Дуюм Петрус боби 1

Омода  шудан  ба  анҷоми  наҷот.

  1. Шимъўни Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул кардаанд:
  2. Файз ва осоиштагӣ дар шинохтани Худо ва Исои Худованди мо бар шумо фаровон бод.
  3. Азбаски қуввати илоҳии Ў ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва парҳезгорӣ зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи шинохтани Ў, ки моро бо ҷалол ва камоли Худ даъват намудааст,
  4. Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода шудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илоҳӣ гардида, аз фасоди шаҳват, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед,
  5. Бинобар ин шумо тамоми ҷадду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некўкориро ба худ изофа намоед, ба некўкорӣ хирадмандиро,
  6. Ба хирадмандӣ порсоиро, ба порсоӣ тоқатро, ба тоқат парҳезгориро,
  7. Ба парҳезгорӣ бародардўстиро ва ба бародардўстӣ муҳаббатро.
  8. Агар ин сифат дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, шумо дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар нахоҳед монд;
  9. Вале дар ҳар кӣ ин сифат ёфт нашавад, вай кўр аст, яъне чашмонашро пўшда, фаромўш кардааст, ки гуноҳҳои пештараи ў татҳир шудаанд.
  10. Аз ин рў, эй бародарон, беш аз пеш саъю кўшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хўрд,
  11. Зеро ки бо чунин роҳ даромадгоҳи Малакути абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода хоҳад буд.
  12. Барои ҳамин ман ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед.
  13. Аммо ман салоҳ медонам, то даме ки дар ин хайма ҳастам, шуморо ба ёдоварӣ таҳрик диҳам,
  14. Чун медонам, ки ба қарибӣ бояд хаймаи худро тарк кунам, чунон ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман эълон намудааст.
  15. Ва саъю кўшиш хоҳам кард, ки шумо пас аз риҳлатам низ ҳамеша инро ба ёд оваред.

Дигаргун  шудани  Исо  пешгўиест  дар  бораи  бори  дуюм  бо  ҷалол  омадани  Ў.

  1. Зеро, ҳангоме ки мо қувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз паи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ўро бо чашмони худ дидаем,
  2. Зеро ки Ў аз Худои Падар шавкат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли боазамат сўИ Ў чунин овоз расид:’’Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷўҳи Ман бар Ўст’’.
  3. Ва ин овозро, аз осмон омада расид, мо шунидем, ҳангоме ки бо Ў дар кўҳи муқаддас будем.
  4. Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рў меоваред, ҳамчун чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рўз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулўъ намояд;
  5. Ва пеш аз ҳама чиз инро бидонед, ки ҳеҷ як нубуввати Навиштаҳо тафсири шахсиро раво намедонад;
  6. Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рўҳулқудс, онро ба забон рондаанд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s