Луқо боби 10

Исо  ҳафтод  шогирдонро  мефиристад,  то  ки  башорат  диҳанд. Нубувват  дар  бараи  кори  миссионерӣ.

  1. Баъд аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро баргузид, ва онҳоро ҷуфт — ҷуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод,
  2. Ва ба онҳо гуфт:“Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад“.
  3. „Биравед! Инак, шуморо монанди баррагон миёни гургон мефиристам.
  4. Ҳеҷ ҳамьёне, тўрбае ва чоруқе бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагўед.
  5. Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гўед:“Салом бар ин хона бод!“
  6. Агар дар он ҷо писари осоиштагӣ бошад, саломи шумо бар вай қарор мегирад; вагарна, сўи шумо бармегардад;
  7. Дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи доранд, бихўред ва бинўшед; зеро ки меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред.
  8. Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, бихўрд;
  9. Ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо бигўед:“Малакути Худо ба шумо наздик аст“.
  10. Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кўчаҳои он баромада, гўед:
  11. „Ҳатто ғубореро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин бидонед, ки Малакути Худо ба шумо наздик аст“.
  12. Ба шумо мегўям, ки ҳолати Садўм дар он рўз аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд“.

Исо  дар  шаҳрҳо  доварӣ  Эълон  мекунад.

  1. „Вой бар ҳоли ту, эй Кўрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт — Сайдо! Зеро, агар мўъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сўр ва Сидўн зоҳир мешуд, кайҳо палоспўш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
  2. Лекин дар рўзи доварӣ ҳолати Сўр ва Сидўн аз ҳолати шумо сабуктар хоҳад шуд.
  3. Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дўзах сарнагун хоҳӣ шуд“.
  4. „Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кӣ шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристодаи Маро рад мекунад“.

Баргаштани  ҳафтод  нафар.

  1. Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд:“Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд“.
  2. Ба онҳо гуфт:“Ман шайтонро мисли барқ аз осмон афтонда дидам;
  3. Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд;
  4. Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст“.

Ҷалол  додани  Падар.

  1. Дар ҳамон соат Исо аз Рўҳулқудс ба ваҷд омада, гуфт:“Туро эй Падар, эй Худованди осмон ва замин ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кўдакон ошкор кардӣ; оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷуҳи Ти чунин буд“.
  2. Ва ба шогирдон рўй оварда гуфт:“Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас ҷуз Падар намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад“
  3. Ва алоҳида ба шогирдони Худ рўй овардда, гуфт:“Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо дида истодаед, мебинад!“.
  4. „Зеро ки ба шумо мегўям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бинаванд, ва нашуниданд“.

Шариатдон  Исоро  Озмоиш  мекунад.

  1. Ва инак, як шариатдон бархост ва Ўро озмуданӣ шуда, гуфт:“Эй Устод! Чӣ кунам, ки вариси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?“
  2. Ба вай гуфт:“Дар Таврот чӣ навишта шудааст? Ва ту чӣ тавр мехонӣ?“
  3. Дар ҷавоб гуфт:“Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми қуввати ту ва бо тамоми ҳуши ту дўст бидор, ва ёри худро мисли худ дўст бидор“.
  4. Ба вай гуфт:“Дуруст ҷавоб додӣ; чунин бикун ва хоҳӣ зист“.
  5. Вале вай, ки мехост худро сафед кунад, ба Исо гуфт:“Пас ёри ман кист?“

Масал  дар  бораи  сомарии  некдил.

  1. Исо дар ҷавоб гуфт:“Як мард, ки аз Ерусалим ба Ериҳў мерафт, ба дасти дуздон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ўро маҷрўҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.
  2. Тасодуфан коҳине аз он роҳ равона буд, ва ўро дида, аз пешаш гузашта рафт.
  3. Ҳамчунин марде аз сибти Левӣ, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ўро дид ва аз пешаш гузашта рафт.
  4. Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ў дучор шуда ва аҳволи ўро дида, дилаш сўхт,
  5. Ва наздик омада, ба захмҳои ў равған ва шароб рехту ҷароҳатбандӣ кард, ва ўро ба маркаби худ савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ў ғамхорӣ намуд;
  6. Ва фардои он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт:“Ба ин мард нигоҳубин бикун; ва агар аз ин зиёд харҷ кунӣ, ҳангоми баргаштанам ба ту хоҳам дод“.
  7. Пас, ба фикри ту“ Кадоме аз ин се нафар ёри он марде буд, ки ба дасти дуздон афтод?“.
  8. Гуфр:“Ҳамон ки ба ў марҳамат кард“. Исо ба вай гуфт:“Бирав, ва ту низ чунин букун“.

Хизматгузории  Марто  ва  Марьям.

  1. Ва дар аснои роҳ Ў вориди қасабае шуд, ва зане ки Марто ном дошт, Ўро дар хонаи худ пазироӣ намуд;
  2. Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ўро гўш мекард.
  3. Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт:“Худовандо! Оё Туро парвое нест, ки хоҳарам маро во гузошааст, ки танҳо хизмат кунам? Ба вай бигўй, ки ба ман ёрдам диҳад“.
  4. Худованд дар ҷавоби вай гуфт:“Марто! Марто! Ту дар хусуси чизҳои бисьёр ғамхори ва давутоз мекунӣ.
  5. Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям қисмати некўро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s