда  бошад.

  1. „Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад?
  2. На барои замин кор меояд, на барои нурӣ; онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гўши шунаво дорад, бишнавад!“

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s