Луқо боби 11

Исо  ба  шогирдон  дуо  гуфтанро  таълим  медиҳад.

  1. Рўзе Ў дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ў гуфт:“Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳьё низ ба шогирдонаш ёд додааст“.
  2. Ба онҳо гуфт: „Вақте ки дуо мегўед, чунин бигўед:’’Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;
  3. Ризқу рўзии моро ҳар рўз ба мо бидеҳ;
  4. Ва гуноҳҳои моро биомурз, зеро ки мо низ ба ҳар қарздори мо мебахшем; ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ’’.

Масал  дар  бораи  дўсти  шилқин.

  1. Ва ба онҳо гуфт:“Фаразан, яке аз шумо, ки дўст дошта бошад, нисфи шаб пеши ў омада, гўяд:’’Эй дўст! Ба ман се то нон қарз деҳ,
  2. Зеро ки як дўстам аз роҳ назди ман даромадааст, ва ман чизе надорам, ки пешаш бимонам’’;
  3. Ва ў аз дарун дар ҷавоби вай гўяд:’’Маро ташвиш надеҳ; дари хонаам баста, ва бачаҳоям бо ман дар ҷогаҳ хобидаанд; наметавонам бархоста, ба ту чизе диҳам’’,
  4. Ба шумо мегўям, ки ҳар чанд аз рўи дўсти бархоста ба вай надиҳад ҳам, лекин ба сабаби шилқинии вай бархоста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вай хоҳад дод“.
  5. „Ва Ман ба шумо мегўям: биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷўед, хоҳед ёфт; дарро бикўбед, он ба рўятон кушода хоҳад шуд;
  6. Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷўяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикўбад, он ба рўяш кушода мешавад“.

Масал  дар  бораи  падари  некдил.

  1. Ва кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аз ў нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? Ё моҳӣ биталабад, ва ў ва ҷои моҳӣ, море ба вай бидиҳад?
  2. Ё, агар тухме биталабад, каждуме ба вай бидиҳад?
  3. Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз Ў металабанд, Рўҳулқудсро хоҳад дод“.

Исоро  айбдор  намуда,  мегўянд, ки Ў девҳоро  ба  воситаи  Баал- Забул  берун  мекунад.

  1. Боре Ў як девро, ки гунг буд, берун кард; ва ҳангоме ки дев берун шуд, гунг ба гап даромад, ва мардум дар ҳайрат монданд.
  2. Лекин баъзе аз онҳо гуфтанд:“Ў девҳоро ба воситаи Баал- Забул, калони девҳо, берун мекунад“.
  3. Ва дигарон, озмуданӣ шуда, аз Ў аломати осмонӣ талаб мекарданд.
  4. Вале Ў фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт:“Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рў ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонае ки аз ҳам ҷудо шавад, фурў меғалтад.
  5. Ва агар шайтон низ аз ҳам ҷудо шавад, салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Зеро шумо мегўед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал- Забул берун мекунам.
  6. Агар Ман девҳоро ба воситаи Баал- Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.
  7. Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.
  8. Вақте ки Марди пурзўр хонаи худро бо яроқ нигоҳбинӣ мекунад, дороии вай дар амон аст,
  9. Вале вақте ки шахси аз вай пурзўртар ба вай ҳуҷум карда, ғолиб мебарояд, он гоҳ тамоми яроқи вайро ки ба он умед баста буд, кашида мегирад ва дороии вайро ба тороҷ медиҳад“.
  10. „Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад“.

Баргаштани  рўҳи  палид.

  1. Вақте ки рўҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷўи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва, чун наёфт, мегўяд:“Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам“.
  2. „Ва гашта омада, онро ҷорўбзада ва ороста меёбад;
  3. Он гоҳ рафта, ҳафт рўҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад“.

Зан  модари  Исоро  ҷалол  медиҳад  Ҷавоби  Исо.

  1. Ҳангоме ки Ў ин суханонро мегуфт, як зан аз байни мардум овозашро баланд карда, ба Ў гуфт:“Хушо шикаме ки Туро ҳамл кардааст, ва пистонҳое ки Туро шир додааст!“
  2. Лекин Ў гуфт:“Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд“.

Мардум  аломати  осмонӣ  металабанд.

  1. Вақте ки мардум бештар ҷамъ омадан гирифтанд, Ў ба сухан оғоз карда, гуфт:“Ин насл насли шарир аст; вай аломате металабад, ва ба вай ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;
  2. Зеро, чунон ки Юнус аломате барои мардуми Ниневе буд, ҳамчунин Писари Одам низ барои ин насл хоҳад буд“.
  3. Маликаи Ҷануб дар рўзи доварӣ бо мардуми ин насл бархоста, онҳоро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омада буд; ва инак, дар ин ҷо аз Сулаймон бузургтар аст“.
  4. „Мардуми Ниневе дар рўзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки онҳо аз мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо аз Юнус бузург аст“.

Масал  дар  бораи  шамъе  ки  даргиронда  шудааст.

  1. „Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, дар ҷои ниҳоне ё дар зери зарфе намегузорад, балки бар шамъдон мегузорад, то онҳое ки ба хона мадароянд, рўшноиро бубинанд.
  2. Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат солим бошад, тамоми баданат низ равшан хоҳад буд; аммо агар хира бошад, баданат низ торик хоҳад буд“.
  3. Пас, ҳазар намо: мабодо нуре ки дар туст, зулмот бошад.
  4. Вале агар баданат комилан равшан буда, ҳеҷ як қисми торики надошта бошад, он тамоман нуронӣ хоҳад буд, ба монанди он ки чароғе бо дурахши худ туро мунаввар карда бошад.

Исо  фарисиёнро  маҳкум  мекунад.

  1. Вақте ки Ў ин суханонро гуфт, як фарисӣ Ўро ба хонаи худ барои хўрок таклиф кард; Ў омада, назди суфра нишаст.
  2. Фарисӣ чун дид, ки Ў пеш аз хўрок даст нашуст, мутааҷҷиб шуд.
  3. Лекин Худованд ба вай гуфт:“Ҳоло шумо, эй фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва шарорат пур аст.
  4. Эй беақлон! Оё Ҳамон ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст?
  5. Беҳтар аст, ки аз он чи доред, садақа диҳед, он гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза хоҳад буд.
  6. Аммо вой баар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз наъно, садоб ва ҳар навъ сабзавот ушр медиҳед, вале ба адолат ва муҳаббати Худо беэътиноӣ макунед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
  7. Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки дўст медоред дар куништҳо болонишин бошед ва дар кўчаю бозорҳо салому тарикҳо бишнавед.
  8. Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фирисиёни риёкор, ки шумо ба қабрҳои аз назар пинҳон монанд ҳастед, ки мардум дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд“.

Исо  шариатдонро  маҳкум  мекунад.

  1. Дар ҷавоб яке аз шариатдонон ба Ў гуфт:“Эй Устод! Бо ин суханонат моро низ таҳқир мекунӣ“.
  2. Аммо Ў гуфт:“Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки борҳои душворро бар дўши мардум мегузоред, лекин худатон як ангуштро ҳам ба он борҳо намерасонед.
  3. Вой бар ҳоли шумо, ки мақбараҳои анбиёро бино мекунед, ва ҳол он ки падарони шумо онҳоро куштаанд;
  4. Бо ҳамин шумо шоҳид ва шарики аъмоли падарони худ мегардед, зеро ки онҳо анбиёро куштанд, ва шумо мақбараҳошонро бино мекунед“.
  5. Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст:“Ба наздашон анбиё ва ҳаввориёнро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро хоҳанд кушт, ва баъзеро таъқиб хоҳанд кард;
  6. То ки хуни тамоми анбиё, ки аз аввали офариниши ҷаҳон рехта шудааст, ба гардани ин насл гузошта шавад:
  7. Аз хуни Ҳобил то хуни Закарьё, ки дар миёни қурбонгоҳ ва маъбад кушта шудааст“. Оре, ба шумо мегўям, ки он ба гардани ин насл гузошта хоҳад шуд.
  8. „Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон, ки шумо калиди донишро гирифтаед, худатон надаромадед, ва ба онҳое ки даромадан хостанд, монеъ шудед“
  9. Вақте ки Ў ин суханонро ба онҳо мегуфт, китобдонон ва фирисиён бошиддат Ўро фишор дода, боз бисьёр чизҳо аз Ў пурсидан гирифтанд.
  10. Ва мунтазир буданд, то ки аз забонаш чизе бишнаванду Ўро айбдор кунанд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s