Дуюм Петрус боби 3

  1. Ин номаи дуюм аст, ки ба шумо, эй маҳбубон, менависам; дар онҳо бо роҳи ёдоварӣ фикри поки шуморо таҳрик медиҳам,
  2. То шумо ба хотир оваред суханонеро, ки пештар анбиёи муқаддас гуфтаанд, ва ҳукми Худованд ва Наҷотдиҳандаро, ки ҳаввориён ба шумо супурдаанд.

Масхарабозони  беҳаё  омадани  дуюми  Масеҳро  мункир  мешаванд;  раддияи  беимонии  онҳо.

  1. Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рўзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда,
  2. Хоҳанд гуфт:“Куҷост ваъдаи омадани Ў? Зеро аз замоне ки падарон вафот кардаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст“.
  3. Онҳое ки чунин гумон мекунанд, намедонанд, ки дар ибтидо бо каломи Худо осмон ва замин аз об ва ба воситаи об таркиб ёфта буданд;
  4. Бинобар ин дуньёи онвақта дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.
  5. Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рўзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд.

Чаро  Худованд  дар  омадани  Худ  таъхир  менамояд.

  1. Аммо ҳамин як чиз аз шумо, эй маҳбубон, набояд пўшида бошад, ки дар назари Худованд як рўз мисли ҳазор сол аст, ва ҳазор сол мисли як рўз.
  2. Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунданд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рў оваранд.
  3. Валекин рўзи Худованд, чунон ки дузд дар шаб, хоҳад омад, ва он гоҳ осмон бо ғулғулае хоҳад даргузашт, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт, ва замин ва тамоми аъмоле ки дар он аст, хоҳад сўхт.

Ба  таври  бояду  шояд  омода  шудан  ба  омадани  Худованд.

  1. Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед,
  2. Дар ҳолате ки омадани рўзи Худоро орзу доред ва мешитобонед, ки дар он рўз осмон аланга гирифта несту нобуд хоҳад шуд, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт?
  3. Лекин мо, мувофиқи ваъдаи Ў, мунтазири осмон ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд.
  4. Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кўшиш намоед, ки назди Ў покиза ва беайб дар осоиштагӣ ҳозир шавед;
  5. Ва пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед, чунон ки бародари маҳбуби мо Павлус низ, аз рўи ҳикмате ки ба ў ато шудааст, ба шумо навиштааст,
  6. Ва ҳамчунин дар ҳамаи номаҳои худ ў дар ин бора сухан меронад, ки дар онҳо кадом як чизи душворфаҳме ҳаст, ки онро нодонон ва ноустуворон мисли Навиштаҳои дигар ғалат таъбир менамоянд, ва анҷоми ин кор барои онҳо ҳалокат меоварад.
  7. Пас шумо, эй маҳбубон, азбаски пешакӣ огоҳонида шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед,
  8. Балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумў ёбед, ки Ўро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s