Луқо боби 13

Дар  бораи  тавба.

  1. Дар ҳамин вақт баъзеҳо омада, ба Ў дар бораи ҷалалиёне нақл карданд, ки хуни онҳоро Пилотус бо қурбониҳои онҳо омехтааст.
  2. Исо дар ҷавоб онҳо гуфт:“Оё гумон мекунед, ки ин ҷалалиён аз ҳамаи ҷалалиён зиёдтар гуноҳкор буданд, ки чунин азоб кашиданд?
  3. Не, мегўям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд.
  4. Ва оё гумон мекунед, ки он ҳаждаҳ одам, ки бурҷи Шилўаҳ ба болояшон афтода, онҳоро нобуд карда буд, аз ҳамаи сокинони Ерусалим зиёдтар айбдор буданд?
  5. Не, мегўям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд“.

Масал  дар  бораи  дарахти  анҷири  бемева.

  1. Ва чунин масале гуфт :“Шахсе дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд, ва омад, то ки мевае аз он пайдо кунад, вале чизе наёфт.
  2. Ва ба токдор гуфт:’’Инак, се сол боз ман меоям, то ки аз ин дарахти анҷир мевае пайдо кунам, вале чизе намеёбам; онро бибур: барои чӣ заминро беҳуда банд кунад?’’
  3. Аммо вай дар ҷавоб гуфт:’’Эй оғо! Имсол ҳам онро бимон, то ки гирдашро канда, нурӣ андозам:
  4. Шояд, бор оварад; ва агар наоварад, соли оянда онро мебурӣ’’„.

Исо  дар  рўзи  шанбе  шифо  медиҳад.

  1. Дар яке аз куништҳо Ў рўзи шанбе таълим медод;
  2. Ва инак, зане ҳаждаҳ сол боз гирифтори рўҳи заъф буд: вай қадхамида буд, ва қоматашро рост карда наметавонист.
  3. Исо чун вайро дид, вайро садо карда, гуфт:“Эй зан! Аз ранҷурии худ халос мешавӣ“.
  4. Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд.
  5. Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рўзи шанбе шифо дод, дарғазаб шуда, ба мардум гуфт:“Шаш рўз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рўзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рўзи шанбе“
  6. Худованд дар ҷавоби вай гуфт:“Эй риёкор! Оё ҳар яке аз шумо гов ё хари худро дар рўзи шанбе аз охур воз карда, барои об додан намебаред?
  7. Ва ин духтари Иброҳимро, ки шайтон ҳаждаҳ сол боз баста буд, оё дар рўзи шанбе аз он бандҳояш халос кардан лозим набуд?“
  8. Вақте ки Ў ин суханонро гуфт, ҳамаи мухолифонаш дар хиҷолат монданд; ва тамоми мардум аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ў шод буданд.

Масал  дар  бораи  донаи  хардал.

  1. Ва Ў гуфт:“Малакути Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам?
  2. Он мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи худ партофт: ва он нумў карда, дарахти калоне шуд, ва мурғони ҳаво дар шохаҳояш ошьёна сохтанд“.

Масал  дар  бораи  хамиртуруш.

  1. Боз гуфт:“Малакути Худоро ба чӣ монанд кунам?
  2. Он монанди хамиртурушест, ки зан онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид“.

Ҷавоби  Исо  ба  савол  дар  бораи  он  ки  оё  шумораи  наҷотьёбандагон  кам  аст.

  1. Ва Ў дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, таълим медод, дар ҳолате ки роҳи Ерусалимро пеш гирифта буд.
  2. Касе ба Ў савол дода, гуфт:“Худовандо! Наход ки шумораи наҷотьёбандагон кам аст?“ба онҳо гуфт:
  3. „Саъю кўшиш кунед, ки аз дари танг дохил шавед, зеро ба шумо мегўям, ки бисьёр касон ба дохил шудан ҷиду ҷаҳд хоҳанд кард, лекин нахоҳанд тавонист.
  4. Вақте ки соҳби хона бархоста дарро бибандад, шумо дар берун истода, дарро мекўбеду мегўед:“Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун“. Вале Ў дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт:’’Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед’.
  5. Он гоҳ хоҳед гуфт:’’Мо пеши Ту хўрдем ва нўшидем, ва дар кўчаҳои мо Ту таълим медодӣ’’.
  6. Лекин Ў хоҳад гуфт:’’Ба шумо мегўям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон’’.
  7. Дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд, чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ва тамоми анбиёро дар Малакути Худо бубинед, вале худатон бадар ронда шуда бошед.
  8. Ва аз шарқ ва ғарб ва шимол ва ҷанубомада, дар Малакути Худо хоҳанд нишаст.
  9. Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин хоҳанд шуд“.

Нияти  Ҳиродус  ки  Исоро  бикушад.

  1. Дар ҳамон рўз баъзе аз фарисиён омада, ба Ў гуфтанд:“Баро ва аз ин ҷо бирав, зеро ки Ҳиродус мехоҳад Туро ба қатл расонад“.
  2. Ба онҳо гуфт:“Биравед ва ба он рўбоҳ бигўед:’’Инак, имрўз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рўзи сеюм саранҷом хоҳам ёфт;
  3. Лекин Маро лозим аст, ки имрўз, фардо ва пасфардо роҳ равам, зеро мумкин нест, ки набӣ берун аз Ерусалим бимирад’’„

Шикояти  Исо  дар  бораи  Ерусалим.

  1. „Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чўҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
  2. Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Ба шумо мегўям, ки Маро дигар нахоҳед дид, то даме ки бигўед:’’Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!’’„

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s