Дуюм Петрус боби 2

Дар  бораи  муаллимони  козиби  фосиқ  ва  доварӣ  бар  онҳо.

  1. Аммо дар миёни қавм анбиёи козиб низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимони козиб хоҳанд буд, ки бидъатҳои ҳалокатоварро ҷорӣ хоҳанд кард ва Худовандеро, ки барои онҳо фидия дод, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат хоҳанд овард.
  2. Ва бисьёр касон фисқу фуҷури онҳоро пайравӣ хоҳанд кард, ва ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир хоҳад шуд.
  3. Ва аз рўи тамаъкорӣ бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст.
  4. Зеро, модоме ки Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки онҳоро дар ҷаҳанам андохта, ба мағораҳои зулмот супурд, то ки барои доварӣ дар қайду банд нигоҳ дошта шаванд;
  5. Ва ба дуньёи қадим амон надод, балки фақат ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нўҳро, ки воизи адолат буд, маҳфуз дошта, бар олами осиён тўфон овард;
  6. Ва шаҳрҳои Садўм ва Амўроро ба ҳалокат маҳкум намуд ва, ҳамчун тимсоле барои осиёни оянда, ба хокистар табдил дод,
  7. Ва Лути одолро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард,
  8. Зеро ки он одил дар миёни онҳо умр ба сар бурда ва корҳои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони одилонаи худро ҳаррўза меозурд,
  9. Пас Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рўзи доварӣ дар қайди банд нигоҳ дорад,
  10. Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои қабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохӣ ва худсарӣ мекунанд ва аз бадгўӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд,
  11. Дар сурате ки ҳатто фариштагон, ки дар қудрат ва қувват аз онҳо бартарӣ доранд, ба ҳузури Худованд дар ҳаққи онҳо ҳукми мазамматкунандае ба забон намеронанд.
  12. Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва талаф таваллуд ёфтаанд, ба он чи намефаҳманд, бўҳтон мезананд, ва онҳо дар фасоди худ талаф хоҳанд шуд,
  13. Ва подоши шарорати худро хоҳанд ёфт, зеро ки айшу нўши ҳаррўзаро барои худ роҳат медонанд; онҳо, ки беҳаё ва қабоҳаткор ҳастанд, аз ҳуққабозиҳои худ лаззат мебаранд, ҳангоме ки бо шумо айшу ишрат мекунанд.
  14. Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба дом медароваранд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омўхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд.

Анбиёи  козиб,  мисли  Билъом,  роҳи  ростиро  тарк  мекунад.

  1. Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд, аз паи Билъом ибни Баўр рафтаанд, ки вай музди ноҳақро дўст медошт.
  2. Аммо дар шарорати худ мазаммат карда шуд: модахари безабон бо овози одамӣ сухан роонда, девонагии набиро боздошт.
  3. Онҳо чашмаҳои беоб ва абрҳое ҳастанд, ки бо тундбод ронда мешаванд: барои онҳо зулмоти торикии абадӣ муҳайё шудааст.

Муаллимони  козиб  бо  қиёфаи  олимонаи  дабдабанок  озодиро  ваъда  медиҳанд  ва  касони  дар  имон  ноустурро  ба  дом  медароварданд.

  1. Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд;
  2. Ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар сурате ки худашон ғуломони фасод ҳастанд; зеро ҳар кӣ касеро мағлуб карда бошад, ҳамон кас ғуломи ўст.
  3. Зеро, агар ба василаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дуньё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошад, анҷоми онҳо бадтар аз аввалашон мешавад.
  4. Барои онҳо надонистани роҳди адолат беҳтар мебуд аз он ки, баъд аз донистани он, аз ҳукми муқаддасе ки ба онҳо супурда шудааст, рўй гардонданд.
  5. Ба онҳо ҳамон чизе рўй додааст, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад:’’Саг ба қаи худ баргашт, ва хук баъд аз шустушўй рафт, ки дар лой ғел занад’’.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s