Луқо боби 12

Огоҳонидан  аз  риёкории  фарисиён. Тарғиби  эътирофи  ҷасурона.

  1. Дар ин миён, вақте ки ҳазорон одамон ҷамъ омаданд, ба тавре ки якдигарро фишор медоданд, Ў ба сухан оғоз намуда, аввал ба шогирдони Худ гуфт:“Аз хамиртуруши фарисиён, ки риёкорист, ҳазар кунед“.
  2. Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.
  3. Бинобар ин, он чи шумо дар торикӣ гуфтаед, дар рўшноӣ шунида хоҳад шудм, ва он чи шумо дар хона ба гўш гуфтаед, дар болои бомҳо эълон карда хоҳад шуд.
  4. Ва Ман ба шумо эй дўстонам, мегўям: аз кушандагони ҷисм, ки қодир нестанд баъд аз он ягон кори дигаре бикунанд, натарсед.
  5. Лекин ба шумо нишон медиҳам, ки аз кӣ тарсидан лозим аст: аз Ў ҳаросон бошед, ки баъд аз куштан қодир аст ба дўзах андозад; оре, ба шумо мегўям, ки аз Ў тарсед.
  6. Оё панҷ гунҷишк ба ду фулус фурўхта намешавад? Ва ягонтои онҳо аз назари Худо намеафтад.
  7. Ва ҳатто ҳамаи мўйҳои сари шумо шумурда шудааст. Пас, натарсед: шумо аз бисёр гунҷишкон бартарӣ доред.
  8. Ва Ман ба шумо мегўям: ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Писари Одам низ вайро дар назди фариштагони Худо эътироф хоҳад кард.
  9. Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардун инкор кунад, вай дар назди фариштагон инкор карда хоҳад шуд.
  10. Ва ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гўяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ ба зидди Рўҳулқудс куфр гўяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд.
  11. Ҳар гоҳ шуморо ба куништҳо ва назди сардорон ва ҳокимон баранд, андеша накунед, ки чӣ гуна ё чӣ ҷавобе бояд бидиҳед ва ё чӣ сухане бояд бигўед;
  12. Зеро ки дар он соат Рўҳулқудс шуморо таълим хоҳад дод, ки чӣ бояд гуфт“.

Огоҳонидан  аз  тамаъкорӣ.

  1. Шахсе аз миёни мардум ба Ў гуфт:“Эй Устод! Ба бародарам бигўй, ки меросро бо ман тақсим кунад“.
  2. Ба вай гуфт:“Эй одамизод, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё ҳаким Кардааст?“
  3. Ва ба онҳо гуфт:“Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест“.

Масал  дар  бораи  сарватдори  беақл.

  1. Ва масале ба онҳо гуфт:“Киштзори як марди сарватдор ҳосили фаровоне овард;
  2. Ва дар дили худ андеша карда гуфт:“Чӣ кунам, модоме ки барои анбор кардани ҳосилоти худ ҷое надорам?“
  3. Ва гуфт:“Чунин мекунам: анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро бино мекунам, ва дар он ҷо тамоми ғалладона ва тамоми дороии худро ҷамъ меоварам.
  4. Ва ба ҷони худ мегўям: Эй ҷони ман! Дороии бисьёре барои чандин сол дорӣ: фароғат кун, бихўр, бинўш ва димоғчоқӣ кун“.
  5. Вале Худо ба вай гуфт:“Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас, он чи захира кардӣ, насиби кӣ мешавад?“
  6. „Чунин аст ҳоли касе ки барои худ ганҷҳо ғун мекунад, вале пеши Худо сарвате надорад“.

Ғамхории   сохта   ва   дуруст.

  1. Ва Ў ба шогирдонаш гуфт:“Бинобар ин ба шумо мегўям: барои ҳаёти худ ғамхори накунед, ки чӣ бихўред, низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипўшед:
  2. Ҳаёт аз хўрок ва ҷисм аз пўшок муҳимтар аст.
  3. Ба зоғон нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд; На ганҷинае доранд, на анборе, ва Худо ба онҳо рўзӣ мерасонад; пас шумо аз парандагон чӣ қадар бештар арзанда ҳастед!“
  4. Ва кист ки аз шумо, ки бо ғамхории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад?
  5. Пас, агар шумо аз ўҳдаи чунин кори хурдтарин баромада натавонед, чаро ба дигараш ғамхори мекунед?
  6. Ба савсанҳо назар кунед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд; лекин ба шумо мегўям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напўшидааст
  7. Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрўз ҳасту фардо ба танўр андохта мешавад, чунин бипўшонад, шуморо эй сустимонҳо, чӣ қадар аз он беҳтар пўшонда метавонад.
  8. Ва шумо дар ҷустуҷўи он набошед, ки чӣ бихўред ё чи бипўшед, аз ғам осуда бошед.
  9. Чунки қавми ҷаҳон дар ҷустуҷўи ҳамаи ин чизҳо мебошанд; лекин Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред;
  10. Балки Малакути Худоро биталабед, ва ҳамаи ин ба шумо илова хоҳад шуд.
  11. Натарс, эй рамаи худр! Зеро ки Падари шумо таваҷҷўҳ намудааст, ки Малакутро ба шумо ато кунад.
  12. Дороии худро бифрўшед ва садақа диҳед. Барои худ ҳамьёнҳои кўҳнанашаванда, ганҷи бепоён дар осмон муҳайё созед, ки дузд ба он наздик намешавад, ва куя онро намезанад;
  13. Зеро ҳар ҷо, ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.

Дар   бораи   интизорӣ   ба   омадани   Масеҳ.

  1. Камарҳотон баста ва чароғҳотон фурўзон бошад;
  2. Ва худатон монанди касоне бошед, ки ба оғои худ интизорӣ доранд, то ки ҳангоми аз тўи арўси омада дарро кўфтанаш дарҳол барояш воз кунанд.
  3. Хушо ҳамон ғуломе ки оғояшон, дар вақти омаданаш, онҳоро бедор меёбад; ба ростӣ ба шумо мегўям, ки вай камари худро баста, онҳоро назди суфра хоҳад шинонд ва пеш омада, ба онҳо хизмат хоҳад кард.
  4. .Ва агар дар поси дуюм ва сеюми шаб омада, онҳоро чунин ёбад, хушо он ғулом!
  5. Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист ки дар кадом соат дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад:
  6. Пас, шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред,Писари Одам меояд.
  7. Петрус гуфт:“Худовандо! Оё ин масалро барои мо гуфтӣ, ё барои ҳама?“

Масал  дар  бораи  гумошта.

  1. Худованд гуфт:“Кист он гумоштаи мўътамад ва доно, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хўрок диҳад?
  2. Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад;
  3. Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард.
  4. Лекин агар он ғулом дар дили худ гўяд, ки ‘‘оғои ман ба зудӣ намеояд’’, ва ба задани ғуломону канизон ва ба хўрдану нўшидану маст шудан шурўъ кунад,
  5. Оғои он ғулом, дар рўзе ки ў мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳадд омад, ва ўро ду пора карда, қисматашро бо хоинон баробар хоҳад кард.
  6. Ва он ғулом, ки иродаи оғои худро медонист, вале тайёр нашуд ва мувофиқи иродаи вай амал накард, шаттаи бисьёр хоҳад хўрд;
  7. Аммо он ки намедонист ва корҳои сазовори ҷазо кард, камтар шатта хоҳад хўрд. Ба ҳар касе ки бисьёр ато шуда бошад, аз вай бисьёр талаб карда мешавад; ва ба ҳар касе ки амонати бисьёр супурда шуда бошад, аз вай бисьёр талаб мекунанд.

Исо  ҷудоии  одамонро  пешгўӣ  мекунад.

  1. Ман омадаам, то ки оташе бар замин фурўд оварам, ва хеле иштиёқмандам, ки он ҳоло фурўзон шавад!
  2. Маро таъмиде дар пеш аст, таъмиде ки бояд биёбам; ва чӣ қадар дар изтироб ҳастам, то даме ки ин ба амал ояд!
  3. Оё шумо гумон мекунед, ки Ман омадаам, то осоиштагӣ ба замин биёрам? Не, мегўям ба шумо, балки барои он ки ҷудоӣ биёрам;
  4. Зеро ки минбаъд панҷ нафар дар як хона аз ҳам ҷудо хоҳанд буд: се аз ду, ва ду аз се;
  5. Падар аз писар ва писар аз падар, модар аз духтар ва духтар аз модар, модаршў аз келин ва келин аз модаршў ҷудо хоҳад буд“.

Аломати  замон  наҷоти  ҷонро  ба  хотир  меоварад.

  1. Ба мардум низ гуфт:“Вақте ки абри аз ғарб пайдошударо мебинед, дарҳол мегўед:’’Борон хоҳад борид’’; ва чунин мешавад;
  2. Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегўед:’’Гармо хоҳад омад’’; ва меояд.
  3. Эй риёкорон! Қиёфаи замину осмонро шинохта метавонед, пас чӣ гуна ин замонро шинохта наметавонед?
  4. Пас, чаро шумо аз пеши худ ҳукм намекунед, ки адолат чист?
  5. Вақте ки ту бо даъвогари худ назди сардор меравӣ, дар аснои роҳ саъю кўшиш намо, ки аз вай халос шавӣ, то ки вай туро назди қозӣ набарад, ва қозӣ туро ба мулозим насупорад, мулозим туро ва ба зиндон наандозад;
  6. Ба ту мегўям, ки то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳӣ рафт“.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s